Лубиёгиҳо

Лубиё ба оилаҳои лубиёгиҳо мансуб аст. Лубиё зироати пурқиматтарин озуқавории серсафеда мебошад. Дон ва ғилофакҳои лубиёро дар намуди тару тоза, обпаз ва консерва чун таъом истеъмол мекунанд.

Дони лубиё дар таъом нағз мепазад, хуштаъму, серғизо буда, маҳсулоти беҳтарин ба шумор меравад. Вобаста ба навъ, шароити парвариш, агротехника дар донаш 25-35% сафеда, то 3,6 % равған, 50-60 % оҳар инчунин қандҳо, витаминҳои пурқимати –А,С,В дорад. Сафедаи лубиё барои одам аминокислотаҳои бебаҳои ивазшавандаи- лизин, метионин ва ғайраро дорост. Барои аҳолии ҷумҳурӣ дони лубиё хӯрокаи дӯстоштарин мебошад.

Лӯбиё аҳамияти табобатӣ низ дорад ва онро барои тайёр кардани таомҳои парҳезӣ ҳангоми муолиҷаи касалиҳои талхадон, ҷигар, сохти марказии асаб ва барои беҳтар кардани фаъолияти узвҳои нафаскаши, ҳазми хӯрок истифода мебаранд. Маводи аз пӯсти ғилофакҳои сабз тайёр кардашуда, барои муолиҷаи касалии қанд (диабет) истифода бурда мешавад. Аз баргҳои лубиё туршини (кислотаи) лимугӣ истеҳсол мекунанд.

Лӯбиё ҳамчун зироати лубиёдонагӣ аҳамияти калони агротехникӣ дорад. Хокро аз нитрогени биологӣ бой гардонида, ҳамчун зироати байни қаторҳояш коркардашаванда заминҳоро аз алафҳои бегона тоза мегардонад. Бинобар ҳамин лубиё барои пахта, ҷуворимакка, гандум ва дигар зироатҳо пешинакишт пурбаҳо аст.

 

Хусусияти морфологӣ ва биологӣ

Ҷинси лубиё 220 намудро дар бар мегирад. Аз бисёрнамудии лубиё махсусан дар ҷумҳурии мо лубиёи муқарарӣ ва осиёгӣ (мош) парвариш карда мешавад.

Ҳар ду намуди лубиё растании яксолаанд. Пояш рост, нимпечон ва печон, аксар сабз, баъзан гулоби ва бунафш аст. Пояи шохҳои буттаи мош сермӯяк, қадаш 65-70 см буда, лубиёи муқарарӣ то 40-50 см, пояи шаклҳои печон бошад, то 3-4 метр мерасад. Баргҳои ҳақиқиаш сепарра, аксар нӯгтез, байзашакл ва сабз мебошад. Ранги баргҳои мош назар ба баргҳои лубиё сабзи баланд, мӯякдор ва хурдтар аст. Гулкунӣ аз қисми поёни растанӣ сар мешавад. Гулбандаш аз 2 то 8 гул дорад. Гулбарги мош зарди лимуранг буда, аз лубиё сафед, бунафш ва нофармон мебошад.

Мевааш ғилофаки сердон аст. Шакл ва андозаи ғилофаки лубиёи муқарарӣ гуногун буда, дарозиаш 7-11 см, кулула ва нӯгтез мешавад. Ғилофаки мош камбар, борик, мӯякдор, силиндршакл буда, дарозиаш 8-14 см, бенуг мебошад. Дони лубиё гуногунҳаҷм буда, рангаш сафед, сиёҳ, қаҳваранг ва ало мебошад.

Вазни 1000 донааш 250-500 гр. буда, гурдашакл, курашакл, элипсӣ ва дарозак мешавад.

Дони мош хурд, дарозиаш 3-4 мл. тухмшакл ё чалакшакл буда, рангаш сабз ё сабзи хира, баъзан зард ё қаҳвагӣ мешавад. Вазни 1000 донааш вобаста ба навъ ва шароити агротехникӣ 30- 80 гр. аст.

Лубиёи муқарарӣ ва мош ба гурӯҳи зироатҳои гармию равшандӯсти ҷануби рӯзи кӯтоҳ мансубанд. Лубиё хусусан дар давраи гулкуни ва ғилофакбандӣ ба хушкӣ чандон тобовар нест. Мош назар ба лубиё бештар ба гармӣ ва хушкӣ тобовар мебошад.

Тухмии лубиё дар ҳарорати 9-100 С ва тухмии мош дар ҳарорати 10-120С гармӣ ба неш задан сар мекунад. Барои бошиддат неш задани тухмии онҳо ҳарорати устувори ҳаво бояд 14-160 С паст набошад.

Давраи нашъунамои лубиё вобаста ба навъ ва шароити хокию-иқлимӣ чунин мебошад: навъҳои тезпазак 80-90 рӯз, навъҳои дерпазак 100-110 рӯз. Навъҳои бутташакл одатан бештар тезпазак мебошад.

Давраи нашъунамои мош 70-100 рӯз мебошад. Бо туфайли кӯтоҳ будани нашъунамо, ба гармӣ ва ба ҳавои хушк тобовар будан мошро дар заминҳои обӣ, баъди ғунучини ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва дигар зироатҳои тезпазак дар кишти такрорӣ коштан мумкин аст.

 

Навъҳо

«Тоҷикӣ -1» дар Институти зироаткорӣ офарида шуда, соли 1975 ноҳиябандӣ шуда буд. Буттаҳояш хоб намеравад, баландии ниҳол ба 50-70 см, ҳаҷми миёнаи ғилофакҳо ба 8-10 см расида, донаш майда буда, вазни 1000 донааш ба 40-50 гр мерасад. Навъи барвақтию миёнапаз ҳисоб мешавад, давраи нашъунамояш аз 75 то 105 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳосилнокиаш аз кишти асосӣ ба 17-18 с\га, аз кишти такрорӣ ба 12-15 с\га мерасад.

«Тоҷикӣ-2» дар Институти зироаткорӣ офарида шудааст, соли 1985 ноҳиябандӣ шуда буд. Буттаҳояш хоб намеравад, баландии ниҳолҳо ба 70-90 см расида, ҳаҷми ғилофакҳояш миёна, донаш нисбат ба дони навъи «Тоҷикӣ-1» калонтар буда, вазни 1000 донаш 60-65 граммро ташкил медиҳад, давраи нашъунамоаш ба 80-100 рӯз баробар буда, ҳосилнокиаш дар кишти асосӣ 18-20 с\га ва дар кишти такрорӣ 14- 16 с\га-ро ташкил медиҳад.

 

 

 

Хусусияти парвариш

 

Барои пешгирӣ кардани касалиҳо махсус-физариоз, антракноз тавсия мешавад, ки лубиё ба ҷои аввалаш баъди 4-5 сол пас такроран кошта шавад. Дар киштгардонҳо лубиёро баъди ҷуворимакка, ҷуворӣ, пахта, гандуми тирамоҳӣ мекоранд.

Дар ҷумҳурӣ мошро аксаран баъди дарави ҷав ва гандуми тирамоҳӣ, картошкаи барвақтӣ ва дигар зироатҳои тезпазак ҳамчун зироати такрорӣ мекоранд.

 

Нуриҳо

Лубиё ба нуриҳо, хусусан ба нуриҳои органикӣ серталаб аст. Нуриҳоро бо назардошти ҳосили тарҳрезишуда ва барориши NPK аз хок истифода мебаранд.

Пошидани 10-15 тонна пору ва 50 кг Р2О5 пеш аз шудгор имконият медиҳад, ки ҳосил як қадар баланд шавад. Гарчанде, ки лубиё зироати нитрогенғункунанда бошад ҳам, то дар решаҳои он пайдо шудани микробҳои лундашакл майсаҳои ҷавон ба ғизои нитрогенӣ эҳтиёҷ доранд.

Аз ин рӯ, дар вақти коркарди байни қаторҳо ё дар вақти кишт 25-30 кг азотро мепошанд. Пошидани 3-4 с\га хокистар низ тавсия мешавад. Дар ҳолати истифода бурдани 50-60 кг\га суперфосфати ғурӯшадор ҳосилнокии лубиё як дараҷа баланд мешавад. Баъди 2-3 ҳафтаи пайдошавии майсаҳо аз ҳисоби 20-25 кг \га фосфор ба растаниҳо ғизо бояд дод. Зардшавии барги майсаҳои лубиё аз норасогии нитроген шаҳодат медиҳад.

Норасогии фосфор сабаби сустшавии сабзиш аз инкишофи растаниҳо гардида баргҳо дар аввал хира гашта, баъд зард мешаванд.

Норасогии калий сабаби ба касалии хлороз гирифтор шудани растаниҳо мегардад.

 

Коркарди хок.

Гузаронидани коркарди саривақтию хушсифати намӣ ва қуввазахиракунандаи хок, яке аз воситаҳои асосии баландшавии ҳосилнокии лубиё мебошад.

Барои кишти баҳории лубиё шудгори тирамоҳиро дар ҷуқурии 25-30 см бо испорҳои пешпочадор гузаронида, хокро пурра рӯгардон мекунанд.

Аввали баҳор бо имконияти додани хусусиятҳои физикии хок барои нигоҳ доштани намӣ ва нест кардани алафҳои бегона замини тирамоҳ шудгор шударо ду маротиба сихмола мекунанд. Азбаски тухми лубиё, дар вақти сабзиш паллаҳояшро болои хок мебарорад, коркарди пеш аз киштии хок бояд ба таври дақиқ гузаронида шавад.

То коштани тухмӣ майдон ду маротиба таввасути олот коркард ва сихмола карда мешавад.

Дар сурати дар кишти такрорӣ кишт кардани мош ба майдонҳо баъди дарави зироати аввала об монда, бо мурури расиши хок дар ҷуқурии 28-30 см дар якҷоягӣ бо сихмола ва мола шудгор гузаронида дарҳол ба кишт шурӯъ карда мешавад.

 

 

 

Тухмӣ

Барои гузаронидани кишт тавсия дода мешавад, ки тухмиҳои хушсифату тозагиашон 98% буда ва қобилияти нешзаниашон на кам аз 90% истифода бурда шаванд. Барои пешгири аз касалиҳои фузариоз, антракноз ва мағорзанӣ бояд тухмиҳоро пеш аз кишт безарар кардан лозим аст.

Кишт

Ба кишти лубиё ва мош вақте шуруъ менамоянд, ки дар қабати чуқурии ҷойгиршавии тухмӣ ҳарорати хок ба 12-14 0С расад. Киштҳои такрории мош бояд то саршавии моҳи июл ба охир расонида шавад. Усусли асосии кишти лубиё-васеъқатораи байни қаторҳояш 45-60 см мебошад.

Меъёри кишти навъҳои майдатухми лубиё муқарарӣ одатан 70-80 кг\га ва калонтухм 100-120 кг\га мебошад. Ин дар як гектар тухминаи 0,3-0,4млн. тухмӣ қобилияти нешзандоштаро ташкил медиҳад. Дар истеҳсолот баъзан лубиё ба усули тасмагӣ (дуқатора) низ кошта мешавад. Мош бо усули васеъқаторӣ (байни қаторҳояш 45 см.) ё тасмагӣ (дуқатора) кошта мешавад. Меъёри тухмӣ барои кишт аз ҳисоби 0,4-0,5 млн. тухмии қобилияти нешзанӣ дошта (350-400 ҳазор растанӣ дар 1 гектар) муайян карда мешавад. Барои навъҳои майдатухми мош ин ба 16-18 кг\га баробар аст. Бо сабаби дар вақти сабзиш паллаҳои тухмиро болои хок баровардани лубиё онҳоро дар ҷуқурии 4-5 см зери хок мекунанд.

 

Нигоҳубини кишт

 

 

Дар давраи нашъунамои лубиё бояд нигоҳубини хушсифати доимии киштзор таъмин шавад. Вазифаи асосии нигоҳубини ин нарм нигоҳ доштани хок, тоза будани киштзор аз алафҳои бегона, таъмини растаниҳо бо моддаҳои ғизои ва инчунин аз ҳашаротҳои зараррасон ҳимоя намудани ҳосил мебошад.

Коркарди якуми байни қаторҳо дар чуқурии 10-12 см пас аз саросар пайдошавии майсаҳо ва коркардҳои минбаъда дар чуқурии 7-8 см гузаронида мешавад. Обмонии саривақтӣ яке аз омилҳои асосии гирифтани ҳосили баланд аст. Талабот ба об, махсусан аз давраи гулкунӣ то пухта расидан меафзояд.

Вобаста ба шароити хоку иқлим дар давраи нашъунамо ба кишти мошу лубиё аз 4 то 6 маротиба об мемонанд. Дар ҳар як обмонӣ ба ҳар як гектар 600-650 м3 об сарф мешавад.

Дар сурати пайдоиши зарурат оби якум баъди 10-15 рузи пайдоиши саросарии майсаҳо, дуюмаш пеш аз муғҷабандӣ, сеюмаш-дар ибтидои гулкунӣ, боқимондаашро дар дар вақти зарурӣ-давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд.

 

 

Ҷамъоварии ҳосил

 

Ҳосили лубиёро баробари зард шудани аксарияти ғилофакҳо ва сахт шудани донаш ва мошро баробари сиёҳ шудани ғилофакҳо ва сахт шудани донаш ғунучин мекунанд. Агар ин мӯҳлат риоя карда нашавад, ғилофакҳои поёнӣ кафида донҳо мерезанд. Ҳосилро беҳтараш пагоҳӣ ҷаъм овардан лозим.

Читайте также: