Тантанаи ҷашни Рӯзи Модар

Зан — модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

                                                                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон

Тантанаи ҷашни Рӯзи Модар дар Вазорати кишоварзӣ

Ба ифтихори бузургдошти «Рӯзи Модар» санаи 07.03.2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва Роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сатторӣ И. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори «Рӯзи Модар» самимона табрику шодбош гуфтанд. Ҳамзамон аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории он, ки нақши занон дар он назаррас аст ёдовар шуда, махсусан қайд карданд:

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеъа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, ғамхориҳои беандоза зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ба хусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар кишвари азизамон ҳамасола «8-Март» ҳамчун Рӯзи модар бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.

Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муҳаққиқи донишманд, табиби ҳозиқ соҳибкори муваффақ ва албата, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст. Барои миллати соҳибфарҳанги тоҷик ин иқдоми Пешвои миллат боиси ифтихори миллӣ мебошад, зеро ки модари тоҷик дар ҷаҳон бо фарзандони фидокор, бонангу номус ва хирадманду фарзонаи худ машҳур мебошад.

Сипас оид ба «Мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми Зан-модар» сардори шуъбаи матбуот ва иттиллоот Ёқубҷон Уроқов маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иброз дошт, ки ба оғози эҳёи табиат-фасли рӯидану шукуфтанҳои дашту саҳрои сарзамини биҳиштосоямон рост омадани «Рӯзи Модар» рамзи басо неку хуҷаста аст. Зеро, баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо, ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, пас Модар худ олиҳаи зебоӣ, манбаи нуру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро ба озодагиву нафосат ва назокату латофати худ рӯҳи тоза мебахшад. Бе ӯ ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад буд. Зан саробони оила, сомони рӯзгор, тарбиятгари фарзанд ва олиҳаи ҳусну меҳру вафо ва сидқу сафои зиндагӣ мебошад.

Дар рафти чорабинӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори «Рӯзи Модар» кулли бонувонро табрик намуда, туҳфаҳои хотирмону гулдастаҳо тақдим карда, қайд намуданд, ки Шумо арзандаи ҳамагуна эҳтирому қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро Модар меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст,

Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқи муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Дар фарҷом Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандон ва бонувону модарони меҳрубонро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта барояшон тандурустиву саъодатмандӣ, сулҳу оромӣ, осмони беғубор, бахту иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои беназирро баҳри пешравии Тоҷикистони азизамон орзу намуданд.

Читайте также: