ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ» ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудааст.

                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 05.10.2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рӯзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Ҷамъомадро роҳбарияти вазорат ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили «Рӯзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории арзишҳои фарҳангии он ёдовар шуда, махсусан қайд карданд: Ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору ҷовидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳои зиёд кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд. Ҷашнгирии «Рӯзи забон» яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияти давлатӣ натанҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва болорафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат қариб дар ҳамаи вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегӯянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд.

Сипас сардори шуъбаи матбуот ва иттилоот Ёкубҷон Уроқов оид ба покиза нигоҳ доштани забони волою шевои тоҷикӣ суханронии пурмуҳтаво намуда, аз ашъори шоирон дар бобати забон шеърҳо қироат намуд.

Инчунин филми мустанаде, ки аз давраҳои пайдоиш ва нигоҳдории он қисса мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуда, иброз доштанд; Имрӯзҳо ҳар яки моро низ лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бо нангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди Тоҷикистони азиз бошем.

Читайте также: