Тантанаи иди Наврӯз

 

Тантанаи «Наврӯзи дилафрӯз» дар Вазорати кишоварзӣ

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзӯю ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай санаи 20.03.2018 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва Роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро роҳбарияти вазорат ҳусни оғоз бахшида, ба ифтихори «Наврӯзи оламафрӯз» аҳли кормандонро самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон дар ин рӯзҳои пурфараҳи баҳорӣ шодию нишоти наврӯзӣ, саодатмандию сарбаландӣ ва комёбиҳои шоёни меҳнатиро орзу намуданд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзӣ аҷдодӣ умри дубора ва мақоми ҷаҳони гирифта, таъриху арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.

Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашн ба ҳисоб рафта, табиат ва инсон аз он нерӯи тоза пайдо карда, дилу дидаҳо ба ҳам меоянд, некиву накӯкорӣ, амалҳои хайру савоб, рисолати фарҳангу маърифат ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург ва ниҳоят ваҳдату ҳамгироӣ дастболо мегардад.

Аз ин лиҳоз, мову Шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо ранги сабзи худ чун дар фазои сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.

Сипас оид ба «Наврӯз ва иқдомҳои созандаи Тоҷикистон дар роҳи ҷаҳонишавии он» сардори шуъбаи матбуот ва иттиллоот Ёқубҷон Уроқов, «Таърих ва сарчашмаҳои наврӯзи хуҷастапай» Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварӣ Идимоҳи Назрулло ва оид ба «Дастовардҳо аз наврӯз то наврӯз» Муовини Раиси ташкилоти ибтидои «Кишоварзӣ» Вазорати кишоварзӣ Лутфулои Давлат маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар фарҷом роҳбарият иброз намуданд, ки бигузор ин ҷашни бузурги аҷдодӣ меҳру муҳаббатро бо рангу таровишҳои баҳорона дар дилу дидаи ҳар яки мо афзун намояд ва дар меҳнату зиндагии ҳаррузаамон илҳому нерӯи тоза ато созад.

Бори дигар қадами хуҷастаи Наврӯзро ба Шумо ҳамкорони азиз шодбош гуфта, таманно дорам, ки чеҳраи Шумо чун гулҳои наврӯзӣ хандону шукуфон, қалбатон чун офтоби оламорои Наврӯз поку беолоиш, табъатон чун насими наврӯзӣ хурсандибахш ва дастархонатон чун хони наврӯзӣ пурнеъмату пуранво башад

Читайте также: