Шукӯҳу шаҳомати Иди “Харбуза”

Соҳаи миҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

Шукӯҳу шаҳомати Иди “Харбуза”

 

Ҳамасола бо ибтикор ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Иди « Харбуза ва асал» бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн

гирифта мешавад.

Имсол низ дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони аҳолӣ санаи 04.09.2018 дар КВД бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Иди «Харбуза» бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардид.

Сараввал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло дар назди меҳмонон ва иштирокдорон оид ба аҳамияти баргузории Иди “Харбуза” ва дастовардҳои полизкорони ҷумҳурӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки ду рӯз идома ёфт кишоварзон аз вилоятҳои Суѓду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз ва хӯрокҳои миллии аз он омода гардида, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба марази тамошои меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд. Меҳмонону иштирокчиён аз ороишу дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои миллии онҳо дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

 Дар ин чорабинии идона дастаҳои ҳунарии “Гулдаста”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, муассисаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, хотири иштирокчиёнро бо барномаҳои рангини фарҳангии худ шод намуданд. Ѓолибони озмун аз тарафи комиссияи тадорукот дар рафти баргузории чорабинӣ аз рӯи чор номинатсия муайян карда шуданд. Ҷои аввал насиби кашоварзони вилояти Хатлон, ҷои дувум насиби кишоварзони вилояти Суѓд ва ҷои сеюм насиби кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гардид, ҳамаи онҳо бо сипоснома ва беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ин ҳама осудагиву фаровонҳосилӣ, тинҷиву оромӣ ва сериву пурии дастархони мо самараи истиқлолият ва ваҳдату ягонагии миллат мебошад.

Читайте также: