ГӮСФАНДОНИ ЗОТИ ҲИСОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Гӯсфандони ҳисорӣ — зоти гӯсфандони сергӯшту серравған буда, дар давоми асрҳои зиёд тавассути селексияи анъанавии мардуми Тоҷикистон офарида шудааст. Ҷуссаи бузург, вазни зиндаи баланд, баромади зиёди гӯшту равғани думба аз сифатҳои беҳтарини ин зоти нодир мебошанд. Гӯсфандони ҳисорӣ аз ҷиҳатӣ хосиятҳои бебаҳои оламшумули худ, бо сергӯштиву серравғаниашон дар байни гӯсфандони думбадори ҷаҳон ба худ ҳамто надоранд.

Гурӯҳи қӯшқорҳои зоти ҳисорӣ.

2Дар айни замон дар таркиби зоти гӯсфандони ҳисорӣ типи заводии «фархорӣ» бо 3 авлоди генеологӣ,  мавҷуд  мебошад. Дар рамаҳои селексионӣ вазни зиндаи барраҳои навзоди модина -5-6 кг ва барраҳои нарина -5,5-6,5 кг, дар 4-5 моҳагӣ, мутаносибан 40-45 ва 48-50 кг, 18 –моҳагӣ —70-75 ва 80-90 кг, мешҳои калонсол 80-85 ва қӯшқорҳои наслдеҳ 120-140 кг, дар қӯшқорҳои беҳтарин 140 ва 195 кг. Вазни равғани думба дар мешҳо 10-12 кг ва қӯшқорҳо 18-20 кг, дар гӯсфандони беҳтарин –то 35 ва 50 кг. Баромади гӯшти гӯсфанди бурдоқӣ 52-55 %, дар гӯсфандони беҳтарин то 65%-ро ташкил медиҳад.

Наслнокии мешҳои ҳисорӣ  аз ҳар сад сар 101 -103 барраро  ташкил медиҳад,  баъзан  дар таркиби зот авлод ва оилаҳое вомехӯранд, ки наслнокиашон то ба 110 -115    мерасад. Маҳсулнокии пашмии гӯсфандони зоти ҳисорӣ  хеле паст мебошад:  тароши баҳории  мешҳо 0,5 – 0,8 кг,  тирамоҳӣ 0,3 – 0,5 кг,  барраҳо  дар  тирамоҳ  0,4  — 0,8 кг.

Гурӯҳи қӯшқорҳои зоти ҳисорӣ, 1,5 -2,0 сола, аз заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор.

3Дар ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Шаҳристони вилояти Суғд  ноҳиябандӣ гардида, саршумори беҳтарини ин зот дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, хоҷагии деҳқонии «Сомонҷон»-и н.  Данғара, ҶДММ «Баракати  гӯсфанди ҳисорӣ»-и ш.  Ҳисор, ҶДММ «Баракати зотпарварии гӯсфанди ҳисорӣ»-и н.  Турсунзода, хоҷагии ба номи Меликмуродов, х/д «Зайниддин»-и н.  Шаҳринав, х/д «Дилшод»-и н. Варзоб, х/д«Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, парвариш меёбанд.

Қӯшқори хушзоти ҳисорӣ, 3,0 сола, вазни зинда 168,0 кг.

5Гӯсфандони зоти ҳисориро, инчунин  дар    давлатҳои Афғонистон,  Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон парвариш менамоянд. Солҳои охир барои парвариши ин зоти гӯсфандон, мамлакатҳои Руссия, Озорбойҷон, Украина ва дигар кишварҳои дунё мароқ зоҳир намуда,  барои парвариш ва беҳтар гардонидани маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор истифода мебаранд.

Рамаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳи Тоҷикистон (дар баландии 3,0-4,0 м аз сатҳи баҳр)

4

Читайте также: