АСПИ ЗОТИ ТОҶИКӣ

Миллати аспдӯсту соҳибзавқи тоҷик аз давраҳои аввали давлатдорӣ барои    чобӯктарӯ зеботар намудани зоти асп кӯшида дар тимсоли аспҳои бохтарӣ, тахорӣ ва хатлонӣ як достони ибратангези сарнавишти аспи миллии хешро офарид… Ин аспҳо ғаҳвораи нахустини давлату давлатдории тоҷиконро ба ҷунбиш оварда дар ташаккули тамаддун ва давлати тавонои Бохтару Суғд хизмати арзандае кардаанд.

                                                    Эмомалӣ  Раҳмон

                                      АСПИ ЗОТИ ТОҶИКӣ.

         Аcпҳои лақайии дар Тоҷикистон буда, ба тамоми шароитҳои номусоиди кӯҳсор пуртоқатанд. Интихобкунии табиӣ, ба тарзи оддии галагӣ нигоҳ доштан, бо захираи ками хӯрок нигоҳ доштан, набудани кори селексионӣ дар муддати садсолаҳо ба намуди зоҳирии аспи лақайи ягон навигарие наовард. Барои ҳамин зарурати хушқаду қомат ва калонкунии андозаҳои қаду басти аспи лақайи ба миён омад. Дар ин ҳол хусусиятҳои қимати таҳҷойи лақайиро гум накарда ба ӯ пайванд кардани сифатҳои баланди аспҳои хуби савориро нигоҳ доштан ҷоиз буд, ки ин  ҳалли худро ёфт ва байталҳои лақайии мавҷуда бо роҳи ҷуфтикунонидани айғирҳои зоти асили савории англисӣ ва арабӣ — зоти нави тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

 

Зоти аспи тоҷикӣ дар натиҷаи дурага кунондани аспҳои мадании зотҳои асили савории англисӣ ва арабӣ бо зоти таҳҷойии лақайӣ соли 2002 дар комиссияи Байнидавлатии Апробатсионӣ, ки аз тарафи Вазорати кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон ифтититоҳ дода шуда буд, аз чониби олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, факултети зооинженерӣ, кафедраи зоотехникии ҷузъӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Муаллифони ин зот дотсенти кафедра Мамин Н.О. ва профессори кафедраи «Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ» Шамсиев А шинохта шудаанд.

Дар натиҷаи кори пешгирифтаи селексионӣ, ки 50 солро дар бар гирифт дурагаҳои сезотаи мустаҳками дилхоҳ гирифта шуд, ки устуворона аз насл ба насл сифатҳои хуби одаткардаи худро ба шароити маҳал нигоҳ медоштанд. Бо вуҷуди ин аз аспҳои зоти асили арабӣ экстерер, конститутсияи мустаҳкам, андозаҳои хуб ва аз аспҳои асили англисӣ сифатҳои баланди тохтутозӣ пайванд карда шуд.

Ин популятсияи сезотаи аспҳои дурагаи англисиву – арабиву лақайӣ ҳоло бо номи АСПИ ТОЧИКӣ машҳур мебошад.

Аспҳои тоҷикӣ конститутсияи мустаҳками хушк, намуди «шарқиёна», миҷози хушку серҳаракат ва рагу пайванди барҷаста доранд. Андозаи сарашон миёнаву хушк, чашмҳои калони барҷаста, ҷоғи кушод, гардани дарозу баромади баланд доро мебошанд. Тахтапӯшту миёнашон кӯтоҳи пурра, сағриашон дарози миёна, паҳну дуруст ё андаке хам мебошад. Сандуқи синаашон фароху чуқур, қабурғаҳои дарози доирашакл доранд. Дасту пойҳояшон бақувват дуруст инкишоф ёфтаанд, буғумҳояшон низ калону нағз инкишоф ёфтаанд. Буҷулҳои пой дарозу хаманд, сумҳо шакли дуруст доранд, андозаашон миёна ва бақувватанд. мӯйи баданашон ба гармии тобистон хуб мутобиқ аст – гармии тобистон ва хунукиҳои зимистонро хуб мегузаронанд.

Дар аспҳои тоҷикӣ дар аксар маврид ранги ҷеран (37), туруқ (31%) ва хинг (25%) бартарӣ дорад. Инчунин аспҳои рангашон сиёҳ, булул, саманд низ вомехуранд. Дар каллаву пойҳояшон нишонаҳо бисёртартаранд.

Аспи ҷеран бо лақаби Динамит (Дагмар-Хафра)

типи асосӣ хоназоти хоҷагии «Кангурт»

н. Темурмалик шаҷараи Селеу

  Нараспи сияҳ-туруқ бо лақаби Дамтез 1 (хоназоти хоҷагии деҳқонии «Мир» н. Ховалинг)   соли тавлид 1987. Ченакҳояш: 158 – 180 – 20,5.Типи асосӣн. Рӯдакӣ шаҷараи Банон

Нараспи куло-ҷеран бо лақаби «Кафтар» 3 (хоназоти хоҷагии деҳқонии «Мир» н. Ховалинг)  соли тавлид 1987. Ченакҳояш: 158 – 180 – 20,5.Типи саворӣ

 

Аспи ҷеран бо лақаби қамон типи асосӣ

хоназоти хоҷгии «Ҳамид» н. Варзоб шаҷараи Стамбул

 

Ченакҳои аспҳои тоҷикӣ нисбат ба лақайиву – арабӣ баландтар аст ва ба андозаи аспҳои хушзоти савории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздик мебошанд.

Ченакҳои ин зот:

                                                               Айғирҳо                         Байталҳо

Баландии куҳон (қад)                     158                                     152

Даври қафаси сина                           180                                      178

Даври бехи панҷа                             20,5                                   19,5

 

Хусусиятҳои биологии аспҳои тоҷикӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар шароитҳои экстремалӣ пуртоқатанд ва қобилияти хуби ҳаётгузаронӣ доранд.

Мақсадӯ усулҳои корҳои селексионӣ бо аспҳои тоҷикӣ ба воситаи корҳои гуногуни хоҷагии хоҷагии халқ, дар варзиш ва озмоишҳои ипподроми муайян шудаанд. Аз соли 1952 саркарда аспҳои зоти тоҷикӣ дар ипподромҳои пешқадами собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Душанбе, Тошканд, Маскав) бо нишондиҳандаҳои хуби озмоишӣ ноил гаштаанд.

Аспҳои зоти тоҷикӣ дар Наврузгоҳи (озмоишҳои пойгавии ипподроми) ш. Душанбе

               Рекордҳои мутлақи аспҳои тоҷикӣ дар масофаҳои гуногун:

              1000м –  1,06,1сония                            2400м – 2,40,7 сония

                     1200м – 1,17,0                                       3000м – 3,27,6

1600м – 1,47,2                                     3200м – 3,43,1

1800м – 1,58,8                                      4000м – 4,49,0

2000м – 2,14,0                                       7000м – 8,46,4

Ин рекордҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки зоти аспҳои тоҷикӣ аз аспҳои лақайи 10-26 сония тезтар ва аз рекордҳои аспҳои Осиёи Миёнаи Қафқоз хубтаранд.

Аз соли 1958 сар қарда командаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои умумиттифоқии аспсаворон ширкат меварзад. Онҳо дар пойгаҳои умумиттифоқӣ 49 маротиба ҷои 1-ум, 52 маротиба ҷои 2-ум ва 48 маротиба ҷои сеюмро соҳибӣ кардаанд. Дар бозиҳои миллӣ бошад 14 маротиба сазовори номи ғолиб (чемпион) оид ба «БуЗкАШӣ» 8 маротиба дар «ЧАВГОНБОЗӣ» ва 4 маротиба дар бозии миллии Озарбоҷонӣ «СЮРПАПАХ» (токигирак) ғолиб гаштаанд.

Соли 1957 асри гузашта дар бозиҳои Осиёи Миёна, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гашта буд чор аспи тоҷикӣ дар масофаи 420 км сазовори ҷои якум гардида будаанд.

Аспҳои тоҷикӣ дар намудҳои класикии варзиш бомуваффақият баромад кардаанд. Дар мусобиқаи умумиттифоқии аспсаворон дар Алма – ато барои гирифтани мукофоти журнали «Коневодство и конный спорт» аспи тоҷикӣ Прибой аз рӯи класси олӣ ҷои якумро ишғол намуда, дар байни дигар зотҳо соҳиби ин мукофоти пурқиммат гардид.

Чун сухан дар бораи ба кор истифода бурдани аспҳои тоҷикӣ равад, ягон соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҷангал бе иштироки асп сурат намегирад. Ин аспҳои номбурда ҳамоно ҳамрадифи деҳқони асил мебошанд.

Аспҳои тоҷикӣ дар 10 шаҷараи падарӣ ва 15 оилаи модарӣ сохти ташаккулёфтаи генеалогӣ доранд. Дар зот се типи дохилизотӣ – саворӣ, асосӣ ва тахҷоӣ парвариш меёбанд, ки ин имконият медиҳад талаботи хоҷагии халқ ба аспҳои таиноташон мухталиф бештар пурра қонеъ гардонида шаванд.

Аспҳои хубтарини тоҷикӣ дар чандин Намоишгоҳҳои дастовардҳои хоҷагии халқи собиқ Иттҳоди Шуравӣ пешниҳод шуда, соҳиби дипломҳои дараҷаи олӣ гардидаанд. Дар ауксионҳои байналхалқӣ бошад ду сар асп аз хоҷагии «Кангурт»-и н. Темурмалик ба Итолиё ва ба Ҳолландия фурухта шудаанд.

Ин зоти аспе, ки дар муддати 50 сол вуҷуд омад ҳамон аспест, ки дар гузашта бо номи аспи «Хатлонӣ» ё ин ки «Осмонӣ» машҳур буд. Ва гузаштагони миллати тоҷик аз шукуҳу шаҳоматаш фахр мекарданд.

Корҳои илмии соҳа оиди мукаммал гардонидани ин зот аз тарафи кафедраи «Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ» (роҳбараш доктори илмҳои кишоварзӣ Шамсиев А.) бо нақшаи дурнамои зот амалӣ мегарданд.

Читайте также: