Марҳамат ба Иди «Ҳарбуза»!

Марҳамат ба Иди харбуза!

 Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросимҳо ҷашнгирии Иди “Харбуза ва асал” дар сар то сари ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо мақсади ѓанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар, имсол низ бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ Иди “Харбуза ва асал” бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардида истодааст.

Бо ҳамин мақсад Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нақша бо иштироки беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ санаи 04.09.2018 шурӯъ аз соати 07-00 дар Дар маҷмааи савдои “Меҳргон” Иди “Харбуза”-ро баргузор менамояд.

Дар чорабинии мазкур, навъҳои беҳтарини харбуза дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд бо нархҳои дастрас аз онҳо харидорӣ намоянд. Ѓолибони озмун ва беҳтарин полизкорони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Сокинон, меҳмонони пойтахт, тамоми ҳамватанони азизамон ва ҳамчунин намояндагони воситаи ахбори оммаро ба ин чорабиниҳо даъват менамояд.

 

Марҳамат ба Иди харбуза!