Тантанаи ҷашни истиқлолият дар Вазорати кишоварзӣ

Санаи 06.09.2017 дар маҷлисгоҳи калони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва Роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Сатторӣ И оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику шодбош гуфтанд, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории он, нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, махсусан кайд карданд: Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёти ҷомеа ва сиёсати дохиливу хориҷӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ҳамзамон самтҳои афзалиятноку муҳимтарини рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон, яъне ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мардуми шарифамон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд.
Маҳз бо саъю талош ва дастгириҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз симои ҷумҳурии азизамон бакуллӣ тағйир ёфта, сокинони он дар руҳияи орому осоиштагӣ ва фазои якдигарфаҳмию сулҳу ваҳдат умр ба сар бурда, ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ноил гардид ва дар арсаи байналмилалӣ сатҳи волотарро касб намуд. Дар ин сол қабул гардидани ташаббуси дигари сарвари кишвар «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор (2018-2028)» аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мо Тоҷикистониёнро нерўи дигар бахшид. Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуданд.

Читайте также: