Бизнес-форуми Тоҷикистону Беларусия

БИЗНЕС-ФОРУМИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУСИЯ БО ИШТИРОКИ ДОИРАҲОИ СОҲИБКОРОНИ АФҒОНИСТОН, ПОКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 майи соли 2018 дар толори васеъи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 400 нафар соҳибкорону рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар ва дигар намояндагони касбу кори гуногун «Бизнес-форуми Тоҷикистону Беларусия бо иштироки доираҳои соҳибкорони Афғонистон, Покистон ва Ӯзбекистон» баргузор гардид.

Мақсади баргузор намудани чорабинии мазкур ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ байни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус мебошад. Инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳ и озоди иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати содироти минбаъдаи маҳсулот ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошад.

Анҷуманро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ҳусни оғоз бахшида, сухани ифтитоҳиро ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ Изатулло Сатторӣ дод.

Сипас баъд аз баромади пурмуҳтавои Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ Изатулло Сатторӣ Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус–ҳамраиси Комиссияи байниҳкуматӣ Зайтс Леонит Константинович, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус Улахович Владимир Евгеневич ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суханрони намуданд.

Ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро муаррифӣ намуда, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ гардиданд.

Баъдан кори Анҷуман дар сессияҳои панелӣ идома дода шуд. Аз ҷумла, дар сесияи панели якум мавзӯи «Иқтидори истеҳсолии Тоҷикистону Беларус: заминаи умумӣ» ва сесияи пенели дуюм оид ба «Имкониятҳои рушди кишоварзии ҳарду кишвар-ҳамчунин сарчашмаи маҳсулоти тозаи экологӣ» матраҳ карда шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ зиёда аз 10 созишнамаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба имзо расонида шуд.

Читайте также: