Банақшагирии чорабиниҳои байторӣ дар сатҳи хонавода

Муқаддима

 

Барнома оиди дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ фаъолияти худро баҳри мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо равона намудааст. Яке аз самтҳои расидан ба мақсади барномавӣ ин мусоидат намудан дар рушди кишоварзӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ мебошад.

Чорводорӣ ҳамчун қисмати муҳми кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи хоҷагиҳои оилавӣ нақши муҳим дорад. Шуғли асосии мардуми деҳот аз қадим чорводорӣ ва паррандапарварӣ буда, диққати ҷиддиро баҳри истеҳсоли шир, гӯшт, асал, тухм ва дигар маҳсулоти дуюмдараҷаи чорводорӣ медиҳанд. Дар ин ҷодда онҳо малака ва таҷрибаи кофӣ доранд.

Омилҳои муҳими рушди чорводорӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии онро ба се гурӯҳ тақсим менамоянд:

  1. Таъмини хӯрока ва риояи технологияи дуруст хӯронидани он;
  2. Парвариш ва нигоҳдории зотҳои маҳсулнокиашон баланд;
  3. Солимии чорво, нигоҳдошт, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ.

Яке аз омилҳои муҳим ин саломатии чорво ба ҳисоб меравад. Дар чорводорӣ пешгирии пайдоиши касалиҳо шарти муҳими тарақиёт мебошад. Дар сурати пайдоиши касалиҳо маҳсулнокии чорво паст шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба талафоти чорво оварда мерасонад. Аз ин ҳисоб ба хоҷагӣ зарари калони моддӣ мерасад. Дар баробари ин хатари гузаштани бисёр касалиҳои чорво ба одамон, махсусан ба кӯдакон ва наврасон, калон мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани пайдоиши касалиҳои гузаранда дар сатҳи хонаводаҳо банақшагирии гузаронидани чорабиниҳои байторӣ зарур мебошад.

Ҳангоми таҳияи банақшагирии чорабиниҳои ветеринарӣ-санитарӣ дар сатҳи хонаводаҳо талаботи зеринро ба эътибор гирифтан лозим аст:

  • Ҳамаи нақшаҳои чорабиниҳои ветеринарӣ-санитарӣ бояд дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” тартиб дода шаванд;
  • Нақшаҳои чорабиниҳои ветеринарӣ ба нигоҳдории саршумори чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он равона шуда бошанд;
  • Асоси нақша аз маълумоти ҳолати эпизоотии хонавода иборат бошад;
  • Нақшаҳо бояд аз ҷиҳати иқтисоди манфиатнок ва иҷрошаванда бошанд;
  • Нақшаҳо бояд қатъӣ бошанд ва дар онҳо саршумор ва давраи иҷрои чорабинӣ дарҷ гардида бошад;
  • Нақшаҳо ба пешгирии касалиҳои чорвою парранда ва пешгирии сироятёбии аъзои оила, махсусан кӯдакон ва ҷавонон равона шуда бошанд.

Фаъолияти барнома ба он равона шудааст, ки тариқи ташкили омӯзишҳо ва чопи буклету дастурамалҳо ба мардум тарзи дурусти ташкили истеҳсоли чорводориро омӯзонда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқавории онҳо саҳм гузорад.

Барномаҳои мазкур характери таълимӣ-истеҳсолӣ дошта, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хизматрасон ва шарикон баҳри инкишофи қобилиятҳои мавҷудаи чорводорон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо бо мақсади пешгирии касалиҳои чорво ва одамон, бо истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаҳои мувофиқ, равона шудааст.


Касалиҳои умумии одам ва ҳайвонот

Гурӯҳи касалиҳои инфексионӣ ва инвазионӣ, ки аз ҳайвонот ба одам мегузаранд, зооантропонозҳо номида мешаванд. Ин касалҳо дар натиҷаи муносибатҳои нодуруст бо чорвои касал ё маҳсулоти аз чорвои касал гирифташуда ва риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-гигиении шахсӣ пайдо мешаванд. Инчунин, сабабгори пайдоиши зооантропонозҳо хояндаҳо, ҳайвонҳои шикоршаванда ва ваҳшӣ шуда метавонанд. Баъзе касалҳо манбаи табиӣ доранд.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” касалиҳои зерин ба рӯйхати касалиҳои аз чорво ба одам гузаранда мансуб мебошанд:

  • Туберкулёз (сил)
  • Брутселёз (буғумдард)
  • Сухтани
  • Салмонелёз
  • Зардпарвин
  • Сап
  • Яшур
  • Эхинококкоз
  • Хоришак
  • Бешенство
  • Гелминтозҳо
  • Колибактериоз
  • Финоз

Чораҳои беҳтарини роҳ надодан ба сироятёбии одамон аз чорвоҳои касал ин пешгирии саривақтӣ, табобати чорвои касал ва риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиении шахсӣ мебошад.

 

Банақшагириипешгириикасалиҳоисирояткунандаи

чорво ва паррандагони хонагӣ

Касалиҳои сирояткунанда касалиҳое мебошанд, ки барангезандаи онҳо вирус, бактерия, батсила, замбуруғ ва дигар микроорганизмҳо мебошанд. Барангезандагони касалиҳои сироятӣ метавонанд ба организм ба воситаи пӯст, канали ҳозима, роҳҳои нафас, узвҳои ҷинсию пешоббарорӣ ва ғайраҳо ворид шаванд ва он барои ҳар як барангезанда хусусиятҳои хоси худро дорад. Касалиҳои сироятӣ барои инсон хатарнок мебошанд. Барои ҳамин ҳарсола чорабиниҳои пешгирикунандаи пайдоиши ин касалиҳо ба монанди диагностика, ваксинатсия, карантин, назорат кардани сифати хӯрока ва об, ҷудо кардани ҳайвони касал аз ҳайвони сиҳат, дезинфексия (нобуд сохтани барангезандагони касалӣ), дератизатсияи (нест кардани хояндагони зараррасон) иншоот гузаронида мешавад. Асоси чорабиниҳои зиддиэпизоотиро пешгирии касалиҳои сироятӣ ташкил менамояд. Пешгирӣ намудани беморӣ назар ба табобат кардани он осонтар аст. Инро ба ҳисоб гирифта, дар мамлакати мо ва дигар мамлакатҳо бисёр касалиҳои сироятии хавфнок аз байн рабуда шудаанд. Касалиҳои сирояткунанда ҳамасола ба хоҷагиҳо зарари ниҳоят калони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Ҳисороти аз касалиҳои чорво бавуҷудомадаро шартан чунин гурӯҳбандӣ кардан мумкин аст:

  • Зарари умумӣ аз фавти ҳайвонот;
  • Камшавии маҳсулнокӣ (камшавии шир, гӯшт, тухм, пӯст, пашм ва ғайра);
  • Хароҷот барои чорабиниҳои карантинӣ;
  • Камшавии саршумори чорво;
  • Хавфи сироятёбии одамон;
  • Камшавии фурӯши чорво ва маҳсулоти чорводорӣ.

Барои аз байн бурдани ҳисоротҳои дар боло қайдгардида банақшагирии чорабиниҳои байторӣ ва саривақт гузаронидани онҳо шарти муҳим мебошад.

 

Чорабиниҳои махсуси пешгирии касалиҳои сироятӣ

Дар мубориза бар зидди касалиҳои сироятӣ пешгирии махсус – баланд бардоштани масъунияти бадан бо ёрии ваксинаҳо (ваксинатсия) ва зардобаҳо (сыворотка), инчунин баландбардории устувории умумии ҳайвонот, аз ҳисоби беҳтар гардонидани шароитҳои хӯрокдиҳӣ, нигоҳубин ва истифодабарӣ аҳамияти калон дорад.

Ба касалиҳои сироятии ҳайвонот, ки дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд ва барои пешгирии онҳо ваксинатсия гузаронида мешавад, инҳо дохил мешаванд:

  • Сӯхтанӣ
  • Оқсил
  • Брутселёз
  • Лептоспироз
  • Оспа
  • Шукуфа
  • Сиёҳрон (Эмкар)
  • Брадзоти гусфандон
  • Нюкаслаи парандаҳо

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Саривақт гузаронидани чорабиниҳои ветеринарӣ санитарӣ (дезинфексия, дератизатсия  ва дезинсексия)

Яке аз омилҳои асосии роҳ надодан ба пайдоиши касалии чорво ва паррандагони хонагӣ, солим нигоҳ доштани онҳо, роҳ надодан ба сироятёбии одамон ва баланд бардоштани сатҳи даромаднокии иқтисодии хонавоаҳо аз чорводорӣ,  ин саривақт гузаронидани чорабиниҳои ветеринарӣ – санитарӣ (дезинфексия, дератизасия ва дезинсексия) мебошад.

Барои солим нигоҳ доштани чорвои хонагӣ ба тозагии оғилхонаҳо диққати махсус бояд дода шавад. Ҳайвонҳои хонагӣ ҳамчун одамон ба шароити муайяни нигоҳубин ниёз доранд. Бинобар ҳамин биноҳои чорвонигоҳдорӣ (оғилхона, мурғхона, катакҳои харгӯшнигоҳдорӣ, қуттиҳои замбури асал ва ғ.) бояд рӯшноӣ ва намигарии муайян дошта ҳавои он доимо тоза бошад. Девор, шифт, фарш ва охурҳо бояд ҳама вақт дар ҳолати хуби санитарӣ-гигиенӣ бошанд. Яке аз роҳҳои оддии беҳтар намудани ҳолати санитарии ҷойҳои чорвонигоҳдорӣ ин секарата сафедкунии пурраи онҳо бо маҳлули 20% оҳаки навшукуфонидашуда,  бо танафуси яксоатӣ мебошад. Маҳлули оҳак ҳамчун моддаи безараргардон ҳисоб шуда, ҳамаи микроорганизмҳоро нест мекунад ва дар баробари ин пайдоиш ва тарақиёти онҳоро манъ мекунад. Дар шароити хоҷагидории деҳқонии оилавӣ ба шароити нигоҳубини ҳайвонҳои хонагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои ветеринарӣ-санитарӣ аҳамияти лозими дода намешавад. Дар натиҷа, ҳайвонҳои хонагӣ ба касалиҳои гуногун гирифтор шуда, маҳсулнокии чорво паст мегардад. Дар фасли тирамоҳ пеш аз ба оғилхонаҳо даровардани чорво онро  ҳатман бо маҳлули 0,1% неосидол шустан лозим аст.

Барои гузаронидани безараргардонии намнок аз мошинолоти махсус ё аз дастгоҳҳои дорупошии оддӣ истифода мебаранд. Авввал фарш, баъд деворҳо ва шифт, пас аз он бори дигар фаршро безарар  мекунанд. Маҳлули безараргардониро ҳаддалимкон таҳти кунҷи рост бо ғафсии баробар ба тамоми сатҳи дарунии оғилхонаҳо мепошанд. Бо маҳлул кунҷ, роғ, дару тиреза, холигии паси дарҳоро махусусан хуб шодоб мекунанд. Сатҳи берунии девори оғилхона ва майдончаҳои сайру гаштро ҳатман безарар гардонидан лозим аст.

 

Бемориҳои инвазионии ҳайвоноти хонаги ва роҳҳоипешгириионҳо

Бемориҳои инвазионӣ – ин касалиҳои ҳайвонҳо ва паррандагони хонагӣ мебошанд, ки барангезандаашон паразитҳо (кирмҳои дохилӣ, кана ва дигар ҳашаротҳои хунмак) ба ҳисоб мераванд. Ба ин касалиҳо ҳамаи чорвои хонагӣ ва паррандагон, новобаста ба сину сол ва зот дар ҳама фаслҳои сол гирифтор мешаванд. Касалиҳои паразитӣ аз чорво ба одам мегузаранд. Дар вилояти Хатлон касалиҳои зерини инвазионӣ бештар ба қайд гирифта шудаанд ва ҳамасола аз ҳисоби онҳо ба чорводорӣ зиёни калон мерасад:

  • Тейлериоз
  • Пироплазмоз
  • Фатсиелёз
  • Эхинококкоз
  • Гиподерматоз
  • Хоришак (чесотка)
  • Аскаридоз
  • Дикроселёз
  • Диктокаулёз
  • Канакасал
  • Шабушзанӣ
  • Сенуроз (сарчархак)

Дар натиҷаи гирифтор шудани ҳайвонҳо ва паррандагони хонагӣ ба ин касалиҳо чунин аломатҳои умумиро мушоҳида кардан мумкин аст:

  • Кам шудани маҳсулнокии чорво ва паррандагон;
  • Паст шудани иштиҳо;
  • Харобшавии чорво, новобаста аз хӯрокдиҳии дуруст;
  • Баланд шудани ҳарорати бадан;
  • Варам кардани лимфоидҳои назди шона ва болои пистони модаговҳо;

Вобаста ба намуди касал нишонаҳои хос пайдо мешаванд.

 

Роҳҳои пешгирии касалиҳои инвазионӣ

Пешгирии пайдоиши касалиҳои инвазиони нисбат ба табобати он осон мебошад. Ҳангоми саривақт гузаронидани чорабиниҳои пешгиркунанда, эҳтимолияти хароҷоти калон барои табобати чорвои касал кам мешавад ва аз ҳисоби паст нашудани маҳсулнокии чорво даромаднокии иқтисоди зиёд мешавад. Аз  банақшагирии дурусти пешгирии ин касалиҳо  дараҷаи касалшавӣ ва талафёбии чорвою парранда то 90% кам мешавад.

Дар як сол ду маротиба гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи пайдоиши касалиҳои инвазионӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар фасли баҳор, пеш аз ба чарогоҳ баровардани чорво ва дар фасли тирамоҳ пеш аз оғози давраи зимистонгузаронӣ. Дар ин давраҳо бар зидди ҳамаи паразитҳои дохилӣ ва берунии чорво доруҳои махсус истифода бурда мешавад. Баъди истифодабарии ин доруҳо тамоми бадани чорво аз паразитҳо тоза шуда, чорво тез фарбеҳ мешавад ва маҳсулнокиаш зиёд мегардад. Барои пешгирии касалиҳои хунии чорвои калони шохдор (тейлериоз, пироплазмоз), чорворо дар давоми аз моҳи март то октябр дар вилояти Хатлон дар фосилаи 13-14 рӯз бо воситаи маводҳои зиддиканагӣ мешӯянд. Барои шустани чорвои калони шохдор истифодаи маҳлули 1%-и хлорофос, эмулсияи 0,1%-и неотсидол бисёр бехатар ва бомаврид аст.

Барои роҳ надодан ба тарақиёти паразитҳо (кана, магас, шабуш ва ғайраҳо) бояд доимо ҷои нигоҳдории чорво тозаю озода бошад ва на камтар аз як маротиба дар 3 моҳ бо маҳлули 20% оҳаки навшукуфонидашуда безарар (дезинфексия) гардонида шавад. Пеш аз безараргардонӣ бояд ҳамаи роғҳо ва сӯрохиҳои девор, охур ва фарши бино ба пуррагӣ бо лой андова карда шаванд.

Дар вақти истифодабарии доруҳои зиддиканагӣ ба гигиенаи шахсӣ диққати махсус бояд дод. Барои бехатарии шахсӣ аз респиратор, мӯзаи резинӣ, дастпӯшаки резинӣ ва халатҳои махсус бояд истифода бурда шавад.

 

Таблитсаи банақшагирии чорабиниҳои ветеринарӣ-санитарӣ дар сатҳи хонаводаҳо

Номи чорабинӣ

Зарурияти гузаронидан дар як сол

Давраи аввал

Давраи дуюм

1 Диагностикаи туберкулёз

2

феврал-март

август-сентябр

2 Диагностикаи брутселёз

2

феврал-март

август-сентябр

3 Ваксинатсияи пешгирии касалии брутселёз

1

феврал-март

август-сентябр

4 Ваксинатсияи пешгирии касалии сӯхтанӣ

2

март-апрел

сентябр-октябр

5 Ваксинатсияи пешгирии касалии ящур

2

март-апрел

сентябр-октябр

6 Ваксинатсияи пешгирии касалии эмкар

2

март-апрел

сентябр-октябр

7 Ваксинатсияи пешгирии касалии зардпарвин

1

март-апрел

8 Ваксинатсияи пешгирии касалии гули гӯсфандон

1

март-апрел

9 Ваксинатсияи пешгирии касалии гули бузҳо

1

март-апрел

10 Ваксинатсияи пешгирии касалии чумаи мурғ

2

март-апрел

сентябр-октябр

11 Дегелментизатсия ба муқобили паразитҳо

2

март-апрел

сентябр-октябр

12 Дезинфексияи оғилхонаҳо бо маҳлули 20% оҳак

4

январ, март

июл, октябр

Читайте также: