Истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво

Яке аз омилҳои асосии рушди чорводорӣ ин мустаҳкамии базаи хӯрокаи чорво мебошад. Хӯронидани чорво аз рӯи меъёр асоси зиёд шудани маҳсулнокии чорво ва баланд гардидани сифати он, пешгирии вайроншавии мубодилаи моддаҳо, беҳтар гардидани қобилияти такрористеҳсолкунӣ ва пешгирии касалиҳо мебошад. Мушкилиҳои хӯронидани комил ва пурраи ҳайвоноти хонагӣ ин мустаҳкамии базаи хӯроки чорво, баланд бардоштани сифати хӯрока ва истифодабарии самараноки он мебошад. Ҳалли масъалаи пурбаҳо хӯронидан, ба таъминоти протеин, минералҳо ва витаминҳо дар бадани чорво  мусоидат менамояд.

Барои аз рӯи меъёр хӯронидани чорво, нишондодҳои истеҳсолӣ ва физиологии ҳолати чорво ва талаботи он, ба моддаҳои истеъмолӣ ва фаъоли биологӣ ба эътибор гирифта мешавад. Дар ин асос, бо нишондодҳои иқтисодӣ ва зоотехникӣ ва бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, ратсиони хӯронидани чорво тартиб дода мешавад. Структураи ратсион ва навъи он ба намуди чорво аз рӯи гурӯҳҳои ҷинсӣ ва синнусолӣ тартиб дода мешавад. Навъи хӯронидан ва асоснокии он ба таркиби ратсион вобастагӣ дорад.

Дар шароити хоҷагидории деҳқонии оилавӣ таркиби ратсиони хӯроки чорво асосан аз хӯрокиҳои дағал (беда, коҳ), ширадор (алафи тар, макка, бехмевагиҳо, полезиҳо) ва консентратӣ иборат мебошад.

Беда

Беда асоси таркибии ратсиони хӯроки ҳайвоноти хонагиро, дар шароити деҳот, ташкил медиҳад. Дар шароити хонаводаҳо асосан беда ва коҳ (пасмондаи ғалладонагиҳо) барои хӯронидани чорво дар фасли зимистон тайёр ва захира карда мешавад.

Беда, яке аз хӯрокиҳои нисбатан серғизо ва асосии чорво ба шумор рафта, таркиб ва сифати он ба тарзи тайёркуниаш вобастагии калон дорад. Барои тайёр намудани бедаи хушсифат алафҳои табии, юнучқа, эспарсет бештар истифода бурда мешаванд. Раванди тайёр намудани беда аз даравидани алаф, хушконидани нопурра, ҷамъоварӣ намудан, дарза бастан, хушконидани пурраи дарзаҳо, кашонидан то ҷои захиракунӣ, захиракунонӣ ва истифодабарӣ иборат мебошад. Вобаста ба тарзи ҷамъоварӣ ва шароитҳои маҳал, ин равандро ба ду қисмати асосӣ тақсим менамоянд:

  • Якум, ин дарав, нимхушккунӣ ва дарза бастан.
  • Дуюм, ин хушконидани пурра, кашонидан, захира намудан ва истифодабарӣ.

Дар раванди тайёр намудани беда, сифати он аз давраи дарав ва тарзи хушконидан вобастагии калон дорад. Бедаи юнучқаро дар ҳолати то 10% гул кардани юнучқазор медараванд. Барои дарави қитъаҳои хурд ва миёна (то 0,5га) дар хоҷагиҳои майдаи деҳқонии оилавӣ досҳои калон ва майдаи дастӣ истифода бурда мешаванд. Тарзи беҳтарини дарави юнучқа, ин коҳдаравҳои хурди махсус мебошад, ки раванди технологиро осон менамояд. Баъди дарави юнучқа ба рӯйгардонкунӣ ва хӯшконидани он аҳамияти муҳим бояд дода шавад. Руйгардонкунии аввал баъди 4-5 соат пас аз даравидан бояд иҷро карда шавад. Дар ин ҳолат намнокии алаф 60-65% мебошад ва ҳангоми бо даст тоб додани қабзаи алаф вай намешиканад. Рӯйгардонии дуюм дар ҳолате гузаронида мешавад, ки намнокии алаф 40-45% бошад ва ҳангоми бо даст тоб додани алаф вай ба душворӣ мешиканад, аммо ҳангоми қат кардан, он намешиканад. Баъди ин алафро дарза карда мебанданд ва дар дарзаҳо онро то 18-20% мехушконанд. Алафи то ин дараҷа хушконидашуда, ҳангоми қат кардан ба осонӣ мешиканад. Риояи раванди дар боло зикргардида ҳатмӣ буда, сифат ва ғизонокии беда аз он вобастагӣ дорад. Бедаи бо ин роҳ тайёршуда аз барг ва пояҳои юнучқа ё алафҳои табиӣ иборат буда, ранги сабз ва бӯи махсуси форам дорад. Дар ҳолати риоя нашудани ин раванд баргҳои растанӣ хушк шуда, мерезанд ва беда бештар аз пояи растанӣ тайёр мешавад. Моддаҳои ғизонок дар барги растанӣ нисбат ба пояаш 10 баробар бештар мебошанд. Аз ин лиҳоз чорводорон ба он бояд диққати ҷиддӣ диҳанд, ки баргҳои растаниҳо дар беда зиёдтар бошанд.

Ҷои нигоҳдории беда бояд тавре сохта шавад, ки дар давраи боришот тар нашавад ва намигарии он аз меъёр зиёд нагардад. Дар ҳолати зиёд шудани намигарӣ дар байни дарзаҳои беда, замбуруғҳои мағораовар пайдо шуда, пӯсиши беда ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати ба чорво хӯронидани чунин беда, вай ба касалиҳои замбуруғӣ дучор мешавад.

Бедаи хушсифатро ба чорвои ширдеҳ вобаста аз маҳсулнокии он ба миқдори 3кг беда дар 100кг вазни зинда медиҳанд. Қиммати ғизоии он баробари 0,45 воҳиди хӯрока буда, таркибаш аз клетчатка ва протеин хеле бой мебошад.

Хӯрокиҳои ширадор

 

Лаблабуи хӯроки чорво

Маҳсулнокии чорвои ширдеҳ ба таркиби ратсиони хӯрокдиҳии он вобастагии асосӣ дорад. Дар ин самт хӯрокиҳои ширадор мавқеъи хоса доранд. Ба хӯрокиҳои ширадор силос ва бехмевагиҳо дохил мешаванд. Аз бехмевагиҳо истифода бурдани лаблабуи хӯроки чорво ба маврид аст.Таркиби он аз об бой буда, (зиёда аз 70%) дар бадани чорво хуб ҳазм мешавад, иштиҳои хӯрокхӯрии чорворо нағз карда, ба ҳазмшавии дигар хӯрокаҳо, асосан хӯрокиҳои дағал, мусоидат менамояд. Истифодаи лаблабу такрористеҳсолкунии чорворо беҳтар карда, сифати наслро хуб мекунад.

Давраи пурраи нашъунамоии лаблабуи хӯроки чорво 130-150 рӯз мебошад. Баъди ба охир расидани ин давра, баргҳои лаблабу зард мешаванд, ки ин нишонаи оғози ҷамъоварии ҳосил мебошад. То саршавии хунукиҳо ҳосилро ҷамъоварӣ намудан лозим аст. Дар акси ҳол, қисмҳои аз хок беруни онро сард мезанад, ки барои истифодаи хӯроки чорво номувофиқ мебошад.

Нигоҳдории лаблабу дар шароити хона ягон мушкилоти махсусро пеш намеорад. Барои ин ҳосили ғундошташударо аз боқимондаи хок тоза намуда, баргҳояшро мебуранд ва  дар ҷои хушк ғарам намуда, болояшро бо пахол ё коҳ мепӯшонанд. Барои дар давраи боришот тар нашудани маҳсулот, болои онро бо пленкаи полиэтиленӣ маҳкам мекунанд.  Ҳангоми пушонидани вай барои гардиши ҳаво ковоки мондан лозим, ки пӯсиш ба вуҷуд наояд. Дигар роҳи беҳтари нигоҳдошти лаблабу, ин дар ҷои махсуси хушк таги хок намудани вай мебошад. Барои ин чоҳи чуқуриаш то 0,5м канда маҳсулотро дар он меандозанд ва бо қабати 20-25см пахол пӯшонида, ба болои он дар қабати 20-30см  хок меандозанд.

Вобаста ба маҳсулнокии чорвои ширдеҳ, ба 1л шир 0,5-1,5кг лаблабу ба чорво мехӯронанд. Барои барқарор намудани мутаносибии қанду-сафеда ба ҳамаи дигар намудҳои чорво низ лаблабуро додан мумкин аст, лекин дар як миқдори муайян. Қиммати ғизоии 1 кг лаблабу 0,14 воҳиди хӯрока мебошад.

Читайте также: