Таърихи пахтакории Тоҷикистон

Пахтакори яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ҷумхури ба ҳисоб меравад ва дар иқтисодиёти мамалакат мавқеи муҳим дорад.

Пахта зироати қадимтарин ба ҳисоб меравад. Таърихи киштукори пахта аз замонҳои хеле қадим-давраи палеолит (15-30 ҳазор сол пеш) шуруъ мешавад. Ватани пахта Ҳиндустон мебошад. Мувофиқи ҳафриёти археологи аз асрҳои I-IV мелоди дар Осиёи Миёна пахта кишт мекунанд. Тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим ба пахтакори машғул буданд. Асрҳои VII-X дар қисми шимолии Истаравшан пахта парвариш мекарданд.

Шарқшинос Бартолд қайд мекунад қатъи назар аз он, ки дар натиҷаи истилои муғул (ибтидои асри XIII) соҳаи кишоварзи дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна хароб гардид, дар водии Зарафшон ва поёноби дарёи Аму пахтакори ва тайёр намудани матоъҳои пахтагин равнақ дошт, Бино ба маъхазҳои таърихи, ҳануз аз нимаи дуюми асри XIII дар қатори дигар маҳсулоти кишоварзи аз Осиёи Миёна ба мамлакатҳои ҳамсоя пахта низ содирот мекарданд. Пахтакори хусусан дар аҳди Темур ва Темуриён (асрҳои XIV-XV) ёфт. Пахтаро дар Хатлон, Балх, Шаҳрисабз ва хусусан микдори зиёд дар Самарканд парвариш мекарданд.

Дар ибтидои асри XIX чун давраҳои гузашта, дар заминҳои обии Осиёи Миёна, аз ҷумла ҳудуди имрузаи Тоҷикистон пахтакори ҷои намоёнро ишғол мекард. Дар миёнаи асри XIX дар Хуҷанд пахтакори 11,5 фоизи майдонро ташкил медод.

Баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна талаботи саноати Россия ба пахта хеле афзуд. Дар уезди Хуҷанд «Ширкати аксионерии К.Кудрин ва К» ташкил ёфт. Дар натиҷаи афзудани талаботи саноати бофандагии Россия ба пахта дар Осиёи Миёна киштзори пахта хеле васеъ карда шуд. Агар соли 1884 пахтаи навъи «америкои»-и 450 десятина киштзоррро фаро гирифта бошад, пас соли 1887 микдори он ба 14500 десятина расид. Пахтаи америкои нисбат ба навъҳои маҳалли даромадноктар буд. Дар Тоҷикистон дар ибтидои асри XX чаҳор навъи пахта-бухори, қуқанди, хеваги ва маллағуза кишт мешуд.

Ҳукумати подшоҳи барои беҳтар намудани сифати пахта диққати ҷиддӣ медод. Пахтакори дар аморати Бухоро нисбатан суст тараққи мекард. Набудани роҳи оҳан, паст будани дараҷаи техника ба инкишофи пахтакори монеъ мегардид. Қатъи назар аз ин, аз соли 1890 то соли 1917 замини пахтаи Бухорои Шарқи 15 маротиба (аз 520 то 7600 га) зиёд шуд. Соли 1913 дар ҳудуди ҳозираи Тоҷикистон 26,7 ҳазор гектар, аз ҷумла дар округи Хуҷанд 13.3 ҳазор га, водиҳои Ҳисору Вахш 12 ҳазор га, ноҳияи Кулоб 1500 га пахта кишт мекарданд.

Худи ҳамон сол 32,3 ҳазор тонна пахта (хосилнокиаш ба хисоби миёна 12,1 с/га) гундоштанд.

Ғалбаи Револютсияи Сотсиалистии Октябр дар тараққи додани пахтакори гардиши кулли ба амал овард. Моҳи маи соли 1918 В.И. Ленин ба «Декрет дар бораи ҷудо кардани 50 млн. сумм барои корҳои обёри дар туркистон ва дар бораи ташкили ин корҳо» имзо гузошт. Барои барқарор кардан ва ривоҷ додани пахтакори дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Комитети пахтаи Туркистон ташкил шуд. Моҳи ноябри соли 1920 декрети махсуси Совети Комиссарони Халқи РСФСР «Доир ба барқароркунии пахтакори дар ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистии Туркистон ва Озарбойҷон» қабул гардид. Соли 1924 Маҷлиси умумииттифоқии пахтакорон баргузор гардид, ки он ҷамъбасти плани панҷсоларо оид ба зиёд кардани истеҳсоли пахта дида баромад ва масъалаи нав ба миён гузошт. Соли 1926 ба Тоҷикистон аввалин тракторҳо оварда шуданд, умури агрономии хоҷагихои яккадасти пахтакор ба роҳ монда шуд. Дар инкишофи пахтакори хусусан соли 1929 ташкил шудани 4 МТС (дорои 300 трактор ) аҳамияти калон дошт.

Сохтмони колхози дар ҷумҳури хусусан соли 1930 авҷ гирифт, ин ба пешрафти пахтакори такони бузурге буд. Дар ин солҳо дар ҷумҳури 634 колхоз ташкил шуд, ки 500 тои он ба пахтакори машғул буд. Дар охири панҷсолаи якум талаботи ба пахта доштаи мамлакат пурра қонеъ гардонида шуд. Ҳосили умумии пахта аз 38,6 ҳазор тонна (1928) то 50,6 ҳазор тонна(1932) афзуд.

Панҷсолаи дуюм заминҳои бекорхобидаи водии Вахш азхуд кардашуда, колхозу совхозҳои пахтакори ташкил шуд, ки дар онҳо истеҳсоли пахтаи маҳинах низ ба роҳ монда шуд.

Соли 1931 аз Миср ба води Вахш навъҳои пахтаи «Пимо», «Маарат», «Ашмуни», «Арифи» ва ғайра оварда шуд. Солҳои 1932-1937 истеҳсоли пахта назар ба солҳои 1927-1932 аз 253,5 ҳазор тонна то 515,5 ҳазор тонна расонида шуд. Истеҳсоли пахтаи маҳинах 15 баробар афзоиш ёфт.

Соли 1938 Тоҷикистон ба ватан 178,4 хазор тонна пахта супорид. Хосили миёнаи пахтаи чумхури ба 17,9 с/га расонида шуд, ки дар собиқ шурави ҳосили аз ҳама баланд ба ҳисоб мерафт.

Сохтмони канали калони Фаргона ва Ҳисор (1939-1944) дар пахтазори ҷумҳури роли арзанда бозиданд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани ҳосили умумии пахта кам ва ҳосилнокии он паст шуд. Сентябри соли 1945 Ҳукумати Совети «Доир ба минбаъдтараққи додани пахтакории РСС Тоҷикистон» ва июни соли 1946 «Доир ба план ва тадбирҳои барқароркуни ва инкишофи минбаъдаи пахтакории РСС Точикистон дар солхои 1946-1950 Қарори махсус қабул кард.

Дар солҳои панҷсолаи чорум (1946-1950) замини кишти пахта 31% зиёд шуда, ба 126 ҳазор гектар расид. Ҳосили умумии пахта назар ба давраи то инқилоби 3,3 маротиба афзуд.

Соли 1955 Тоҷикистон 400,3 ҳазор тонна пахта, дар соли 1971 788,1 ҳазор тонна ва дар соли 1978 бошад дар ҷумҳури 909,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст.

Соли 1980 дар таърихи пахтакори соли фаромушнашаванда маҳсуб меёбад. Дар ин сол пахтакорони ҷумҳури истеҳсоли пахтаро ба 1010,6 ҳазор тонна расониданд, ки ба ҳар гектар 32,8 сентнери рост меомад.

Соли 1991 кишти пахта дар ҷумҳури 298,7 ҳазор гектар ва истеҳсоли он 825,1 ҳазор тоннаро ташкил кард, ҳосилноки ба 27,5 сетнери расид. Соли 1999 майдони пахтазор 247,5 ҳазор гектарро ташкил кард ва ҳамаги 316,6 тонна пахта истеҳсол карда шуд.Дар таърихи пахтакории ҷумҳури ҳосили пастарин (12,8 с/га) гирифта шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 4 марти соли 2002, тати №80 «Барномаи рушди сохаи пахтакориро дар Чумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» тасдиқ намуд. Тибқи Барнома то соли 2005 истеҳсоли пахта бояд ба 700 ҳазор тонна расонда шавад.

Умуман сатҳи пастравии соҳаи пахтакори дар ҷумҳури боздошта шуд. Соли 2002 — 515,5 ҳазор тонна, соли 2003 – 537,4 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд.

Соли 2004 пахтакорон дар майдони 293227 гектар пахта кишт караданд ва бад-ин минвол мехоҳанд истеҳсоли онро ба 610 ҳазор тонна расонанд.

Соҳаи коркарди пахта – пахтакори дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳури ба шумор меравд. Даромад аз фуруши маҳсулоти асосии он – нах, инчунин чигит, тибит ва ғайра ба миқдори 20- 25 фоизи даромади солонаи миллиро ташкил медиҳад. Бар ивази содироти нах, тибит ва тораки пахта ба ҷумҳури маводи хурока, сузишвори, нуриҳои маъдани, захрхимикатҳо, техника ва қисмҳои эҳтиётии он, тибби, мудофиа ва ғайра ворид мешаванд. Аз пахта ба воситаи коркард беш аз 300 намуди маҳсулоти хочагии халқ истехсол мешавад.

Читайте также: