Натиҷаи ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат

Бо шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем

 Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 14.04.2018 дар маҷлисгоҳи вазорат оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои минбаъда ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовараи вазорат, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Бобишоҳ Нарзулло, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он, сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо, намояндагони вазорату идораҳои марбути соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, иштироки меҳмононро ба ин толори барҳаво хайрамақдам намуд.

Сипас муовини вазири кишоварзӣ Мусоев Н. “Оид ба фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018” ҳисоботи мукаммал пешниҳод намуда, иброз дошт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида, бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида, ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардид.

 

Дар ин давра аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160 ва №165 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар 3 моҳаи аввали соли 2018 дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1238,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 22,9 ва 5,0 фоизро ташкил кард.

Дар ин давра истеҳсоли сабзавот 1589 тонна, гӯшт 34756 тонна, шир 176837 тонна, моҳӣ 264 тонна, тухм 81618 ҳазор донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол мутаносибан аз 3,9 то 22,5 фоиз афзудааст.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. дар рафти кори ҷаласа аз сардорони сарраёсати кишоварзии вилояту шаҳру ноҳияҳо, сардорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарону директорони институтҳои АИКТ ва дигар масъулини соҳа оид ба рафъи иҷрои дастуру супоришҳои додашуда пурсон шуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳа ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти зироатҳои барвақтӣ, бахусус картошка ва дигар зироатҳо, самаранок истифода намудани заминҳои корам, бунёди боғу тогзорҳои нав дар талу тепаҳои бо намӣ таъмин, дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҷамбаст намудани маъракаи кишти пахта, саривақт анешидани чораҳои зарури оид ба захираи хӯроки чорво барои замистонгузаронӣ ва ба дигар самтҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин олимон ва мутахассисони соҳаро вазифадор намуданд, ки барои дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ семенарҳои машваратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон Холзода Б.Н. ба сухан баромада, оид ба самаранок истифода намудани заминҳои корам, иҷроиши саривақтии дурнамои кишти зироатҳо, дар муҳлати муаяншуда ба истифода додани боз як майдончаи варзиши аз ҷониби вазорат ва саривақ ба анҷом расонидани кишти пахта пешниҳодҳои муфид намуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа Вазири кишоварзӣ қайд намуданд, ки имруз мо шукронаи истиқлолият, шукуронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллиро кунем, ки бо шарофат ва ташаббусу талошҳои пайвастаи Асосгузари сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосоямон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мардуми он дар як рӯҳияи сулҳу субот ва фазои якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Тинҷиву оромӣ сулҳу субот ва шароити мусоиди обу ҳавои Тоҷикистони азизамон моро ҳамеша водор месозад, ки аз ҳарвақта дида зиёдтар меҳнат кунем, ҳар ваҷаб замини зархезамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, самаранок истифода барем, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёрем ва яке аз ҳадафҳои муҳими старегии кишварамон ки таъмини амнияти озуқаворӣ ғани гардонидани сабати истеъмолии мардум аст, дар якҷоягӣ онро ҳал намоем.

Читайте также: