Технологияи парвариши маъсар (сафлор)

Маъсар асосан барои аз донаш гирифтани равған парвариш карда шуда, аҳамияти калони озуқаворӣ ва саноатӣ дорад. Тумии маъсар 30-35 фоиз, мағзи донаш 50-54 фоиз равғани нимхушкшаванда ва то 12 фоиз сафеда мавҷуд аст. Равғани мағзи донаш дар тайёр кардани таомҳо ва равғани маргарин истифода бурда мешавад, равғани дони пустдори он таъми талх дорад ва дар саноати лаку ранг собунпазию истеҳсоли линолиум истифода бурда мешавад.

Тухми маъсар барои мурғон хӯроки пурқимат аст. Қунҷораи маъсар серғизои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ аст. Таъми талх дорад, аз ин рӯ ба чорво кам кам мехӯронанд.

 

Навъҳо

        «Милютинский-114». Ин навъ дар Пажуҳишгоҳи зироатчигии Узбекистон бо усули интихоби инфродӣ аз намунаҳои мисрии Пажуишгоҳи умумиттифоқии растанипарварӣ (ВИР) рӯёнида шудааст. Дар ҷумҳурии мо соли 1950 барои парвариш дар вилояти Суғд ноҳиябандӣ карда шудааст. Қади растанӣ 42-70 см буда, сабадчааш манорашакли бехор аст. Ранги гулаш норинҷии сурх буда, тухмиҳояш сафеданд. Вазни 1000 дона тухмиаш 40-52 гр. аст. Дар тухмаш 30-34 фоиз равған дорад. Ба хушки тобовар буда, давраи нашъунамоаш то 116 рӯз аст.

«Шифо» Ин навъ дар Институти зироаткорӣ бо усули интихоби инфродӣ аз намунаҳои № 494, соли 2004 ноҳиябандӣ карда шуда, қади баланд дорад. Дар заминҳои лалмӣ қадаш то 130-140 см мерасад. Дар як растанӣ то 20-30 сабадча ҳосил мекунад. Донаш сафед, мағзи донаш то 55-60 фоиз равнған дорад. Вазни 1000 донаш 40-46 гр ташкил медиҳад. Давраи нашъунамоаш 112 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳосилнокиаш дар заминҳои лалмӣ 15-18 с\га ташкил медиҳад.

«Ёр» Ин навъ бо усули интихоби инфродӣ аз намунаҳои навъҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Дарғара рӯёнида шудааст. Баландии қадаш дар заминҳои лалмӣ то 70-100 см ва дар заминҳои обӣ то 120-15 см мерасад. Донша сафед, мағзи донаш то 55-60 фоиз ва донаш 28-33 фоиз ранған дорад. Ба хушки тобовар буда, давраи нашъунамоаш то 85-100 рӯз аст.

 

Хусусиятҳои биологӣ

 

        Нисбати дигар зироатҳои равғандор маъсар растании ба хушкию гармӣ тобовар буда, ба иқлими континенталии хушк мутобиқ аст. Аз ин рӯ вай дар заминҳои лалмии аз намӣ нимтаъмин низ парвариш карда мешавад.

Маъсар дар баҳор баробари дигар зироатҳои аввалибаҳорӣ ҳангоми дар чуқурии 6-8 см то 5-6 0С гарм шудани ҳарорати хок кошта мешавад. Талаботҳои ба гармӣ дар давраи гулкунӣ пухтани тухмиҳо меафзояд. Ниҳолаш баҳор сармои 4-50 С-ро аз сар мегузаронад.

Маъсар растании кӯтоҳ рӯз аст. Вай ба сохтори хок талаботи кам дошта, дар хокҳои гуногун нашъунамо мекунад. Дар заминҳои турш, оби зеризаминиашон баланд парвариши он тавсия дода намешавад.

Вобаста ба навъҳо ва шароити парвариш давраи пурраи нашъунамои навъҳо миёнапаз 110-130 рӯз ва навъҳои миёнаю-дерпаз 140-145 рӯз давом мекунад. Дар растанӣ гулкунӣ аз сабадчаҳои пояи асосӣ сар шуда, баъд дар сабадчаҳои шохаҳои паҳлуи давом меёбад.

 

Хусусияти агротехникӣ

Маъсар дар киштгардон майдонҳои коркардшаванда баъд аз зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо, юнучқа ва зароатҳои байни қаторашон коркардшаванда ҷойгир карда мешаванд.

Коркарди хок барои кишти аввали баҳори он аз гузаронидани шудгори тирамоҳӣ дар ҷуқурии 28-30 см бо плуги ПЯ-3-35 гузаронида шуда, нармкунии пеш аз киштӣ бо сихмола дар чуқурии 6-8 см иборат аст.

Пеш аз шудгор ба майдонҳо 40-50 кг\га фосфор ва пеш аз нармкунии пеш аз киштӣ 35- 40 кг нитроген мепошанд.

Вақти кишти маъсар ба мӯҳлати кишти зироатҳои ғалладонагии аввали баҳор мувофиқ аст. Бо мурури дар чуқурии ҷойгиршавии тухмиҳо 4-50С будани ҳарорат ба кишт сар мекунанд. Аз мӯҳлатҳои муносиб дер сар кардани кишт боиси норасоии намӣ, паҳншавии алафҳои бегонаю ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, суст инкишофёбии ва камҳосилии маъсар мегардад.

Дар минтақаҳои ҳамвори заминҳои лалмии аз намӣ таъмин кишти он дар мӯҳлатҳои охири тирамоҳ ва пеш аз зимистон натиҷаҳои хуб медиҳад.

Маъсарро бо усусли васеъ ҷӯяк байни қаторҳояш 45-60 см бо тухмипошаки СУПН-8, СПЧ-6М, СЗ-3,6, СОН-3,6 истифода бурда, дар чуқурии 5-6 см зери хок карда мешавад. Меъёри кишти тухмӣ барои дон 10-14 кг / га мебошад.

 

Нигоҳубин ва ғунучини ҳосил

Агар дар киштзор сафолак пайдо шавад, онро тавассути сихмолаҳои сабук мешикананд. Дар киштҳои васеъҷӯяк (дар давраи нашъунамо) ба воситаи нармкунакҳо байни қаторҳо 1-2 маротиба нарм карда мешавад.

Ҳангоми пурра пухтани тухмӣ ба ғуничини он сар мекунанд. Аз рӯи зардшавии растаниҳо, сабадчаҳо ва пайдо шудани ранги муқаррарии тухмиҳо вақти ғуничини ҳосил муайян карда мешавад.

Маъсар бо усусли якдаврагӣ бо комбайнҳои ғалладарав даравида мешавад.

Читайте также: