ЭЪЛОН!

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли
  мансабҳои холии зерин озмуни кушода эълон мекунад.

1. Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2082 сомонӣ 10 дирам;
2. Муовини сардори Раёсати молия ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1710 сомонӣ 80 дирам;
3. Муовини сардори Раёсати растанипарварӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1710 сомонӣ 80 дирам;
4. Сармутахассиси Шуъбаи матбуот ва иттилоот – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1040 сомонӣ;
5. Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (махфӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 847 сомонӣ 60 дирам;
6. Мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 696 сомонӣ 80 дирам:

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабхои категорияи дуюм ё 6 сол собикаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабхои категорияи сеюм ё 5 сол собикаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
— таҳсилоти оли ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғоли мансаби мутахассис:
— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои маснаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвони роҳбари мақомот;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи
4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
— маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи
шахсӣ;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд):

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

шаҳри Душанбе, н.Сино, кӯчаи Шамсӣ 5/1
Телефон барои тамос: 235-38-61
Почтаи электронӣ: kadrikishovarzi@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.