Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Рушди соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти якмароми вазъи иқтисодии мардумро таъмин менамояд.

                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 68,94 га гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолияти пурсамар дошта, дар он сабзавотҳои гуногун, аз қабили помидор 38,76 га, бодиринг 19,23 га ва дигар намуди сабзавотҳо 10,95 га кишт карда шудааст, ки нисбат соли гузашта 3,74 га зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 11.01.2019 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 520,3 тонна помидор, 203,0 тонна бодиринг ва 209,7 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо, ҷамъ 933 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шудааст.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Тибқи маълумоти оморӣ то санаи 1.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2338549 сар чорвои калон, аз он 1205321 сар модагов, 26640 сар қӯтос 5661622 сар гӯсфанду буз, 81168 сар асп, 6656875 сар паранда ва 222386 оила замбӯри асал мавҷуд мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело зиёд буда, аз 101 то 126,7%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ин давра 261926,7 тонна гӯшт бо вазни зинда, 983052,6 тонна шир, 7638,7 тонна пашм, 4182 тонна асал ва 450284,3 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 23254 сар, аз он ҷумла модагов 12779 сар, қутос 291 сар, гӯсфанду буз 94268 сар, асп 690 сар, паранда 1401208 сар, истеҳсоли гӯшт 13157,9 тонна, шир 33080,8 тонна, тухм 108884 дона пашм 117,2 тонна, асал 80,3 тонна ва моҳӣ 28,3 тонна зиёд гардидааст.

Рафти шудгори заминҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ

Имсол мувофиқи дурнамо дар ҷумҳурӣ дар майдони 607830 га шудгори заминҳои кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.

Аз мусоид омадани боду ҳавои имсола кишоварзони мамлакат самаранок истифода намуда, шудгори заминҳоро вусъат бахшида истодаанд. То санаи 11.01.2019 дар майдони 496285 га шудгор гузаронида шуд, ки 82%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57971 га зиёд мебошад.

Шудгори тирамоҳӣ, ки асоси камшавии касаливу ҳашаротҳои зараррасон, захираи намӣ дар майдонҳои кишт ва омилӣ серҳосилии заминҳо мансуб меёбад, дар ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад.

Имрӯзҳо шудгори заминҳо дар вилояти Суғд дар майдони 172013 га 83%, дар вилояти Хатлон 247941 га 81%, дар ВМКБ 4754 га 64% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71577 га 81% гузаронида шудааст, ки барои ба ҳадаф расидан дар рӯзҳои наздик як иқдоми нек аст.

Барои сари вақт ва бо сифати хуб ба анҷом расонидани шудгори заминҳо 20022 трактор сафарбар карда шуда, 2770 адади он мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

 

Читайте также: