Тантанаи ҷашни истиқлолият дар Вазорати кишоварзӣ

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

Тантанаи ҷашни истиқлолият дар Вазорати кишоварзӣ

Санаи 07.09.2018 дар маҷлисгоҳи васеъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва Роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро роҳбарият ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику шодбош гуфтанд, аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории он, нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, махсусан кайд карданд: Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол муқаддам ба он соҳиб гардид дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад.

Имрӯз барҳақ,.оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Мо дар оғози даврони соҳибистиқлоли бо такя ба ҳастии таърихи, ақлу хирад, ташаббусу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда парчами озодию адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустаъқилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд .

Бинобар ин, мо таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи фазои орому осоиштаро барои зиндагиву фаъолияти шаҳрвандонамон аз ҳама арзишҳои дигар муқаддастар мешуморем .

Дар рафти ҷаласа Сардори Шуъбаи матбуот ва иттилоот Ёкубҷон Уроқов ба сухан баромада, оид ба қадру манзалати Истиқлолият ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баромади пурмуҳтаво намуд. Сипас филми мустанаде, ки таҷассумгари давраҳои соҳибистиқлоли буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом роҳбарият бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда иброз доштанд: Имрӯз, ки дар як фазои ором, обод ва диёри биҳиштосо умр ба сар мебарем, раванди бебозгашти сулҳу осоиш ва ваҳдати миллиро пеш гирифтаем зери парчами ватан, давлати соҳибистиқлол ҷаъм омадаем ва рузгории ободу ором ба сар дорем бояд пеш аз ҳама ба қадри ин ободиву зебои, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бирасем, зеро сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ неъматест бебаҳо.

Читайте также: