Шукӯҳу шаҳомати Иди “Асал”

Ҳамасола бо ибтикор ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Иди «Асал ва харбуза» бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад.

Бахшида ба 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони аҳолӣ, санаи 15.09.2018 дар КВД-и бозори “Меҳргон”-и ш.Душанбе Иди «Асал» бо тантана баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ замбӯрпарварон аз вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 намуд асалҳои беҳтарин, гиёҳҳои шифобахш, хӯрокҳои аз он омода гардида, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба маърази тамошои меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд. Чорабинии фарҳангие, ки таҷассумгари ин ҷашн буд ба он боз ҳусну таровати тоза зам намуд.

Сараввал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло дар назди меҳмонон ва иштирокдорон оид ба баргузории Иди “Асал” арзиш ва аҳамияти он дар ҷаҳон баромадҳои пурмуҳтаво намуда, иброз доштанд, ки бо ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии соҳаи қариб аз байн рафта дубора эҳё гардида, дар радифи идҳои харбузаву тарбуз «Иди асал» низ ба як ҷузъи фарҳанги миллии мо табдил дода шуд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шумораи занбӯрпарварон ба 7 ҳазор нафар, шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 223 ҳазор ва истеҳсоли он бошад дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 4200 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 205 тонна зиёд мебошад.

Сипас меҳмонону иштирокчиён аз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, дастовардҳои занбӯрпарварон, маҳсулотҳои гуногуни аз асал омодагардида ва ороишу ҳунарҳои миллӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Дар рафти чорабини аз тарафи комиссияи тадорукот аз рӯи чор номинатсия ғолибон муайян гардиданд. Барои саҳми арзанда ва пешниҳоди беҳтарин маҳсулот дар “Иди асал” ҷойи аввал насиби занбӯрпарварони Вилояти Суғд, ҷойи дувум насиби занбӯрпарварони вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм насиби занбӯрпарварони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ гардид, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва иштирокчиёни озмунро бо сипоснома ва беҳтарин тӯҳфаҳо қадрдони намуд.

Читайте также: