Хосиятҳои шифобахшии пахта

Хосиятҳои шифоии пахта вобаста аст, аз қисматҳои таркибии кимиёвии он. Аслан то ба имрӯз аз назари илмӣ тамоми паҳлӯҳои таркиби кимёвии пахта то ба дараҷаи лозимӣ омӯхта нашудааст.

Дар таркиби пахта равғани растанӣ, моддаҳои дубилӣ, заҳри қотили госипола, ки таъсири хуби зиддисаратонӣ дорад, зиддивирусӣ ва зиддизахмӣ мавҷуд мебошад.

Агар аз нуқтаи назари илмӣ бинем дар чигиташ элементҳои зола 3,79% макроэлементҳо К-(калий)-15,8%, Са-(калсий) 2,8 %, Мg-(магний 2,7%, Fe-(оҳан)-0,04%, микроэлементҳо ё худ микроунсурҳои Mn-0,04%, Cu-0,63%, Cr-0,03%, Ba-0,28%, Ni-0,11%, Sr-0,02%, J-0,06,%, B-55,2%-ро дорад.

Дар хусуси хосиятҳои шифобахшии пахта метавон гуфт, решаи онро ки дорои госсиполу, маводҳои дубиливу витаминҳои C ва K , равғани эфир, триметиламин мебошад, барои иллатҳои сил, саратон, захмҳои пӯст, варамҳо, барои зуком васеъ истифода мебаранд. Витамини K ҳама намуди хунравиро шифо мебахшад. Рагҳои хунравро мустаҳкам мекунад. Ҳолатҳои судабандии рагҳоро шифо мебахшад.

Дар илми гомеопатия обҷӯш ё ки маҳлули спиртии аз решаи пахта тайёршударо барои бедорхобии шабона, барои таксикозҳои занони ҳомила, ва дар ҳолати нодуруст шудани сиклҳои физиологии ҳайзи занон истифода мебаранд. Бояд гуфт, ки аз барги пахта кислотаҳои лимӯи ва себӣ тайёр мекунанд. Аз нуқтаи назари илмӣ муайян шудааст, ки дар таркиби равғани пахта алкалоиди ниҳоят заҳрноки госсипол мавҷуд аст ва он ба ҷигар ва узвҳои дигар метавонад таъсири манфӣ расонад. Аслан, илм ин равғанро барои истеъмоли инсон тавсия намедиҳад, он ҳамчун рағани техникӣ бояд истифода шавад, зеро истеъмолаш метавонад, дар организми инсон гепатити таксикиро пайдо намояд. Исбот шудааст, ки агар кунҷораашро 63 рӯз гов истеъмол кунад, дар рӯзи 64 –ум мемирад.

Читайте также: