Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ

Соҳаи миҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.

                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018

 

Санаи 9.01.2019 дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ҷаласаи васеъ доир гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ, раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Сараввал кори ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. ҳусни оѓоз бахшида, аз дастуру вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада, ёдовар шуд. Қайд намуд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим, яксоли дар пешистодаи фаъолияти тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.

Дар замони рӯ ба марҳилаи навин рушд ниҳодани кишвар, ворид гардидани ҷумҳурӣ ба ояндаи ободу осуда ва гузоштани қадамҳои устувор барои рушди минбаъда Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» андешаронӣ ва барои рушди устувор дастуру супоришҳо доданд.

Сарвари давлат рушди кишоварзиро мусбат арзёбӣ карда, қайд намудан, ки самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд кардани масоҳати гармхонаҳои доимомалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот оид ба беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти он чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иҷрои барномаҳои қабулшудаи соҳаро таъмин карда, доир ба корҳои иҷрошуда ҳар шаш моҳ ба Хукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд. Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боѓу токзор, аз ҷумла боѓҳои интенсивӣ мунтазам зиёд шаванд.

Аз ин рӯ мо бояд имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, боз ҳам ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба хусус пахтаро баланд бардошта рушди соҳаи тухмипарвариро таъмин намоем. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзиро зиёд намуда, чораҳои катъи ва фаври андешем. Азхудкунии заминҳои навро вусат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ беруншударо барқарор кунем. Барои некуаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ѓизоиро зиёд намоем. Оид ба масъалаи нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он диқати бештар дода, масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва шумораи сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавотро зиёд намоем. Ҳамчунин иҷроиши самараноки барномаҳои соҳавиро таъмин карда аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакуҳҳо майдони боѓу токзор, аз ҷумла боѓҳои интенсивиро мунтазам зиёд намоем. Дар рафти суханрони дигар паҳлӯҳои ироаи Паёми Пешвои миллат ёдраси иштирокчиён карда шуда чанд нафар аз роҳбарони корхонаҳои зерташкилотҳои вазорат низ дар партави ироаи паёми навбатии Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

Сипас сухан барои маърӯза “Оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018” ба муовини аввали Вазири кишоварзӣ Нозанинзода Н.Б. дода шуд.

Муовини аввали вазир зимни баромади худ чунин иброз дошт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Ҳифзи таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ѓизои хушсифат” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва нигоҳ доштани устувории бозори истеъмолии мамлакат дар соли 2018 як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар соли 2018 тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 01.01.2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ѓалладонагиҳо ба 1295677 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 964635 тонна, сабзавот 2119396 тонна, полизӣ 641738 тонна, мева 447731 тонна, ангур 241790 тонна, гӯшт 261927 тонна, шир 983053 тонна, пашм 7639 тонна, асал 4182 тонна, моҳӣ 2082 тонна ва тухм 450284 ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 1,4 фоиз то 31,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ истеҳсоли ѓалладонагиҳо ба 861835 тонна, пахта 300359 тонна, картошка 649644 тонна, сабзавот 1226992 тонна, полизӣ 506676 тонна, мева 225215 тонна, ангур 124807 тонна, гӯшт 15051 тонна, шир 53849 тонна, пашм 1409 тонна, асал 347 тонна, моҳӣ 1708 тонна ва тухм 270353 ҳазор дона расонида шуд, ки ба истиснои ѓаладонагиҳо ва пахта истеҳсоли картошка 162578 тонна, сабзавот 234887 тонна, полизӣ 12901 тонна, мева 29186 тонна, ангур 10765 тонна, гӯшт 2416 тонна, шир 1099 тонна, пашм 43 тонна, асал 5 тонна, моҳӣ 133 тонна ва тухм 107767 дона зиёд мебошад.

Дар рафти ҷаласа сардорони раёсати кишоварзии вилоятҳои Суѓду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаи фаъолияти кории худ дар соли 2018 дар назди раёсат ва иштирокчиёни маҷлис ба таври муфассал ҳисобот доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. аз сардорони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулини соҳа оид ба рафъи иҷрои кор ва камбудиҳои соҳа пурсон шуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳо, аз он ҷумла картошкаи барвақтӣ, пиёз, зироатҳои равгандеҳ, нуриандозӣ дар рафти шудгори заминҳои кишоварзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои корам, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва воридоти он аз хориҷи кишвар, ҳолати зимистонгузаронии чорво ва захираи хӯрок дар ҷумҳурӣ ва дигар самтҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба мавсим пайваста тавсияҳои судмандро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монда, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Сипас оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор муовини вазир Зеваршоев З.Т. баромад намуда, ҳар як самтҳои соҳаро муфассал таҳлил намуд. Дар рафти ҷаласа вазири кишоварзӣ Сатторӣ И. ҷиҳати иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор ва рафъи камбудии он дастуру супоришҳои қатъи доданд.

Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва дар оянда баҳри зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, инчунин самаранок намудани истифодаи заминҳои корам пешниҳодҳои муфид намуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа Вазири кишоварзӣ аз сулҳу субот, оромиву якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ сухан гафта иброз дошт, ки имрӯзҳо шароити мусоиди обу ҳавои Тоҷикистони биҳиштосоямон моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зиёдтар меҳнат кунем, ҳар ваҷаб замини зархезамонро самаранок истифода барему ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем.

 

Читайте также: