Гӯсфандони зоти сергӯшту серравған ва серпашми тоҷикӣ.

Ин зот тӯли солҳои 1947–1963 таҳти роҳбарии академик Алиев Ғулом Алиевич дар Тоҷикистон офарида шудааст, ки ҳамчун комёбии бузурги селексионӣ дар соҳаи чорводории кишвар ба ҳисоб меравад. Барои офаридани ин зот муаллифон усули дуругакунии мураккабро истифода намуда, аввал бо мешҳои зоти ҳисорӣ қӯшқорҳои зоти сароҷиро, сипас, зоти линколниро ҷуфтӣ намуданд.

 Гурӯҳи қӯшқорҳои хушзоти тоҷикӣ, аз Муассисаи давлатии парваришгоҳи н. Хуросон.

2Гӯсфандони зоти тоҷикӣ аз рӯи аломатҳои танаву тӯш ва зудрасии худ шабеҳи гӯсфандони ҳисорианд: вазни зиндаи мешҳои калонсол 60-70 кг, қӯшқорҳои наслдеҳ 100-110 кг, беҳтарини онҳо мутобиқан то 90 ва 150 кг-ро ташкил медиҳанд.

Вазни қӯшқорбарраҳои навзод 5,0-5,5 кг, модабарраҳо 4,5-5,0 кг, дар 4,5 моҳагӣ мутаносибан 40-45 ва 38-32 кг, дар яксолагӣ 65-70 ва 55-60 кг мебошад. Вазни рекордии мешҳои зоти тоҷикӣ 143 кг ва қӯшқорҳои наслдеҳ 177 кг мебошад. Ин гӯсфандон зуд калон мешаванд ва боздеҳи хуби хӯрокӣ доранд. Баромади маҳсулоти гӯшту равған 55 то 62 %-ро ташкил медиҳад. Вазни миёнаи равғани думбаи гӯсфандони калонсол 10-12 кг, дар гӯсфандони хуб парвариш кардашуда то 30-40 кг мерасад.

Пашми ин гӯсфандон аз рӯи таркиби морфологӣ, аз ҷиҳати ҷилонокӣ ва қавигии нахҳо дар саноати қолинбофӣ, барои истеҳсоли рӯйпӯшҳои патдор, моҳути ғафси патдор (драп) ва дигар матоъҳои пашмӣ ба таври васеъ истифода мешавад.

Дар онҳо маҳсулнокии гӯштию равғанӣ бо маҳсулнокии пашм ҳамбастагии зич дорад. Миқдори пашми барраҳои 4,5 моҳа 1,2-1,5 кг, мешҳо -2,9-3,5 кг, қӯшқорҳои наслдеҳ -4,0-5,0 кг, баромади нахи тоза 68-76 % аст. Таркиби морфологии пашм: 75-81%тибит, бо ғафсии 20,5-25,0 мк; 17-21% —  мӯйҳои миёна – 27,3-40,6 мк ва 2,0-3,7% мӯйҳои дағал ё қил -54,9-65,0 мк.

Рамаи мешҳои гӯсфандони зоти тоҷикӣ аз хоҷагии зотпарварии ба номи Шерназарови н. Хуросон

3Ҳоло барои парвариш як заводи зотпарварӣ ва як парвишгоҳ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва хоҷагии фермерии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуданд. Дар ноҳияҳои Хуросон, Рӯдакӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ ва Б.Ғафурови вилояти Суғд ноҳиябандӣ шудааст.

         Меши зоти сергӯшту 

серравған васерпашми тоҷикӣ

4

5Гурӯҳи мешҳои зоти тоҷикӣ

дар намоишгоҳи чорвои хушзот

Читайте также: