Чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 2280820 сар, аз он модагов 1174096 сар, гӯсфанду буз 5639741 сар, асп 82286 сар, паранда 4967712 сар ва занбури асал 218990 оила расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан аз 1067 то 136050 сар зиёд гардида танҳо саршумори паранда 6990 сар кам гардидааст.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 1.07.2017 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 608777 тонна хӯроки чорво захира карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3264 тонна зиёд аст.
Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 292 нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, аз он 77 дар сектори ҷамъиятӣ ва 215 дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Дар ин нуқтаҳо 17005 сар чорвои калон бо тарзи сунъӣ бордор карда шуда, 12593 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бордоркунии сунъӣ 452 сар ва гирифтани насли хушзот 512 сар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 3000 ҳосили буққаҳои зотӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, аз 42 сар буққаи зотии ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим гардида 624 сар модагов бордор карда шуда, аз онҳо 423 гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 18 ва 223 сар зиёд аст.

Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухму асал ва саноатро бо ашёи хом, пуст, пашм, пусти қароқулӣ, тибит (пух) ва ғайра таъмин менамояд.

Чорводорӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ баъди растанипарварӣ дар ҷои дуюм аст. Дар ноҳияҳои куҳсори ҷумҳурӣ чорводорӣ манбаи асосии даромади хоҷагиҳо мебошад. Шароити табии аз ҷиҳати иқлим, сифати хок ва набототи гуногуни ҷумҳурӣ барои ташакул ёфтани намуди зотҳои муайяни ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Тоҷикон аз қадимулайём ба чорводорӣ машғул буданд. Хонагӣ кардани гӯсфанд, асп, хар, буз ва ғайра якчанд қарн пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст.

Яке аз он гӯсфандон зоти ҳисорӣ мебошад, ки дар натиҷаи меҳнати ҳазорсолаҳо бунёд гардидааст, ватанаш водии Ҳисор, калонтарин гӯсфанд дар дунё мебошад. Вазни қучқорҳои 3-4 солааш 120-140 кг, баъзан 195 -220 кг, барраҳои навзод 5-7 кг, барраҳои 5 моҳҳа 40-50 кг, баъзан 50-60 кг, 18 моҳҳа 70-90 кг, мешаш 75-80 кг-ро ташкил медиҳад.

 

 ГӮСФАНДОНИ ЗОТИ ҲИСОРӢ

hisori

  • Самти гӯшту-равған
  • Аз қадим дар Тоҷикистон парвариш меёбад.
    • Олимон Икромов Ф. ва Сафаралиев Ғ. бо ин зот кор мекунанд.
  •  Вазни зиндаи мешҳо 80 — 85 кг.
  • Вазни зиндаи куҷқорҳои наслдеҳ 150-180 кг.
  • Наслгирӣ аз 100 сар меш 100-105 сар.
  • Дар хоҷагиҳои зотпарварии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвариш карда мешавад.
  • Саршумор ба 1.01.2013 350 ҳазор сар

 

Имрӯз дар ҷумҳурӣ гӯсфандони зотҳои тоҷикӣ, қароқули, ҷойдори, маҳинпашм ва бузҳои зотҳои тоҷикии серпашм ва советии серпашм нигоҳубин карда мешавад.

 

 ГӮСФАНДОНИ ЗОТИ ҶОЙДОРӢ

joydori

 

  • Самти гӯшту-равған ва пашм
  • Аз қадим дар Тоҷикистон парвариш меёбад.
    • Олимон Эргашев Д.Э. ва Ҳаитов А. бо ин зот кор мекунанд.
  •  Вазни зиндаи мешҳо 50-70 кг.
  • Вазни зиндаи куҷқорҳои наслдеҳ 70-90 кг.
  • Тароши пашм: мешҳо 1,8-2,0 кг,қучқорҳо 2,5-3,0 кг
  • Наслгирӣ аз 100 сар меш 100-110 сар.
  • Дар хоҷагиҳои вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ (Мурғоб) ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвариш меёбад.
  • Саршумор ба 1.01.2013 850 ҳазор сар

 

ГӮСФАНДОНИ ЗОТИ ТОҶИКӢ

tojiki 

 

  • Самти гӯшту-равған ва пашм
    • Соли 1963 аз тарафи академик Алиев Ғ.А. офарида шуда, айни замон Эргашев Д.Э. кор мекунад.
  •  Вазни зиндаи мешҳо 60-70 кг.
  • Вазни зиндаи куҷқорҳои наслдеҳ 100-110 кг.
  • Тароши пашм аз мешҳо 2,9-3,5 кг, қучқорҳо 4-5 кг
  • Наслгирӣ аз 100 сар меш 108-110 сар.
  • Дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Шерназаров ва Муассисаи давлатии парваришгоҳи ноҳияи Хуросон ва «Тоҷикистон»-и ноҳияи Рудакӣ парвариш карда мешавад.
  • Саршумор ба 1.01.2013 4 ҳазор сар

 

Аз зоти говҳои шири зоти сиёҳалло, швитсузебумонанд, ҷинси тоҷикии сиёҳалло ва швитсузебумонанд, гӯшти — қазоқии сарсафед, қалмиқи, абердин ангус ва қутос парвариш меёбанд. Дар соҳаи асппарварӣ зотҳои тоҷикӣ, англисӣ, қаробойирӣ ва лақайи мавҷуданд.

Дар давоми солҳои охир аз тарафи вазорати кишоварзӣ оиди рушди соҳаҳои чорводорӣ як қатор Барномаҳо аз ҷумла рушди соҳаҳои занбӯрпарварӣ, паррандапарварӣ, зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, қутоспарварӣ, моҳипарварӣ, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.

 

Самаранокии Барномаҳои соҳавӣ

 

 Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво

Барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2008-2013 ҳамасола ҷудо намудани 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2013 ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳа дар маҷмуъ 1 миллиону 785 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла соли 2008 200 ҳазор, соли 2009 200 ҳазор, соли 2010 100 ҳазор, соли 2011 200 ҳазор, соли 2012 1 миллиону 85 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо истифодаи ин маблағҳо аз Федератсияи Руссия 69 мажмуъ асбобу анжомҳои бордоркунии сунъӣ, аз Жумҳурии Белоруссия 2000 воя нутфаи чорвои хушзот, 41 сар чорвои калон ва 1177 сар чорвои майда, 8 ҳазор дона тухми инкубатсионии харидори карда шудааст. Ҳамаи тажҳизотҳои соҳа, нутфа ва чорвои харидорӣ гардида дар асоси нақшаи тақсимот ва дархости мақомотҳои дахлдор ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шудааст.

Баъди қабули Барнома миқдори нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво аз 120 адад ба 260 адад расонида шуд, ки нисбати давраи қабули Барнома 2,2 маротиба зиёд мебошад, аз жумла 85 адади он дар сектори жамъиятӣ ва 175 адад дар сектори хусусӣ фаъолият дошта, онҳо бо нутфаҳои буқаҳои хушзоти селексияи ватанию хорижӣ таъмин мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳо соли 2012 дар ин нуқтаҳо 17495 сар чорво сунъи бордор карда шудааст, ки аз ин 7615 сар ба сектори ҷамъиятӣ ва 9880 сар ба сектори хусусӣ рост меояд, ки нисбати соли 2007 2,6 маротиба зиёд мебошад. Соли 2012 аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 11871 сар насли хушзот гирифта шудааст.

Нисбати соли 2011 саршумори бордоркардашуда 2327 сар ва гусолагирӣ аз ҳисоби бордоркунии сунъи 1166 сар зиёд мебошад.

Бо мақсади хушзоткунии чорвои майда ҳамасола дар хоҷагиҳои гӯсфанду бузпарварии ҷумҳурӣ зиёда аз 20 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ мавсимӣ ташкил гардида, дар онҳо 20-25 ҳазор сар меш ва модабуз сунъи бордор карда мешавад.

Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ

Барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2008-2013 ҳамасола ҷудо намудани 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2012 ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳа дар маҷмуъ 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла соли 2008 200 ҳазор, соли 2009 150 ҳазор, соли 2010 200 ҳазор, соли 2011 2 миллиону 700 ҳазор, соли 2012 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо истифодаи ин маблағҳо аз дохили жумҳурӣ 1610 сар қутос харидори карда шуда, дар асоси дархости мақомотҳои ижроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба хоҷагиҳои ноҳияҳои баландкӯҳ интиқол дода шудааст.

То қабули Барнома дар ҳамаи шаклҳои хожагидории жумҳурӣ 15100 сар қутос мавжуд буд, ки ба 1.01.2013 саршумор ба 23144 сар расонида шуд, ки нисбати давраи қабули барнома 8044 сар зиёд мебошад.

Бояд қайд кард, ки баҳри ижрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амали гардидани Барнома як қатор корҳо ба анжом расонида шуд. Дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якчанд хожагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), дар ноҳияи Жиргатол хожагии зотпарварии қутоспарварӣ, дар ноҳияҳои Айни 2 адад, К=ҳистони Мастчоҳ 2 адад ва Балжувон 1 адад хожагиҳои деҳқонии қутоспарварӣ ташкил гардиданд. Инчунин стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои миллии соҳаи қутоспарварӣ таҳия гардида, аз тарафи Агентии «Тожикстандарт» ба қайд гирифта шуд.

Дар ҳозира аз тарафи олимон тадқиқотҳои илмӣ ва селексионӣ доир ба такмил додани хусусиятҳои ирсӣ ва маҳсулнокии қутосҳои экотипи помирӣ ва офаридани жинси зарафшонии қутосҳо идома доранд.

 

Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок

 истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2009-2013 ҳамасола ҷудо намудани 200 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби ин маблағ вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳар сол миқдори муайяни чарогоҳҳо бо роҳи кулли беҳтар гардонида мешавад. Аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2013 дар маҷмуъ 850 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла соли 2009 200 ҳазор, соли 2010 200 ҳазор, соли 2011 250 ҳазор, соли 2012 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо истифодаи ин маблағҳо дар асоси пешниҳоди мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар давраи солҳои 2009-2012 715 гектар чарогоҳҳо дар ноҳияҳои Данғараи вилояти Хатлон, Б.Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд ва водии «Ҷавшангоз»-и ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо роҳи куллӣ ва сатҳӣ беҳтар карда шудаанд.

Беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо барои афзун гардидани ҳосилнокии алафи чарогоҳҳо ва дар маҷмуъ рушди соҳаи чорводорӣ мусоидат менамояд.

Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ

Барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2010-2013 ҳамасола ҷудо намудани 250 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Аз ҳисоби ин маблағ харидори намудани айғирҳои зотӣ, тойчаҳои зотӣ дар назар аст. Аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2010-2013 бо мақсади рушди соҳа дар маҷмуъ 750 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла соли 2010 250 ҳазор, соли 2011 250 ҳазор, соли 2012 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо истифодаи ин маблағҳо аз дохили жумҳурӣ ва берун аз он 95 сар аспҳои зоти тоҷикӣ ва англисӣ харидори карда шудааст. Барои омода намудани маводҳои китоби давлатии зоти аспи тожикӣ дар давраи солҳои 2010-2011 30 ҳазор сомонӣ жудо гардида, аз тарафи муаллифи зоти асп ва мутахассисони хожагиҳои асппарварӣ маводҳои зарурӣ омода гардиданд. Айни замон китоби мазкур барои нашр омода шудааст.

Бо мақсади таъмини ижрои Барномаи соҳавӣ соли 2010 аз тарафи вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумат Жумҳурии Тожикистон «Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии жумҳуриявии «Асппарвар» таҳия гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Жумҳурии Тожикистон аз 2.09.2010 таҳти №434 тасдиқ гардид.

Бояд қайд кард, ки қабули Барномаи соҳавӣ барои рушди соҳа мусоидат намуда, тамоюли камшавии саршумори асп дар жумҳурӣ нигоҳ дошта шуд. Мутобиқи маълумотҳои Агентии оморӣ назди Президенти Жумҳурии Тожикистон дар ҳамаи шаклҳои хожагидории жумҳурӣ ба 1.01.2013 76688 сар асп парвариш карда мешавад, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 165 сар зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар доираи амалишавии Барнома дар мавзеи «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ ташкил намудани даври Асптозӣ ва дар оянда оғоз намудани сохтмони Ипподроми замонавӣ дар назар аст.