21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори 21-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26.06.2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзӣ чорабинии идона доир гардид. Дар чорабини кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сарварони корхонаҳои зертобеи он бо як рӯҳияи идона иштирок намуданд.

Сараввал муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев З.Т. тамоми кормандони вазоратро ба ифтихори 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, Ваҳдати миллиро барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдории сулҳу суббот маънидод намуданд ва иброз доштанд, ки баъди пароканда гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдонишинӣ сурат гирифт, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардонд. Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонд.

Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин Иҷлосияи 16 -Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 доир гардид ва Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон интихоб карда шуд. Соли 1994 бо ташаббус ва талошҳои фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушуниди байни тоҷикон шурӯъ шуд. Чандин даври музокирот ва гуфтушунид байнинамояндагони давлат ва мухолифини тоҷик дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ѓайра баргузор шуданд ва дар ниҳоят 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Маҳз сиёсати оқилона, дурандешӣ, садоқат ва сулҳхоҳии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад. Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои даргири олам меомӯзанд.

Имруз мо бояд Шукронаи истиқлолият, шукронаи ободӣ ва шукронаи ваҳдати миллиро кунем, ки бо шарофат ва ташаббусу талошҳои  пайвастаи  Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз симои ҷумҳурии азизамон ба куллӣ таѓйир  ёфта, сокинони он дар рӯҳияи оромию осоиштагӣ, фазои якдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.

Сипас сардори шуъбаи матбуот ва иттилоот Ёкубҷон Уроқов  баъдан сармутахассиси ҳамон шуъба Раҳмонов Билолиддин оид ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, сулҳу оромии ин диёри биҳиштосо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар рафти ҷаласа филми мустанаде бахшида, ба ҷашни Ваҳдати миллӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 Дар фарҷом роҳбарият ин рӯзи фараҳбахшро ба кулли мардуми шарафманди кишвар табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзмандӣ, рӯзгори пурфайзу бобаракат ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон субботу оромии ҷовидона таманно намуданд.

 

Читайте также: