Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Дар соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолии кишвар дар майдони 837157 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он ғалладонагиҳо 411581 га, зироатҳои техникӣ 203367 га, картошка 40615 га, сабзавот 59538 га, полизӣ 20296 га, зироатҳои хӯроки чорво 101664 га мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ майдони кишти зироатҳои техникӣ 12718 га, сабзавот 1344 га ва полизӣ 229 га зиёд карда шуд.

Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти зироатҳои кишоварзиро дар майдони 662572 га, аз он ғалладонагиҳо 313332 га, зироатҳои техникӣ 197968 га, картошка 22970 га, сабзавот 31254 га, полизӣ 16907 га ва зироатҳои хӯроки чорво 80050 га гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта кишти зироатҳои техникӣ 12384 га, картошка 579 га, сабзавот 794 га ва полизӣ 125 га зиёд мебошад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд масоҳати кишти пахта ба 173979 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 11421 га ва нисбат ба дурнамои кишт 10500 га зиёд мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 386508 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолии кишвар дурнамои истеҳсоли пахта нисбати соли 2016 барзиёд 101803 тонна ва ҳосилнокӣ ба 22,2 с/га расонида шуд.

Бо мақсади зиёд намудани майдон ва истеҳсоли пахта дар дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2018 кишти пахта дар майдони 187500 га пешбинӣ гардид, ки нисбати соли 2016 24943 га ва нисбат ба соли 2017 13521 га зиёд мебошад.

Бо мақсади иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ҷумҳурӣ 4314 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он 3895 га боғ, 417 га токзор ва 2 га тутзор мебошад. Дурнамои нақшаи иҷрои Барномаи мазкур 106,2% таъмин гардида, аз боғу токзорҳои бунёдгардида 2381 га дар таллу теппаҳои бо нами таъмин бунёд карда шуд. Вазорати кишоварзӣ кӯшиш ба он дорад, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” майдони боғҳои ҷумҳуриро сол ба сол васеъ карда, дар ин замина содироти маҳсулоти боғу токзорро афзоиш диҳад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ масоҳати боғу токзор ба 186634 га расонида шуд, ки аз ин 125839 га ё 67,4%-и он мевадиҳанда мебошад. Аз ин миқдор 93954 га (74,7%) боғ ва 31885 га (25,3%)-ро токзори мевадиҳанда ташкил медиҳад. Дар соли 2017 633341 тонна меваҷот истеҳсол карда шуд, ки 228303 тонна ангур, 132868 тонна себ ва 130315 тонна зардолу мебошад. Ҳосилнокии миёнаи боғу токзорҳои мевадиҳанда дар ҷумҳурӣ ба 50,3 с/га баробар гардида, ҳосилнокии миёнаи дарахтони мевадиҳанда ба 43,1 с/га ва ҳосилнокии токзор ба 71,6 с/га баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 9,9 ва 7,4 с/га зиёд мебошад.

Бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 79770 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гузарониданд, ки аз он 15452 га лӯбиёгиҳо, 14396 га ҷуворимакка барои дон, 8058 га шолӣ, 210 га картошка, 8724 га сабзавот, 3375 га полизӣ, 2448 га зироатҳои техникӣ ва 31663,5 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Кишти такрорӣ нисбат ба дурнамо 107,1 % иҷро гардида, нисбати соли гузашта 1468 га зиёд мебошад.

Читайте также: