АСАЛИ КУНҶИТ — БЕҲТАРИН ДАВО БАҲРИ ШИФО

 Дар тибби мардумӣ равғани кунҷидро барои муолиҷаи захму сӯхтаи пӯст, думбал, дарди гӯшу бинӣ истифода менамоянд. Барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, илтихоби захмини рӯда, бемории санги гурда, сурфаи музмин, хунрезиҳои дарунӣ ва касалиҳои дигар масраф мекунанд.

Малҳами кӯфтаи донаи рустанӣ пӯсти баданро нарм созад ва осори захму сӯхтаро аз байн барад. Малҳами барги кунҷид ҷиҳати нести варам ва пастшавии фишори дохили чашм муфид аст. Шустушӯи мӯи сар бо барги гиёҳ боиси дарозӣ ва сиёҳии мӯи сар гардад.

Дар тибби Тибет тухми кунҷидро барои табобати касалиҳои дастгоҳи асаб ва дар Чин ҳамчун давои нирубахш ва подзаҳр ҳангоми бемории гуногун ва чун доруи зиддиилтиҳоб ҳангоми кафидани пӯсти бадан ва дасту по истифода мебаранд.

Шираи баргу пояи растаниро барои муолиҷаи себореяи хушк, равғанашро бо сабур ва шираи ангур ҳангоми хориши пӯст ва тангнафасӣ тавсия кардаанд.

Дар тибби Чин асосан хока, равған ва ҷӯшидаи тухми кунҷидро (миқдори як масраф 15-20 г.), истифода мебаранд.

Равғани кунҷид рӯи пардаи луобиро пӯшонда, аз таъсири манфии қисмҳои ангезандаи таркибии таом эмин медорад.

Агар бо банги девона ё тухми кӯкнор  бирён карда хӯранд оби маниро зиёд мекунад. Равғани кунҷид миқдори тромбоситҳои таркиби хунро зиёд намуда, лахтбандии хунро меафзояд, аз ин рӯ онро барои рафъи хунрезиҳои пӯст истифода мебаранд.

Мувофиқи таълимоти Абӯалии Сино кунҷид барои муолиҷаи рагкашие, ки аз хушкӣ ба вуҷуд омадааст, нофеъ буда, равғанаш синаро нарм мекунад. Шираи баргу поя ва равғани он резиши мӯйи сарро боздошта, онро нарму дароз ва сабӯсакро гум мекунад.

Амирдавлат Амасиатсӣ овардааст, ки табиати кунҷид гарму тар аст ва ӯ хосияти нарм ва ҳалкунанда дорад. Агар барги онро дар об ҷӯшонда сарро шӯянд, сабзиши мӯйро тезонад. Кунҷид овозро тоза ва сурфаи музминро бартараф созад, шири модаронро зиёд кунад, ҳайз оварда баданро фарбеҳ созад.

Муҳаммад Ҳусайн навиштааст, ки дар мамлакатҳои гуногун донаҳои кунҷидро ба болои нон пошида аз он ҳалво тайёр мекунанд. Кунҷид бандҳоро мекушояд, хунро тоза мекунад, баданро фарбеҳ ва овозро нарму мулоим, мубодилаи модаҳоро дар буня хуб мекунад.

Рӯдаҳоро мулоим карда, омосҳои гармро шифо мебахшад.

Равғани кунҷид мубодилаи моддаҳоро беҳ намуда, хусусияти нарм ва фарбеҳкунӣ дорад. Аз диққи нафас, дамкӯтоҳӣ, сурфаи хушк нофеъ аст ва сӯзиши пешобро рафъ месозад.

Омехта бо сафедии тухм омоси чашм (гулмиҷа ё ассаломуалайкум), бо равғани зағир хориши пӯст, сӯхтагии аз оҳак ба амал омадаро шифо мебахшад.

                     ЗИРОАТИ КУНҶИД

               

                Намуна аз китоби Ҷаҳони Азонзод «Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ». (асосҳои фармако-нутрисиология) Душанбе 2010.   

 

                  Кунҷид – гиёҳи яксолаи баландиаш то 1,5 м аст. Ватани ин рустанӣ Африқо ва Осиё мебошад ва яке аз зироатҳои қадимаи Африқою Осиё ба ҳисоб меравад. Ба Осиёи Марказӣ аз Панҷоб оварда шудааст. Дар Россия парвариши кунҷидро дар охирҳои асри XVII сар кардаанд. Дар айни замон кунҷидро асосан дар Ҳиндустон, Покистон,Чин, Бирма, Мексика ва Африқою Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон парвариш мекунанд.

Ҳамчун дору тухм, баргу поя ва равғани кунҷид истифода мешавад. Баргу пояи онро дар вақти гул чида дар соя хушк мекунанд. Тухми кунҷидро дар аввали тирамоҳ ҷамъоварӣ менамоянд.

Дар таркиби тухми кунҷид 48-63% равған, 16,3-19% сафеда ва 15,7-17,5% карбогидридҳо мувҷуданд. Инчунин, дар таркиби тухми кунҷид витаминҳои С.А.Е ва микроунсур ва макроунсурҳои гуногун муайян шудааст.

Кунҷидро аз замонҳои қадим барои муолиҷаи бемории гуногуни буня истифода мебурданд. Аз ҷумла, Абӯмансури Муваффақ фармудааст, ки симсум (кунҷид) гарм ва нарм аст андар дараҷаи аввал. Часпак буда бемории меъдаро нофеъ аст

                        АСАЛИ КУНЉИТ

Асали кунҷид беҳтарин ғизо баҳри шифо. Дар ҳақиқати ин намуди асал асали табии ва табобати аз гули гиёҳи кунҷид аст. Асали кунҷидро танҳо занбӯри асал аз дохили гули ин зироати киштшаванда яъне шарбат (нектар)-ро метавон ҷамъ кард. Асали кунҷид рангаш зардчатоби бӯй ва мазааш форам ва ба табиати гиёҳи кунҷид хос аст.

   Ҳамаи хосиятҳои шифобахшии гиёҳ аз он ҷумла микро ва макро – унсур (элемент)-ҳо ва витаминҳои гиёҳи Кунҷид дар таркиби асали кунҷид низ мавҷуд буда давои якхела доранд. Бояд донист, ки Афзалияти асали Кунҷид дар табобат муқоиса бо равған ва тухми кунҷид дар он аст, ки «Равған ва тухми Кунҷид дар меъда коркард шуда дар таркибашон унсурҳои дер ҳал шаванда доранд». Асали кунҷид акси он аст. Он ғизои хушҳазм буда давои тайёр аст. Дар меъда зуд ҳазм шуда ба хун дохил мешавад ва аз он ба бофтаҳо меравад, зеро дар таркиби худ унсурҳои дер хал шаванда надорад. Асали кунҷид дар буния (организм) мубодилаи моддаҳоро ба низом медарорад.

Ба ақидаи Ҷолинус  (Гален Клавдий) «ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бемориҳо ва расонидани қувваи давоҳост бо суръат дар тамоми аъзои бадан».

  

 ТАРЗИ ИСТИФОДАБАРИИ АСАЛИ

КУНҶИД

 

     Тарз ва меъёри истеъмоли асали табобатӣ ҳамчун дору нисбатан ба вазн, ҳолат ва мизоҷи шахси бемор вобаста аст. Барои табобат асалро бо тариқи маҳлул истемол кунед, фоидабахш аст.

  1. Оби ҷӯшонидашударо дар ҳолати 25-30дараҷа буданаш асалро омехта карда, истеъмол кунед шифои ҳамаи бемориҳо аст.
  2. Шири модаговро пухта, дар ҳолати 25-30дараҷа буданаш асалро омехта карда, гарм-гарм истеъмол кунед.
  3. Бо шарбати меваҳое, ки хос ба мизоҷу маъқул ба табъи Шумо бошад, асалро омехта карда, истеъмол кунед.
  4. Холис асалро истеъмол кунед. Як қошуқ асалро кам-кам ба даҳон нигаҳ дошта, оҳиста-оҳиста фурӯ баред.
  5. Як порча коғазро бо сӯзан сӯрохҳои бисёр карда, ба он асал молед, пас тарафи асалдорро болои пӯсти бадан (кафаси сина ё тахтапушт) гузоред.
  6. Асалро бо тариқи хӯрока истифода баред. Бо як хӯрдан аз 70 грамм зиёд набошад, ки ин миқдор дар организм дар як шабонарӯз басанда аст.

7. Меъёри истеъмоли асал ба ҳисоби се тақсим дар як шабонарӯз барои калонсолон аз 80 то 150 грамм, барои хурдсолон аз 10 то 30 грамм аст.

Баъд аз шустани мӯйи сар 15 гр. асалро ба зери мӯйи сар хуб бимолед. Пас аз 30-60 дақиқа бо оби 250 гарми дошта саратонро шӯед. Ғайр аз ин ҳар рӯз 1-қошуки калон аз асали кунҷид истеъмол кунед.

Дар гармоба баъд аз шустушӯ кардан  20-50 гр. асалро ба тамом аъзои банди худ бимолед. Пас аз 30-60 дақиқа бо оби 250 гарми дошта шустушӯӣ намоед.

 

АСАЛИ КУНҶИД

 

    Асали кунҷид беҳтарин ғизо баҳри шифо. Дар ҳақиқати ин намуди асал асали табии ва табобати аз гули гиёҳи кунҷид аст. Асали кунҷидро танҳо занбӯри асал аз дохили гули ин зироати киштшаванда яъне шарбат (нектар)-ро метавон ҷамъ кард. Асали кунҷид рангаш зардчатоби бӯй ва мазааш форам ва ба табиати гиёҳи кунҷид хос аст.

Ҳамаи хосиятҳои шифобахшии гиёҳ аз он ҷумла микро ва макро – унсур (элемент)-ҳо ва витаминҳои гиёҳи Кунҷид дар таркиби асали кунҷид низ мавҷуд буда давои якхела доранд. Бояд донист, ки Афзалияти асали Кунҷид дар табобат муқоиса бо равған ва тухми кунҷид дар он аст, ки «Равған ва тухми Кунҷид дар меъда коркард шуда дар таркибашон унсурҳои дер ҳал шаванда доранд». Асали кунҷид акси он аст. Он ғизои хушҳазм буда давои тайёр аст. Дар меъда зуд ҳазм шуда ба хун дохил мешавад ва аз он ба бофтаҳо меравад, зеро дар таркиби худ унсурҳои дер хал шаванда надорад. Асали кунҷид дар буния (организм) мубодилаи моддаҳоро ба низом медарорад.

Ба ақидаи Ҷолинус  (Гален Клавдий) «ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бемориҳо ва расонидани қувваи давоҳост бо суръат дар тамоми аъзои бадан».

 

            Аз сабаби бо сафеда бой будани таркиби тухми кунҷид беҳтарин ғизо барои варзишгарон ва одамони банди кори фикрию ҷисмонӣ мебошад.

 

Намуна аз китоби Ҷаҳони Азонзод «Рустаниҳои шифоӣ ва ғизоӣ». (асосҳои фармако-нутрисиология) Душанбе 2010. 

 

 

 

 

Читайте также: