Картошка — навъ ва агротехникаи он

Барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат бо тоза кардани заминҳои санглох ва азхудкардани заминҳои корам, 10 навъи картошкаи тезпази элитӣ ва репродуксионӣ ба миқдори 308,3 тонна ва бо ҷалби соҳибкорон 15 намудӣ дигар зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 200 га кишт гузаронида шуд. Айни ҳол нашъунамои зироатҳо дар ҳолати хуби сабзиш қарор дорад. Ҳосили аз ин мавзеъ ба дастовардашудаи картошка барои такрористеҳсолкунии тухмӣ равона карда мешавад. Инчунин, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ аз Федератсияи Россия ба миқдори 295 тонна картошкаи тухмӣ ворид карда шуда, ба картошкапарварони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Ҳосили хуби картошка дар шароитҳои наздикӯҳӣ, манотиқи иқлимаш муътадил ва солҳои тобистонаш салқин ба даст оварда мешавад.

Картошка ҳангоми ҳарорати ҳаво +70С будан ба сабзиш шуруъ менамояд. Аммо дар ҳарорати 18-20 0С беҳтар нашъунамо меёбад. Аз хунукиҳои 1-20С  қисми сабзи  рӯизаминии он осеб меёбад. Дар мавриди ташкилёбии лӯндакҳо 14-180С  будани ҳарорати хок хело форам ба ҳисоб меравад.  Ҳарорати аз 7- 60С паст ва  аз 27-280С баланд суръати лӯндакбандиро суст менамояд.  Картошка ҳангоми гул ва ба лӯндакбандӣ сар намудан ба намӣ талаботи калон дорад.

Вобаста ба мӯҳлати пухта расидан, картошкаро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо менамоянд: барвақтӣ – давомнокии нашваш  то 60-65 рӯз; мобайнӣ -80-100 рӯз;  ва дерпазак – зиёда аз 120 рӯз. Умуман  давомнокии нашви картошка вобаста аз навъ ва шароити хоку иқлими  маҳал  аз  60 то 150 рӯз кашол меебад.

Навъҳо бояд қобилиятҳои зеринро дошта бошад: хислатҳои модарии худро такрор намоянд, ба касалиҳо устувор бошанд, дар мӯҳлати кӯтоҳи нашв ҳосили хуб оранд.

Дар майдончаҳои махсуси таҷрибавию намоишии Агро Аксияи Олмон, Корхонаи Байналхалкии Хайриявии Ҷамъияти   «Ҷовид» ва Корхонаи байналхалқии Канада- MEDA навъҳои картошкаи аз хориҷа овардашудаи зерин  санҷида шудаанд: Аринда, Арнова, Космос, Диамант, Импала, Кондор, Консул,  Курода, Маранка, Пикассо, Провенто, Раджа, Романо Сантэ, Кардинал, Амороза, Ариэлла, Молли, Колетте, Колибри, Агаве, Алмера, Деликат, Карлена, Монализа, Невский,  Платина, Аладин, Фонтане, Фазан.

Дар байни навъҳои омӯхташуда — Амороза, Ариелла, Импалла, Колете ва  Молли пешпазак ба ҳисоб рафта, дар давоми 65-70 рӯз ба ҷамъоварӣ тайёр мешаванд.

Дар байни навъҳои омӯхташуда ба шароити иқлими вилояти Суғд  нисбатан мувофиқтар инҳоанд: Пикассо, Диамант, Кардинал, Кондор, Романо, Правенто, Раджа.  Ҳосилнокии навъҳои номбаршуда  аз ҳар гектар зиёда аз 40 тоннаро ташкил мекунад.

Ин ҷо хусусиятҳои аграрии баъзе навъҳои картошкаи ояндадори омӯхташуда пешкаши Шумо мегардад:

Амороза, навъи ошии барвақтӣ. Лӯндакҳояш кулӯлаи дарозрӯя, калонҳаҷм, пӯсташ сурх, гӯшташ зарди-сафедтоб, чашмакҳояш майда.                                                                                                                        

Импала, навъи ошии барвақтӣ. Лӯндакҳояш дарозрӯяи зард, гӯшташ зарди сафедтоб, чашмакҳояш майда.
Колетте, пешпазак, барои пухтани чипси хело мувофиқ мебошад. Лӯндакҳояш дарозрӯя, пӯсташ зард, гӯшташ зарди сафедтоб, чашмакҳояш на он қадар калон.
Кондор,  навъи мобайнпазаки ошӣ. Лӯндакҳояш дарозрӯя, пӯсташ сурхи равшан, гӯшташ зарди сафедтоб, чашмакҳояш на он қадар ҳам калон.

Космос, навъи мобайнпазаки ошӣ. Лӯндакҳояш  дарозрӯя, ранги пӯсташ зард, гӯшташ зарди сафедтоб, чашмакҳояш майда.

Романо, навъи мобайнпазаки ошӣ. Лӯндакҳояш кулӯлаи каме дарозрӯя, ранги пӯсташ сурхи равшан (пуштӣ), гӯшташ сафедтоби тира, чашмакҳояш наонқадар калон.

Аладин, мобайнпазак, барои тайёр намудани чипси хело мувофиқ мебошад. Лӯндакҳояш кулӯлаи дарозрӯя, ранги пӯсташ сурх, гӯшташ сафед.

Фонтане, мобайнпазак, барои тайёр кардани картошкабирён хело мувофиқ аст. Лӯндакҳояш дарозрӯя, ранги пӯсташ зард, гӯшташ зарди равшан.

Пикассо, навъи дерпазаки ошӣ. Лӯндакҳояш  кулолаи дарозрӯя, ранги пӯсташ зард, чашмкҳояш сурхтоби пуштӣ, гӯшташ сафеди тира.

Киштгардони картошка 

Барои картошка зироатҳои тирамоҳӣ, сабзавотҳои барвақтӣ, сабзӣ, растаниҳои лӯбиёгӣ, бодиринг, карами барвақтӣ, пиёз, сирпиёз пешкишти  беҳтарин ба ҳисоб мераванд.

Интихоби ҷой ва тайёр намудани замин

картошкаАз сабаби майда ва сусттараққикарда будани решаи картошка, вақти интихоби замин ба хоки сабуктари серғизою  мулоим ва намиғунҷоишаш баланд эътибор додан зарур аст. Агар хоки замин сахт ва вазнин бошад, пеш аз кишт заминро бо поруҳои органикию қумхок бой кардан ҳатмист. Лӯндакҳои картошка  дар намии аз ҳад зиёд аз инкишоф  мемонад ва оҳиста нобуд мегардад. Ҳангоми интихоби замин бояд донед, ки заминҳои обаш заҳ ва ё оби зеризаминӣ дар наздикиҳои замини кишти картошка мувофиқ нест.

Шудгори асосиро тирамоҳ дар чуқурии 25-35см, бо якҷоягии дохил намудани поруи органикӣ то 40 т/га; нуриҳои минералии  фосфорӣ 150 -200 кг/га; ва калийдор то 200 кг/га мегузаронанд. Агар нуриҳои калигӣ ёфт нашавад, ба ҷои он хокистари ҳезуми 1-2т/га дохил намудан сифати картошкаро  ниҳоят хуб менамояд. Нуриҳои азотдоштаро ҳангоми нашв ҳамчун озуқа дохил менамоянд.

Пеш аз шинонидани лӯндакҳои тухмӣ, заминро ба чуқурии 18-20 см  шудгор менамоянд.

Картошкаи тухмӣ бояд пӯсти суфтаи тӯрназада дошта бошад. Вазни хосаш 50 – 60 грамм; диаметраш 30-55мм. Ин гуна тухмиҳо яклухт нобурида шинонида мешаванд, ки роҳи дуруст ва беҳтарини коридани картошка ба ҳисоб меравад.  Картошкаи тухмиро пеш аз шинонидан то як моҳ дар ҷои рӯшноӣ мегузоранд, то ки ранги пӯсташ сабз гардад, яъне крахмали онҳо ба моддаи салонин мубаддал шавад. Барои иҷрои ин кор картошкаро дар ҷои равшани ҳарораташ 10-120С як қабат тунук менамоянд. Дар ин маврид муғчаҳои картошка саросар сабзида 1,5- 2 см танаи боқувват ба амал  меоранд.  Лӯндакҳои тухмиро 4-5 рӯз пеш аз шинонидан дар ҳарорати 20-250С гарм намудан мувофиқи мақсад аст, чунки ин усул  суръати сабзида баромадани картошкаро то 7-8 рӯз метезонад.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани тухмӣ бисерии деҳқонон лӯндакҳоро бурида, ба қисмҳои алоҳида ҷудо карда мешинонанд. Лӯндакҳои миёнҳаҷмашро ду бӯлак менамоянд. Ҳар як лӯндакҳои калонро ба 3-қисм ҷудо менамоянд:  аввал қисми нӯгашро кӯндаланг ҷудо менамоянд, пас боқимондаашро бо дарозӣ  ду ҳис мекунанд.

Шинонидани лӯндакҳо

Картошкаро баҳорон, баробари ҳарорати қабати хок дар чуқурии 10 см  + 8 -100С гарм будан ба шинонидан шурӯъ менамоянд. Нақшаи шинонидан  аз рӯи 60х25 см, ба чуқурии  7-10см, бо бӯлакҳои яклухти нобурида тавсия дода мешавад, ки ба ҳар як гектар 3тонна тухмӣ сарфа мешавад. Мӯҳлатҳои мӯътадили шинонидани картошкаи барвақтӣ  дар водиҳо – охири феврал, аввали март мебошад. Дар мавзеъҳои наздикӯҳи кӯҳӣ картошкаи дерпазакро барои ба зимистон нигоҳ доштан, инчунин бо мақсади картошкаи тухмиро ба даст овардан, лӯндакхои картошкаро аз аввали моҳи май то мобайни моҳи июн мешинонанд.

Нигохубини картошка 

Картошкаи барвақтии баҳорон шинонида шуда, одатан  пас аз 20-25 рӯз месабзад. Дар ин мӯҳлат замини киштро алафҳои бегона пахш менамояд ва рӯи хок сафолак мегардад, ки ба неш зада баромадани лӯндакҳо монеа эҷод мекунад.  Нигоҳубини  аввалини картошкаи барвақтӣ ин  эҳтиёткорона сихмола кардани рӯи хок мебошад. Ин усул заминро нарм  ва алафҳои бегонаро нобуд менамояд. Рӯи хатакҳои қатори картошкаро бо поруи пӯсида, бо памии 20-30см, ғафсиаш  3-4см рӯйпӯш кардан тавсия дода мешавад, ки ин усул рӯи заминро нарм ва гарм менамояд. Аз ин сабаб картошка зудтар неш зада мебарояд. Ҳангоми   хоккашӣ  якумин поруи дохилкардашуда  ғизои бебаҳо мегардад.

Коркарди байниқаторӣ — култиватсия одатан пас аз боришоту обёриҳо  дар давоми нашв 3-4 маротиба гузаронида мешавад. Яке аз усулҳои асосии нигоҳубини картошка ин сари вақт хоккаш кардан, яъне кашидани хок ба бехи решаҳои он мебошад.   Хоккаш кардан лӯндакҳои картошкаро аз ҳарорати баланд эҳтиёт менамояд, хокро нарм ва аэратсияи онро беҳтар месозад, инчунин замин аз алафҳои бегона ва кирмакҳои ҳашаротҳои зараррасон тоза мегардад.  Ба ғайр аз он хоккаш кардан танаю шохҳои картошкаро ба замин хамидан намегузорад. Аз ин сабаб  хок бояд баланд  ба бехи реша кашида шавад.  Дар давоми нашв картошка бояд ду маротиба хоккаш карда шавад.  Хоккаши аввалинро баробари пурра сабзида баромада 15- 16 см қад кашидани танаи растаниҳо ва хоккаши дуюмро дар мавриди гулкунӣ  иҷро менамоянд.

Картошка махсусан дар давраи кӯракбандию гулкунӣ ба моддаҳои серғизо эҳтиёҷ дорад. Аз ин сабаб дохил намудани нуриҳои азотӣ мувофиқи мақсад аст. Нуриҳои азотиро ҳамчун озуқа дар ду марҳила аз ҳисоби меъёри яксола  100-150 кг/га  моддаҳои таъсиркунанда медиҳанд. Ҳангоми саросар неш зада баромадани картошка нарм кардани байни қаторхо маротибаи якум бо култиватор ва байни растаниҳо бо каланд, инчунин дохил кардани  -30% меъёри солонаи нурии азотӣ тавсия дода мешавад.  Озуқаи дуюми азотиро аз ҳисоби 70%  меъёри солона, дар марҳилаи кӯраку-гулбандӣ,  баробари нармкунии замин медиҳанд.  Пас аз ҳар маротибаи коркарди замин ва озуқаи иловагии азотӣ дохил кардан ҳатман обёрӣ менамоянд. Обёриҳои оянда  то пухта расидани картошка бо дараҷаи таъминоти  хок  бо намӣ гузаронида мешавад.   Барои нашъунамои хуби картошка намнокии хок бояд на камтар аз 75-80% нигоҳ дошта шавад. Кишти баҳорӣ дар аввали мавриди нашв ба об на он қадар талабот дорад, локин дар давраи лӯндакбандӣ бошад,  қариб ҳар 5-6 рӯз як маротиба бояд обёрӣ карда шавад. Картошкаи тобистонаро бояд ҳар 8-12 рӯз як маротиба  обёри намоем ва 2-3 ҳафта пеш аз ҷамъоварии ҳосил обёриро  ба охир расонем. Картошкаро бояд зуд-зуд, бо меъёри кам 600 -700 куб. м./га обёрӣ  кунем беҳтар аст.

Читайте также: