Технологияи парвариши пиёз

Пиёзи бехӣ яке аз зироатҳои сабзавотии хеле васеъ паҳн гашта, дар олам мебошад. Он ба қатори зироатҳое мебошад, ки зиёда аз 4 ҳазор сол инҷониб кишт карда мешавад. Ватани пиёз Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон мебошад. Пиёзи бехӣ дар шароити Тоҷикистон қариб, ки тамоми сол парвариш карда мешавад. Дар тибби халқӣ пиёзи кабуд ва оби он барои муолиҷаи касалиҳои дарунрав, сил (туберкулез), диққи нафас, зуком ва дигар касалиҳо васеъ истифода бурда мешавад.

 

Аз рӯи гуфтаҳои Абӯали Ибни Сино пиёз бинобар тунд (тез) буданаш, меъдаро мустаҳкам, иштиҳои одамро беҳтар мекунад, аз касалии зардпарвин муҳофизат менамояд. Дар таркиби пиёзи бехӣ 14 – 16,5 % моддаҳои хушк, 7,8 – 11,1 % қанд (аз он ҷумла 4,8 – 8,2 % сахароза), то 3,0 – 4,5 % сафеда, 0,4 — 0,5 % равған, 0,6 % клечатка ва 0,7% моддаҳои минералӣ (калиӣ, сулфур, фосфор, калтсий, мис, оҳан, руҳ, алюминий ва ғайра) дорад. Пиёз аз витаминҳои В1, В2, В6, С, РР, Е бой буда, ба миқдори зиёд дар бехаш аз 1,3 то 6,9 мг%, дар барги сабзаш аз 19 то 57 мг% витамини С (кислотаи аскорбонат) дорад.

Пиёз яке аз маъмултарин зироати ҷумҳурӣ буда, хело фаровон истеъмол мешавад. Пиёзро қариб дар ҳама намуди таомҳои миллӣ истифода мебаранд. Пиёз таомро хуштамъу ҳозим,турушии шираи меъдаро зиёд ва қобилияти хӯрокҳазмкунии организмро зиёд мекунад.

 Хусусиятҳои биологии пиёз

Пиёзи бехӣ зироати сабзавотии сармобардор буда, тухмии он дар ҳарорати 3 – 50 С гармӣ аз замин неш зада мебарояд. Пиёз дар ҳарорати 19 – 20 дараҷаи гармӣ нағз сабзида нашъунамо мекунад; дар ҳарорати 20 – 25 дараҷа гармӣ бехаш мерасад. Ниҳоли пиёзи як – дубарга ба сармои – 1 – 2 дараҷа хунукӣ ва баргу бехи расидааш ба сармои – 6 – 7 дараҷа хунукӣ тоб меоварад. Дар давраи нешзани ва сабзиши тухмӣ пиёз ба намии хок серталаб аст. Бинобар ин ҳангоми сабзиши тухмии пиёз намнокии замин бояд 80 – 90% бошад. Дар давраи расидани бехи пиёз намии зиёд зарар дорад.

 Навъҳои пиёзи бехӣ

Аз рӯи истифода навъҳои пиёзи бехиро барои истифодабарии хӯрока, барои нигоҳдорӣ зимистон ва барои содирот ба берун аз ҷумҳурӣ истифода мебаранд. Аз рӯи давомнокии давраи нашъунамо пиёз ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешавад; ба пешпаз, миёнапаз ва дерпаз.

Навъҳои пиёзе, ки бештар дар шароити иқлими Тоҷикистон парвариш карда мешавад.

1.(Кишти тирамоҳӣ)

 

 

Навъҳо

Дар кадом мамлакат офарида шудааст Гӯруҳи пӯхта расиш Давраи нашъунамо (рӯз)  

Ҳосилнокии миёна (с/га)

1 Пешпазак Тоҷикистон пешпаз 210 – 225 400 – 500
2 Аброрӣ Тоҷикистон пешпаз 200 – 215 400 – 500
3 Дустӣ Тоҷикистон пешпаз 85 – 108 200 – 350
4 Ҳисорӣ Тоҷикистон миёнапаз 250 – 265 500 – 700
5 Испании — 313 Россия дерпаз 260 – 270 300 – 500
6 Самарқанди сурх Узбекистон дерпаз 105 — 115 280 — 350

 

 

 

 

Навъҳо

Дар кадом мамлакат офарида шудааст Гӯруҳи пӯхта расиш Давраи нашъунамо (рӯз)  

Ҳосилнокии миёна (с/га)

1 Дӯстӣ Тоҷикистон пешпаз 145 – 160 400 – 500
2 Ҳисорӣ Тоҷикистон миёнапаз 154 – 165 500 – 600
3 Испанӣ – 313 Россия дерпаз 170 – 180 300 – 350
4 Самарқандӣ сурх Узбекистон дерпаз 150 – 169 280 – 350

 

 

1.(Кишти баҳорӣ)

 

Навъи «Испанӣ – 313». Ин наъи пиёз дерпаз буда, аз пайдоиши ниҳолҳо то пухта расидани ҳосили он дар вақти кишти тирамоҳӣ (октябр – ноябр) 270 – 280 рӯз ва дар вақти кишти баҳорӣ (феврал – март) 170 – 180 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳосилнокиаш ба мӯҳлати кишт, замини кишт, нигоҳубини растаниҳо, зичии ниҳолҳо вобаста буда, аз 300 то 500 кг — ро аз як сотих ташкил медиҳад.

Навъи Самарқандии сурх. Ин навъи дерпаз буда, давраи нашъунамояш аз баромадани ниҳолҳо то пухта расидани ҳосили он 150 – 160 рӯзро ташкил медиҳад. Ин навъ ба хунукӣ тобовар мебошад. Давомнокии давраи нашъунамои он дар вақти кишти тирамоҳӣ дар моҳҳои октябр ноябр 260 – 270 рӯзро ташкил менамояд. Ҳосилнокиаш 280 – 350 сентнер аз як гектар ва дар вақти нигоҳубини хуб аз ин ҳам зиёд мебошад. Ба хунуки тобовар буда, мӯҳлати нигоҳдориаш низ дароз аст. Ранги бехиаш сурхи ҷигарӣ мебошад.

Навъи «пешпазак». Навъ дар Инситути боғпарварию сабзавоткории АИКТ офарида шудааст. Ин навъи тирамоҳӣ буда, фақат дар кишти тирамоҳӣ дар моҳҳои сентябр кишт карда мешавад. Дар вақти кишти баҳорӣ аз он ҳосил гирифта намешавад. Ин навъи пешпаз буда, давраи нашъунамояш ҳангоми кишт дар моҳҳои сентябр – авали октябр аз неш зада баромадани ниҳолҳо то пухта расидани бехмеваи пиёз 210 – 225 рӯз мебошад. Вазни миёнаи як бех пиёз метавонад 100 – 120 грамм бошад. Ҳосилнокиаш метавонад 400 – 500 кг аз як сотих замин бошад. Ин навъи пиёз барои истеъмол дар моҳҳои май – октябр ва барои содирот бештар истифода бурда мешавад.

Навъи «Аброри» дар инситути боғпарварию сабзавоткории АИКТ офарида шудааст. Ин навъи пешпазаки тирамоҳӣ буда вақат дар кишти тирамоҳӣ дар моҳи сентябр кишт карда мешавад. Дар вақти кишти баҳорӣ ин навъ ба монанди навъи «пешпазак» ҳосил намедиҳад ва навъи пешпаз буда, давраи нашъунамояш ҳангоми кишт дар моҳҳои сентябр – аввали октябр аз неш зада баромадани ниҳолҳо то пухта расидани бехмеваи пиёз 210 – 215 рӯз мебошад. Вазни миёнаи як бехпиёз метавонад 100 – 150 грамм бошад. Ҳосилнокиаш метавонад то 400 – 500 кг аз як сотих замин ва дар ҳолати нигоҳубини хуб зиёд бошад. Ин навъи пиёз барои истеъмол дар моҳҳои апрел – октябр ва барои содирот бештар истифода бурда мешавад.

Навъи «Дӯстӣ» дар инситути боғпарварию сабзавоткории АИКТ офарида шудааст. Ин навъи баҳорӣ буда, дар моҳҳои декабр, феврал ва март кишт карда мешавад. Ин навъи миёнаи дерпаз буда, давраи нашъунамояш аз неш зада баромадани ниҳолҳо то пухта расидани бехмеваи пиёз 145 – 160 рӯз мебошад. Вазни миёнаи як бехпиёз метавонад 100 – 200 грамм бошад. Ҳосилнокиаш метавонад 400 – 500 кг ва аз ин ҳам зиёд аз як сотих замин бошад. Ин навъи пиёз барои истеъмол дар моҳҳои сентябр – март бештар истифода бурда мешавад.

 

 Мӯҳлатҳои кишти пиёз

Дар шароити вилояти Хатлон пиёз дар се мӯҳлат кишт карда мешавад:

1)    Аввали тирамоҳӣ (аввал ва охири моҳи сентябр)

2)    Тирамоҳӣ (охири сентябр ва нимаи дуюми моҳи октябр)

3)    Аввали баҳорӣ (аввал ва охири феврал – авали март)

Ба кишти аввали баҳорӣ кишти зимистониро низ дохил кардан мумкин, ки кишт аз охирҳои декабр то аввалҳои феврал, ки дар шароити хуби боду ҳаво истифода бурда кишт карда мешавад. Дар ин сабзиш аз аввали баҳор сар мешавад ва ин омили ба даст овардани ҳосили баланди пиёз мебошад. Аз мӯҳлатҳои кишти пиёз истифода бурда бояд, ки хусусиятҳои муҳими навъҳои пиёз омухта шаванд. Дар вақти кишти аввали тирамоҳӣ фақат навъҳои тирамоҳии «Пешпазак» ё ба он навъ монанд «Аброрӣ», «Ҳисорӣ» ва ё навъҳои растаниҳое, ки дар шароити рӯзҳои кӯтоҳи тирамоҳ нағз нашъунамо ёфта ҳосил медиҳанд, кишт карда мешаванд. Ҳангоми кишти тирамоҳи (миёнаи моҳҳои октябр ва аввали моҳи ноябр) кишти навъҳои дигари пиёз гузаронида мешавад, ба монанди: (Испании – 313, Дӯстӣ, Самарқандии сурх ва ғайраҳо) ба ғайр аз навъи «Пешпазак ва Аброрӣ». Кишти тирамоҳӣ имконият медиҳад, ки дар моҳҳои июл – август ҳосили баланду босифати бехии пиёз гирифта шавад.

Ҳангоми кишти аввали баҳорӣ низ аз навъҳои дар боло зикр шуда истифода бурда, ҳосили онро дар охири моҳи август ва сентябр ҷамъовари намуда, онро дар фасли тирамоҳу зимистон нигоҳ доранд.

 Меъёри кишти пиёз

Меъёри кишти тухмии пиёз аз намуди кишти он вобастаги дорад. Ҳангоми кишти тирамоҳӣ дар як гектар 16 – 18 кг (160 – 180 гр дар як сотих) тухмӣ кишт карда мешавад. Вақти кишти баҳорӣ бошад, 10 – 12 кг/га (100 – 120 гр/сотих) тухмӣ кишт кардан лозим. Тухмӣ бояд, ки дар чуқурии 1,5 – 2 см корида шавад, зичии мӯътадили ниҳолҳо дар як гектар барои гирифтани ҳосили баланд аз 1 – 1,5 млн. (10000 – 15000 дар як сотих) растанӣ кам набошад.

Тайёр кардани тухмӣ барои кишт

Барои гирифтани ҳосили баланду босифати пиёз тухмии он бояд ҳатман барои кишт тайёр карда шавад. Тухми барои кишт бояд тоза, пурра ва қобилияти сабзиши хуб дошта бошад. Ҳамчунин бояд босифат ва қобилияти сабзиши на кам аз 90 то 95% бошад. Бо ин мақсад пеш аз кишт дар озмоишгоҳ санҷидан лозим, ки оё тухмии истифода шудагӣ қобилияти сабзиш дорад ё не.

 Киштгардон

Дар киштгардон пиёз баъди зироатҳое бояд кишт карда шавад, ки бештар нуриҳои органикӣ пошида шавад, ба монанди картошка, карам, помидор, бодиринг ва ин зироатҳо заминро низ аз алафҳои бегона кам мекунанд. Дар як замин кишти пиёз бояд на кам, баъд аз 3 – 4 сол гузаронида шавад.

Тайёр кардани замин ва кишти пиёз

Аз сабабе, ки пиёзи бехӣ дар муҳлатҳои гуногун парвариш карда мешавад (аввали тирамоҳ, тирамоҳу баҳор), тайёр кардани замин барои кишти пиёз хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар вақти кишти аввали тирамоҳӣ ва тирамоҳии пиёз тайёрии асосӣ ва пеш аз кишт замин аз амалиётҳои зерин иборат мебошад: бо дискаҳо майда кардани боқимондаҳои растаниҳои пешина, пошидани нуриҳои фосфори ва калийги, чизел кардан, кашидани ҷӯякҳо, обдиҳии фиребӣ барои сабзондани тухмии алафҳои бегона. (Провакаӣионнқе поливқ). Шудгор ё побел кардани замин дар чуқурии 28 – 35 см, баъд аз он гузаронидани чизели ду каратаи замин, молакуни ва ҳамворкунии замин. Ба воситаи култиватор кашидани ҷуякҳо схемаи 60 – 70 см барои кишти тухмии пиёз.

Дар вақти кишти баҳории пиёз ҳамаи ҳамин корҳоро бо навбат ба ғайр аз обдиҳии фиребӣ (Провакаӣионнқе поливқ) гузаронидан лозим аст. Агар имконият бошад ҷӯякҳоро барои кишти пиёз аз тирамоҳ кашида мондан лозим.

Интихоби замин

Пиёз дар заминҳое, ки хокашон сабук ва чуқур ҷойгир шудани обҳои зеризамини хуб нашъунамоёфта ҳосили баланд медиҳад. Дар заминҳои ботлоқӣ ва дар сатҳи баланд ҷойгир шудани обҳои зеризамини ниҳолҳо хело суст нашъунамо ёфта, ба сафолаки сахти замин дучор шуда, зичии ниҳолҳо хело кам ва ҳосили он ниҳоят паст мешавад.

Асоси гирифтани ҳосили баланд ин сари вақт бо сифати баланд тайёр намудани замин барои кишт мебошад. Замини кишти пиёзи тирамоҳӣ дар охирҳои моҳи август ва аввали моҳи сентябр бояд тайёр карда шавад, он аз пошидани нуриҳои минералӣ (фосфори – амоффос аз рӯи миқдори 2 – 3 кг дар як сотих), шудгори чуқур ё побел кардани замин 25 – 30 см, чизелу сихчапар кардан ва тайёр кардани хатҳо барои кишти тухмӣ.

Барои кишти пиёзи баҳорӣ тайёр кардани заминро аз тирамоҳ лозим аст, чунки дар натиҷаи сербориш омадани сол ва аз ҳад зиёд шудани намии замин дар охири тирамоҳу аввали баҳор тайёр кардани замин мушкил гардида, мӯҳлатҳои асосии кишт мегузарад ва ин боиси кам шудани ҳосили пиёз мегардад.

Кишти тухмии пиёз

Кишти пиёзи бехӣ асосан баҳору тирамоҳ гузаронида мешавад. Кишти тухмӣ дар заминҳои ҳаҷмашон хурд дастӣ ва дар заминҳои ҳаҷмашон калон (як тире 10 га) ба воситаи тухмипошакҳо гузаронида мешавад.

Тухми пиёз асосан аз рӯи нақшаи 70 + 20 см ва 60 + 20 см гузаронида мешавад. Тухмиро дасти бо ду роҳ мепошанд.

1)    Тухмиро аз меъёри кишт ва мӯҳлати кишти он, дар кишти тирамоҳӣ аз рӯи 160 – 180 сотих (16 – 18 кг/га) ҳисоб карда заминро чен карда пошида ва болои онро 1 – 1,5 см бо хок пошидан лозим аст.

2)    Як килограмм тухмиро гирифта, дар 10 кг хоки намдор омехта карда, аз рӯи меъёри кишт заминро чен карда пошидан лозим аст.

 

Истифода нуриҳои минераӣ

Пиёз ниҳоят ба нуриҳои органикӣ ва минералӣ эҳтиёҷи калон дорад. Бо мақсади гирифтани ҳосили баланду босифат ва хуб пухта расидани бехи пиёз ва якхела будани ҳосил замини кишти онро аз алафҳои бегона зиёд накардан, поруи маҳаллиро дар зироатҳои пеш аз пиёз киштшаванда ба монанди картошка, помидор, бодиринг ва дигар зироатҳо аз рӯи нормаи 40 – 50 т/га (400 – 500 кг дар як сотих) зарур мебошад. Барои ҳамин дар замини кишти пиёз фақат нуриҳои минералӣ пошидан зарур мебошад. Дар замини кишти пиёз се маротиба нурии минералӣ ба монанди азотӣ, фосфорӣ ва калийки додан зарур мебошад. Барои гирифтани ҳосили баланду босифати пиёзи бехӣ бояд, ки 500 – 600 кг (5 – 6 кг/сотих) нуриҳои азотӣ, 400 – 500 кг/га (4 – 5 га/сотих) нуриҳои фосфорӣ ва 100 – 150 кг/га (1 – 1,5 кг/сотих) нуриҳои калийги зарур мебошад.

Қисми асоси 70% фоиз нуриҳои фосфорӣ ва калийгӣ дар вақти шудгори замин андохта мешаванд. Қисми боқимондаи нуриҳои фосфорӣ ва калийгиро дар вақти ғизодиҳи додан лозим зарур мебошад.

Ғизодиҳии якумро баъди хишоваи якуми алафҳои бегона дар вақти 3 – 4 барг баровардани ниҳолҳо додан зарур аст. Аз ҳисоби 200 – 250 кг/га (2 – 2,5 кг/сотих) селитраи аммиакӣ, 100 – 150 кг/га (1 – 1,5 кг/сотих) нуриҳои фосфорӣ).

Озуқадиҳии дуюмро бошад баъди 20 – 25 рӯзи озуқаи якум аз ҳисоби 150 – 200 кг га (1,5 – 2 кг/сотих) селитраи аммиакӣ, 100 – 150 кг (1 – 1,5 кг/сотих) нуриҳои фосфорӣ пошидан зарур аст.

Озуқадиҳии сеюмро бошад, дар вақти бехгирии пиёз аз рӯи меъёрии 100 – 150 кг/га (1 – 1,5 кг/сотих) селитраи аммиакӣ, 100 – 120 кг/га (1 – 1,2 кг/сотих) нуриҳои фосфорӣ пошидан зарур аст.

Барои хуб нашъунамои пиёз ва ҳосили баланду босифат гирифтан бояд, ки аз нуриҳои азотӣ, селитраи аммиакӣ ва аз нуриҳои фосфори бошад аммофос ё нитроаммофосро истифода бурдан лозим аст. Истифодаи карбамид (мочевина) – ро дар кишти пиёз истифода бурдан ба маврид нест чунки он метавонад мӯҳлати ҳосилбандиро гузаронад. Агар он истифода бурда шавад ҳам фақат дар озуқа диҳии якум аз рӯи меъёри 100 кг/га (1 кг/сотих) пошидан лозим аст.

Обмонии пиёз

Дар вақти парвариш дар кишти аввали тирамоҳӣ дар 10 – 20 сентябр онро ҳатман об додан зарур мебошад. Навъҳои «Пешпазак» ва «Аброрӣ» ва ба ин навъҳо монанд дар рӯзи 8 – 9 баъди кишти он тахминан 15 – 20% ва рӯзи 12 – ум 100% неш зада мебароянд. Дар кишти тирамоҳӣ вобаста ба талаботи он 4 – 5 маротиба об мондан зарур мебошад. Дар баҳор бошад, обдиҳии пиёзи тирамоҳиро дар вилояти Хатлон аз моҳи март 8 – 10 маротиба об мондан лозим аст.

Кишти пиёзи дар моҳҳои февралу март гузаронидаро вобаста ба ҳарорати ҳаво нигоҳ карда об додан лозим аст. Агар пиёз дар моҳҳи декабр кишт карда шавад, об мондан даркор нест чунки он неш зада баромаданаш мумкин ва дар хунукиҳои сахт решаҳои онҳо, ки ба замин сат на часпидаанд, ҳангоми яхбандии замин ба болои замин баромада нобуд мешаванд. Аз ҳамин сабабҳо обмонии пиёзи баҳориро аз охирҳои моҳи март апрел сар карда вобаста бо обу ҳаво ва ҳарорати гармии сол то миёнаҳо ва охирҳои моҳи сентябр гузаронидан лозим аст.

Дар давраи аввали обмони фосилаи байни ҳар обдиҳӣ 8 – 10 рӯз ва ҳангоми бехгири ниҳолҳо баъди ҳар 6 – 7 рӯз мебошад. Дар давраи нашъунамои пиёзи баҳорӣ бояд, ки 16 – 18 маротиба аз рӯи меъёри 500 – 600 м3/га об додан зарур аст. Дар вақте, ки 15 – 20% ниҳолҳои пиёз пухта мерасанд онҳо меғалтанд. Аз ин лиҳоз обдиҳии онро 2 – 3 ҳафта пеш аз ҷамъоварии ҳосил онро қатъ кардан лозим аст. Агар дар ин муддат об дода шавад дар пиёзи пӯхта расида решаҳои нав пайдо мешавад ва дар вақти нигоҳдорӣ он дер намеистад.

Нигоҳубини пиёз

Нигоҳубини пиёз аз кишти он дар мӯҳлатҳои муайян, хишова ва нест кардани алафҳои бегона иборат мебошад. Истифодаи пурсамари нуриҳои минералӣ, обдиҳии ниҳолҳо, мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳо ва инчунин дар сари вақт ҷамоварии ҳосил яке аз чорабиниҳои асосии парвариши пиёз ба ҳисоб меравад.

Асоси агротехникаи парвариши пиёзро таъмин намудани сабзиши муътадили ниҳолҳо дар киштзор мебошад. Зичии ниҳолҳо бояд дар як метри мурабаъ 100 – 150 ҷойи ниҳолро ташкил кунад. Омили дигари ҳосили баланд ин хишоваи алафҳои бегонаи майдони пиёз аст ва ин амалро якҷоя бо тоқа кунии ниҳолҳо низ гузаронидан бо маврид аст. Ягона кардани ниҳолҳои пиёзро дар моҳҳои март апрел барои пиёзи тирамоҳӣ ва апрел май барои пиёзи баҳорӣ гузаронидан зарур мебошад. Баъди ҳар як хишова ва ягона кардани ниҳолҳо пошидани нуриҳои минералӣ ва об додан зарур мебошад. Дар вақте, ки 15 – 20% ниҳолҳои пиёз дар вақти пӯхта расидан меғалтад обдиҳии онро қат кардан лозим ин тахминан 2 – 3 ҳафта ба пеш аз чидани ҳосил рост меояд. Агар дар ин муддат об дода шавад дар пиёзи пӯхта расида решаҳои нав пайдо мешавад, дар вақти нигоҳдории он дер намеистад.

 

Вақти ғунучини ҳосили пиёз

Пиёзи аввали тирамоҳиро аз ниммаи моҳҳои апрел, май то авали моҳи июн ва пиёзи тирамоҳиро охирҳои моҳи август – сентябр ва аввали моҳи октябр ҷамъовари кардан зарур мебошад.

Дар вақти 30 – 40% ниҳолҳо ғалтидан ҷамъовариросар кардан лозим аст. Чунки агар ҷамъоварӣ дер гузаронида шавад, он гоҳ пиёз нағз намеистад ва сифати хупро гумм мекунад.

Пиёзро ҳамроҳи баргу пояаш чида дар замин 7 – 10 рӯз хушк кардан лозим аст. Дар замин онро бо алаф пушонидан лозим, ки дар офтоб насӯзад. Баъди хушк шудан баргу пояи онро қайчи карда ба қисмҳо ҷудо мекунанд. Дар шароити хона пиёзро ҳамел ҳам мекунанд ва нигоҳдории ин пиёз дер давом мекунад, инчунин сифаташ дер вайрон намешавад.

 

 

 

 

 

Касалиҳои пиёз

Гардиши қалбакии (Переноспориоз)

Яке аз касалиҳои хавфноктарин буда аз ҳама бештар кишти пиёз зарари калон расонида, ҳосили онро қариб, ки ба пуррагӣ несту нобуд мекунад. Ин касалии замбуруғӣ буда дар паст фаромадани ҳарорати ҳаво ва аз ҳад зиёди намӣ ва боронгарии зиёд он зуд афзоиш ёфта ба нест шудани ҳосил мусоидат мекунад. Ангезандаи он Pӯқonspoқa dӯstқғctoқ. Тавассути пиёзак ва боқимонда растанӣ паҳн мешавад. Дар барг ниҳолҳо ва гулпояҳои пиёзи тухмӣ доғи равғани хокистаранг ва гарди ғафси бунавши хокистари мушоҳида мегардад. Узвҳои осебдида зард ва хушк гардида нобуд мешаванд.

Чораҳои мубориза:

  • Ҷорӣ кардани ситемаи киштгардон дар парвариши пиёз.
  • Истифода бурдани фунгидсидҳо ба монанди Арсерид, Ридомил, Голд – Мӣ – 60, Даконил бо маҳлулҳои 0,2 – 0,3% онҳо. Дар 10 – 12 литр об 20 – 30 грамм ин заҳрхимикатҳоро истифода бурдан лозим мешавад. Барои он, ки ин таҳсири ин заҳрхимикатҳо хубтар шавад дар вақти истифода бурдани онҳо ба он як кошқи майда айна ҳамроҳ кардан лозим аст, чунки барги пиёз ба монанди перо буда об зуд ба замин мерезад ва айна онро ба баргҳои пиёз мечаспонад ва фоидаи истифодабарии ин заҳрхимикатҳо зиёдмешавад. Ин амалро дар давраи нашъунамои пиёз дар вилояти Хатлон 4 – 5 маротиба гузаронидан лозим аст.

Ҳашаротҳои зараррасони пиёз

Трипсии тамоку (Thқips taӣaci)

Як намуди ҳашароти зараррасон буда дарозии баданаш тақрибан як мм, рангаш зардча болаш борики шилшиладор, кирминааш бе бол аст. Тухмаш лӯбиёшакл сафедшакл (дарозиаш 0,21 — ,25 мм). Трипсии тамоку дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст. Тақрибан ба 400 намуди растанӣ (аз ҷумла пахта, юнучқа, бодиринг, каду, харбуза, пиёз, картошка, карам, помидор) зарар мерасонад. Дар шароити Тоҷикистон трипси тамоку 10 маротиба насл медиҳад. Трипси тамоку ва кирминаи он шираи растаниҳоро макида онро тадриҷан заиф мегардонад. Дар натиҷа ҳосили зироат кам ва сифати он паст мешавад. Трипси тамоку гузаронандаи бисёр касалиҳои вируси низ мебошад. Он дар кишти пиёз дар моҳи март то охири давраи нашъунамои он пайдо шуда зарари худро мерасонад.

Чораҳои мубориза

Барои несту нобуд кардани трипси тамоку асосан аз воситаҳои химияви пестидситҳоро истифода бурдан мувофиқи мақсад аст. Маҳлули 0,2% — аи Нурелл – Д, Десис, БИ – 58 Новқй аз рӯи меъёри 20 мл дар 10 литр об омехта карда пошидан зарур мебошад.

Як нуқтаро қайд кардан лозим мебошад, ки дар парвариши пиёзи бехӣ ва тухмӣ пеститситҳои Нурелл – Д, Десис ва БИ – 58 – ро бо фунгидсидҳои Арсерид, Ридомил – Голд ва Даконил якҷоя карда истифода бурдан лозим аст, онҳо хуб омехта мешаванд ва бо як маротиба пошидани ин заҳрхимикатҳо ҳам касали ҳам ҳашаротҳои зараррасон нест карда мешаванд.

Пашаи пиёз

Ин намуди ҳашарот асосан ба барг, бехӣ пиёз ва пиёзи тухмӣ осеб мерасонад. Паша он қадар калон набуда, дарозиаш 1,5 – 2 мм, тухмаш хело хурд буда сафед дарозиаш 0,3 – 0,4 мм, кирминааш сафед буда, дарозиаш 7 – 8 мм мебошад. Дар саҳро зери пиёз дар шакли зоча зимистонро мегузаронад. Парвози пашаҳо аз моҳи апрел сар шуда то охирҳои моҳи май ва июн давом мекунад. Онҳо барги пиёзро хурда ба монанди хати сафед нишона мегузорандкирминаи он ба дохили барг ва бехи пиёз даромада ба он осеб расонида сифати молии онро паст мекунад.

Чораҳои мубориза

Барои несту нобуд кардани трипси тамоку асосан аз воситаҳои химияви маҳлули 0,2% — и Нурелл – Д, Десис, БИ – 58 Новқй аз рӯи меъёри 20 мл дар 10 литр об омехта карда истифода мебаранд.

Читайте также: