Маълумотҳо оид ба фаъолияти раёсати растанипарварӣ

Растанипарварӣ қисми асосии соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда дорад. Асосан аҳолиро бо ғалла, картошка, мевагӣ, сабзавот, полезӣ ва пахта, ки аз он дигар намуди маводҳои ғизоиро истеҳсол менамоянд таъмин менамояд.

Бояд қайд кард, ки минтақаҳои зироаткории ҷумҳурӣ аз ҷиҳати шароити хоку иқлими худ гуногун мебошанд. Интихоби кишт ва парвариши зироатҳо дар асоси тавсияҳои илмии олимону мутахассисон ва худи кишоварзон ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот, таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба тасвиб расид.

Баҳри иҷрои фармони мазкур дар муддати 5 сол дар ҷумҳурӣ бунёди 46901 гектар боғу токзорҳои нав, аз он ҷумла 16714 гектар боғи зардолу ва 5015 гектар токзори нав ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи боғу токпарварӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба пешравии соҳа мусоидат намуд.

Натиҷаи амалишавии фармони мазкур нишон дод, ки дар давоми се сол (солҳои 2010-2011-2012) дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 36559 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки он 116 фоизи иҷрои нақшаро таъмин менамояд.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар се соли амалигардонии Фармони мазкур дар майдони зиёда аз 257 гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардидаанд, ки ин боиси руҳбаланди ва илҳоми нав гирифтани кишоварзони мамлакат гардидааст.

Баҳри иҷрои фармони мазкур соли 2013 дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 7850 гектар боғу токзори нав бояд бунёд карда шавад, ки аз он 2725 га боғи зардолу ва 885 гектараш токзор мебошад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Сарраёсатҳо ва Раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба санаи 27 майи соли 2013 дар майдони 9457 гектар (120,5%) боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки аз он 3364 гектар боғи зардолу, 94,5 га сиёҳолу ва 629 (71%) гектар токзор мебошад.

Дар ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 01.01.2013 майдонии умумии боғҳо 122009 гектар ва токзорҳо 36511 гектарро ташкил медиҳад. Аз майдони умуми боғҳо, 78500 гектар боғҳои мевадиҳанда ва 31612 гектараш токзори мевадиҳанда мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соли 2012, 313248 тонна мева ва ангур бошад 167101 тонна истеҳсол гардидааст.

 Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №625, аз 3 декабри соли 2010, «Барномаи мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» тасдиқ гардид.

Мақсади асосии Барнома сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мухофизати дар боғу токзор аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалӣ, дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор, зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва сифати он мебошад.

Дар ин асос дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор (солҳои 2011–2012) бо тавсияи мутахассисони соҳа барои кам кардани миқдори зараррасонҳои зимистонгузарони боғу токзор, ҷиҳати пешгирии паҳншавии зароаррасонҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ корҳои агротехникӣ, механикӣ, кимиёвӣ гузаронида шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии боғҳо 122009 га ва токзор 36511 гектарро ташкил намуд. Аз ин миқдор дар майдони 54383 га коркарди байни қаторҳо (боғ-39216 га, ток — 15167 га) дар майдони 76216 га буридани навдаҳо (боғ–52695 га, ток–23521 га), дар майдони 30263 га яхобмонӣ (боғ–22566 га, ток–7697 га) ва дар майдони 6980 га коркарди кимиёвӣ (боғ–5905 га, ток–1075 га) гузаронида шуд.

Дар давраи нашъунамои боғу токзорҳо аз майдони умумии онҳо дар майдони 33256 гектари боғҳо ва дар майдони 15752 гектари токзорҳо ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо паҳн гаштаанд. Дар маҷмӯъ бар зидди ин зараррасонҳо дар майдони 29622 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд, ки аз он 20914 га майдони боғҳо (зараррасонҳо –16633 га, касалиҳо –4281га) ва 8708 га дар майдони токзор (зараррасонҳо–4425 га, касалиҳо–4283 га) мебошад.

Ҳар сол барои таъмини иҷрои Барномаи мазкур барои харидори намудани маводҳои муҳофизати ба воситаи Муасссисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ маблағҳо аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.

Дар соли 2012 ба ин мақсад 1 млн. 644 ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳурӣ маблағ ҷудо гардида ва бо мақсади самаранок истифодабарии маблағҳои ҷудогардида ба маблағи 1 млн. 661195 сомонӣ заҳрдоруҳои самаранокиаш баланд, аз ҷумла Препарати 30В – 6565 литр, Омайт – 4167 литр, Каратэ – 3823 литр, Топаз – 952 литр, инчунин дорупошаки муҳаррикдор– 118 адад ва либосҳои махсус муҳофизавӣ – 150 адад харидорӣ карда шуд.

Дар натиҷаи амали намудани Барномаи мазкур ҳолати фитосанитарии майдони боғу токзори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як дараҷа хуб гардида, барои руёнидани ҳосили баланди меваю ангур ва сифати он мусоидат намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани рушди соҳаи картошкапарварӣ Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар баромадашон дар таҷлили иди «Меҳргон-2011» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон махсусан қайд намуданд, ки мо бояд майдон ва ҳосилнокии картошкаро сол аз сол зиёд намоем.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вазорати кишоварзӣ бо назардошти зиёд намудани майдони кишти картошка дар қаламрави мамлакат дар якҷоягӣ бо олимони соҳа, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва лоиҳаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №128, аз 3 апрели соли 2012 тасдиқ гардид.

Дар Барномаи мазкур то соли 2016 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ давра ба давра майдони кишти картошкаро ба 42 ҳазор гектар ва истеҳсоли онро бошад то ба 1 млн. тонна расонидан пешбинӣ гардидааст.

Маблағгузории Барнома ҷиҳати дастгирии давлатӣ, аз ҷумла ҷудо намудани маблағҳои буҷавӣ, аз ҳисоби гардиши фонди давлатии тухмӣ, истифода намудани қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, инчунин барномаи тараққиёт ва инвеститсияҳо ба тариқи зайл дар назар дошта шудааст.

Тибқи дурнамои Барнома дар соли 2012 майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 42 ҳазор гектар ва истеҳсоли он ба 870 ҳазор тонна расонидан пешбинӣ гардида буд.

Кишоварзони мамлакат имрӯзҳо бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат тамоми саъю кушиши худро, нисбати истифодаи самараноки заминҳои корам, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила ғанӣ гардонидани дастархони мардуми Тоҷикистон равона намуданд.

Тибқи маълумотҳои Агентии оморӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 01.01.2013 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 991044 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 127975 тонна зиёд мебошад, ки ин 114 фоизи иҷрои дурнамои пешбинигардидаи Барномаро ташкил медиҳад.

Майдони кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 20654 гектарро ташкил медиҳад ва аз ин майдон 454555 тонна тонна картошка истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119863 тонна зиёд мебошад.

 Дар асоси дурнамои Барномаи мазкур соли 2013 майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 42 ҳазор гектар, ҳосилнокии картошка аз ҳар як гектар ба 214 сентнер ва истеҳсоли он ба 900000 тонна расонидан пешбинӣ гардидааст.

Дар сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ соли 2013 майдони кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба 22855 гектар расонидан пешбинӣ гардидааст, ки нисбати кишти ҳақиқии соли 2012, 2201 гектар зиёд мебошад.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2013, №2473 (13-6) ва аз 10 апрели соли 2013, №24206 (13-4) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ барои таъмин намудани хоҷагиҳои ноҳияҳои картошкапарвари баландкӯҳи ҷумҳурӣ моҳи майи соли ҷорӣ аз хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Ғончӣ 200 тонна, аз Ассотсиатсияи картошкапарварони Кӯҳистони Мастчоҳ 690,1 тонна ва аз ҶДММ “Синон-2010”-и ноҳияи Ҷиргатол 507 тонна картошка тухмӣ; ҷамъ ба миқдори 1397,1 тонна картошкаи репродуксионӣ ва тухмии шартӣ, харидори карда, тибқи рӯйхати бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расида ба хоҷагиҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ дастрас карда дода шуд.

Навъҳои картошкаи тухмӣ “Морфона” ва “Агрио” (Қ1) аз ҶДММ “Синон-2010”, навъҳои тухмии шартӣ “Пикассо”, “Кардинал”, “Санте” аз ноҳияи Ғончӣ ва навъҳои “Романсе”, “Кондор” ва “Пикассо” (Қ3) аз Ассотсиатсияи картошкапарварони Кӯҳистони Мастчоҳ харидорӣ карда шудааст.

Кишоварзи яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз рушди устувори он амнияти озуқавории мамлакат, фаъолияти корхонаҳои саноати ва истеҳсолу содироти маҳсулоти соҳа вобаста мебошад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Сарраёсатҳо ва Раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ ба санаи 27.05.2013 дар майдони 17353 га (76%) кишти картошкаро гузаронидаанд (аз он 2853 га кишти картошкаи барвақтӣ ), ки нисбат баҳамин давраи соли гузашта 3335 гектар зиёд мебошад. Кишти сабзавотро дар майдони 21508 гектар (88%) гузаронидаанд (аз он 9748 га кишти сабзавоти барвақтӣ), ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1304 гектар зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот 603 га карам, 2601 га сабзӣ, 10280 га пиёз ва 8024 гектар дигар намуди сабзавотҳоро дарбар мегирад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ дар майдони 10961 гектар кишти зироатҳои полезиро гузаронидаанд, ки 94 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 488 гектар зииёд мебошад.

Инчунин хоҷагиҳои зикргардида дар майдони 24770 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо гузаронидаанд, ки 72 фоизи иҷрои дурнамои киштро ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1743 гектар зиёд мебошад.

Дар соли 2013 хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 59,67 (82%) гектар кишти сабзавоти барвақтиро дар гармхонаҳои доимӣ гузаронидаанд, ки аз ин майдон 23,12 га помидор, 14,80 га бодиринг ва 21,75 га дигар намуди сабзавотҳо мебошад. Ба санаи 27 майи соли ҷорӣ аз ин майдони гармхонаҳо 428,6 тонна помидор, 266,2 тонна бодиринг ва 302,9 тонна дигар намуди сабзавотҳо истеҳсол карда шудааст.

Бо иқдоми пеш гирифтаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами оби ва аз як гектар гирифтани ду ва ё зиёда аз он ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар майдони 140 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад.

Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013, зиёд намудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳаҷми содироти он нигаронида шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия 600 тонна тухмии элита ворид карда шудааст, ки дар майдони 3000 гектар кишт карда шуда, барои дар оянда бо тухмии хушсифат таъмин намудани хоҷагиҳои ҷумҳуриро бо тухмии хушсифат беҳтар менамояд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ ҷумҳурӣ соли 2012 барои ҳосили соли 2013 дар майдони 199748 гектар (107%) кишти тирамоҳии ғалладонагиҳоро гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23346 гектар зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Сарраёсат ва Раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 27.05.2013 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ дар майдони 101325 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, аз он ҷумла 33392 га гандум, 42368 га ҷав ва 25565 гектар дигар намуди ғалладонагиҳоро гузаронидаанд.

Пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, ба ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Соҳаи пахтакорӣ аз сабаби вайрон гаштани пойгоҳҳои моддиву техникӣ бо мушкилохои зиёде ру ба ру гашта ҳосилнокӣ аз хар як гектар паст гашт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи баамаломадаро ба назар гирифта, бо мақсади дастгирии рушди ояндаи соҳаи пахтакорӣ тасмим гирифт, ки қарзи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соҳаи пахтакорӣ, ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби сармоягузорон ба амал омада буданд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан, ба таъхир гузоштан, таҷдиди мӯҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои қимат ҳал карда шавад.

Барои таъмини рушди мунтазами соҳа барои тадбирҳои амалӣ андешидан ва ба пайдоиши қарзҳо роҳ надодан қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №111 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» қабул карда шудааст.

Ҳамзамон дар робита бо ин зарурияти қабули Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ ба миён омада 31 октябри соли 2009, №586 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», қабул карда шуд.

Пахта маҳсулоти асосии содироти буда, баланд бардоштани самарабахшии пахтакорӣ ба вазъи иқтисодии на танҳо соҳа балки ба вазъи кишвар дар маҷмӯъ алоқаманд аст. Бинобарон парвариши он дар ҳудуди 200 ҳаз. га бо зиёд намудани ҳосилнокӣ дар асоси технологияи муосир дар минтақаҳои Хатлон ва Суғд тавсия дода шудааст.

Барои рушди соҳа аз ҳисоби малағҳои буҷавӣ дар асоси Барнома солҳои 2011 ба маблағи 1260 ҳазор сомонӣ ва соли 2012, 1200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва бо ин маблағ соли 2011 лабораторияи биологӣ дар ноҳия Фархор ва Қумсангир сохта шуда ва дар ноҳияи Ҷилликул лабораторияи биологӣ барқарор карда шуд. Соли 2012 бошад бинои озмоишгоҳи биологии шаҳри Кӯлоб таъмир гашта, хати биологӣ пайваст карда шуд ва дар нимсолаи якӯми соли 2013 ба кор дароварда мешавад, Агрохимлабораторияи «Марказ»-и шаҳри Душанбе низ аз таъмир бароварда шуд.

Кишоварзони ҷумҳурӣ соли 2012 аз майдони 199254 гектар кишти пахта, 417978 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 21,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Сарраёсатҳо ва Раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва корхонаҳои кишоварзӣ соли 2013 дар майдони 193394 гектар кишти пахтаро гузаронидаанд, ки нисбати соли 2012, 5981 гектар кам мебошад.