Тантанаи ҷашни Меҳргон ва рӯзи кишоварзон

Меҳргон- иди ҳосилот, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи деҳқон, шодиву нишот, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқат буда, ҳамасола дар фасли тирамоҳи заррин дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомотҳои дахлдор санаи 13.10.2018 дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни «Меҳргон» ҷамъомадҳои хотирмон доир намуданд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва фарогири ҳамаи суннату анъанаҳои миллии ба ҷашн хос буд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе, роҳбарони вазорату кумитаҳо, олимону донишмандони соҳаи кишоварзӣ, сокинони пойтахт, кормандон ва зерташкилотҳои вазорати кишоварзиро бо як рӯҳияи идона дар даромадгоҳи боғи мазкур бо меваҷотҳои лазизу хуштамъи ватанамон, ки рамзи меҳргон аст дар фазои шодиву нишоти беандоза истиқбол намуданд.

Кулли меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе аз дастовардҳои кишоварзони пахтакору чорводор, ғаллакору механизатор, боғу токпарвар ва замбӯрпарвару моҳипарварон, ки чиҳати сазовор истиқбол намудани меҳргон дучанд заҳмат кашида буданд дидан намуданд. Маҳсулотҳои ба маърази тамошо гузошташудаи кишоварзон, ки манораҳои бузурги харбузаву асал, тарбузу каду, себу анору ангур, сабзавоту хушкмеваҳо, майдонҳои пахтаву зағер, гандуму шолӣ, маъсару ҷуворимакка, хони пурнозу неъмати миллӣ, ҳунарҳои кашидадӯзиву кулолгарӣ, намоиши чорвои хурду бузурги зоти тоҷикӣ, намоиши бозиҳои гуногуни варзишӣ ва беҳтарин навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзиро ташкил медод, меҳмонон ба меҳнати самараноки онҳо баҳои баланд доданд.

Тантанаҳои идона дар ҳама гушаву канори боғ, аз шукӯҳ ва таровати тирамоҳи заррин мужда расонд.

Зимни маросими расмии Иди Меҳргон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба сарчашмаҳои таърихии ҷашнгирии Иди «Меҳргон» ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ аз Меҳргон то Меҳргон суханронӣ намуда, аз ҷониби Роҳбарияти вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 15 номинатсия ба як қатор кишоварзони пешсафу таҷрибадор, олимону мутахассисони соҳа ва инъикоскунандаи беҳтарини соҳаи кишоварзӣ дар ВАО диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Сипас Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои зебои рангини фарҳангии хеш хотири иштирокчиёнро болида гардонид. Базми тарабу шодии меҳргон саропо меҳр ва фараҳмандии беандозаи сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ дар “Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе басо диданиву зебо буд.

Инчунин, дар доираи ин чорабинии идона, озмуни ошпази беҳтарин, намоиши ҳунарҳои миллии мардумӣ, ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки маҳсулотҳои аввалияи ниёзи мардум; аз ҷумла пиёз, картошка, сабзӣ, меваю сабзавот ва ғайраҳо бо нархҳои 30-40 фоиз нисбат ба бозор арзон пешкаши харидорон карда шуд.

Ҷашнвораи мазкур шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони истиқлолият, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод. Солҳои охир дар доираи таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегист ва дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ инкишоф ёфта, фаровонии маҳсулоти истеҳсолшуда бараъло мушоҳида мегардад. Ин аст, ки имрӯз дар мамлакат 171354 хоҷагиҳои деҳконӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ фаъолият карда, дастархони мардумро пур аз нозу неъмат мегардонанд.

Читайте также: