Ҷаласаи Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо

Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 16.02.2018 дар толори маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Клуби миллии ҳавопаймоии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони сарраёсат ва раёсатҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони филалҳои назди МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах», ва МД «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» кормандони масъули дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд.

Сараввал роҳбари Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. ба кори ситод ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфтанд ва иброз доштанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи истеъмолӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии маҳсулоти босифат мавқеи бузургро ишғол менамояд. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ин чораҳои пешгирии саривақтӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон мебошад. Ҳамчунин қайд гардид, ки мутахассисони вазорат ва зерташкилотҳои он тавонистанд бо истифода аз техникаву таҷҳизотҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваста чорабиниҳои пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасонро босуръат идома дода, зироатҳои кишоварзиро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доранд.

Сипас маърӯзаи сардори МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» Хайриддинов С.Н. оид ба чорабиниҳои гузаронидашудаи мубориза бар зидди малах  дар соли 2017 шунида шуд ва қайд намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба миқдори 23394 литр заҳрдоруҳо, 95 адад дорупошакҳои дастию моторӣ, 467 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ ва 54225 литр сӯзишворӣ сари вақт дастрас ва таъмин карда шуд.

Мувофиқи дурнамо дар соли 2017 дар майдони 97100 га бояд коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида мешуд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи малахҳо аз рӯи мушоҳидаҳои баҳории гузаронидашуда майдони 104037 гектарро ташкил дод, ки пурра коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Сардори Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» Ғаниев Қ.Ш., сардори филиали МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон Ҳасанов М. ва намояндаи филиали МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Суғд оид ба ҳолати омодагӣ, захираи заҳрхимикатҳо, чораҳои пешгирикунандаи то ин замон иҷрошуда дар минтақаҳои хеш маълумот дода, ба саволҳои гузоштаи роҳбари Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявӣ Сатторӣ И. ва ҳозирин ҷавобҳои мушаххас доданд. Вазири кишоварзӣ ба аъзоёни Ситод ва масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал оварданд, ки чун фасли тирамоҳ ва зимистони имсола нисбат ба солҳои қабли гарму камбориш омад авҷ гирифтани ҳаргуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон дар назар аст.

Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар мубориза бар зидди касаливу ҳашаротҳои зараррасонро ба роҳ монда, барои пешгирии паҳншавии онҳо дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро андешем, то ки меҳнати бо ранҷ парваридаи кишоварзонро аз зараррасонҳо эмин нигоҳ дорем. Чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон вазифаи дастаҷамъона ба ҳисоб рафта, ҳозиринро ба фаъолияти пурсамар даъват намуданд.

Дар фарҷом Вазири кишоварзӣ оид ба мубориза бар зидди малах, касалиҳою ҳашаротҳои зироатҳои кишоварзӣ дар соли 2018 ба роҳбарон ва аъзоёни ситодҳо вазифагузорӣ намуданд.

Читайте также: