Парвариши зироатҳои лубиёгӣ

Мардуми тоҷик аз қадимулайём лӯбиё ва мошро дар қатори дигар маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар таъом истеъмол мекунад.  Аз қатори зироатҳои лӯбиёгӣ лӯбиё ва мош яке аз зироатҳои пурқимматтарини хӯрокӣ ба хисоб мераванд. Умуман, дони ин зироатҳоро дар дигар давлатҳо дар шакли тару тоза ҳам истеъмол мекунанд, лекин дар ҷумҳурии мо асосан ба таври ҷӯшонидашуда ва консервакардашуда истеъмол мекунанд. Вобаста ба навъ, шароит ва агротехникаи парвариш, дони лӯбиё дар таркибаш 25-35% сафеда,  то 3,6% ҷарбҳо ва 50-60% крахмал дорад.

Дар заминҳои обии Тоҷикистон асосан ду намуди зироатҳои лӯбиёгиро парвариш мекунанд: лӯбиёи оддӣ ва мош (лӯбиёи осиёгӣ). Лӯбиё ва мош растаниҳои яксолаи алафӣ буда, пояҳояшон ростистода, нимпечида ва печида мешаванд. Ранги пояҳояшон асосан сабз ва бунавш мешаванд. Пояи мош бо мӯякчаҳо пӯшонида шуда, қадаш ба 65-70 см мерасад. Пояи лӯбиёи оддӣ бошад: буттамонандаш 40-50 см ва печандааш то 3-4 м шуданаш мумкин аст.

Дони лӯбиёи оддӣ ҳачмаш ҳар хела буда, рангаш сафед, сиёҳ ва ҷигариранг мешавад. Вазни 1000 донааш 250-500 граммро ташкил медиҳад. Ҳаҷми дони мош нисбат ба дони лӯбиё хурд буда, рангаш сабз ё сабзи баланд мешавад. Вазни 1000 донааш вобаста ба навъ ва шароити парвариш аз 30 то 80 грамм мешавад ва решаи он тирреша буда, нағз инкишоф меёбад.

Хусусияти биологии лӯбиё ва мош

Лӯбиё ва мош растаниҳои гармидӯст ва рӯшноидӯст буда, ба рӯзи давомнокиаш кӯтоҳ мувофиқ мебошанд. Лӯбиё дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ ҳавои хушкро бисёр вазнин мегузаронад. Мош бошад, нисбат ба лӯбиё ба хушкӣ ва гармӣ тобовартар аст.

Тухмии лӯбиё дар ҳарорати 9-10°С ба сабзидан сар мекунад ва барои пурра неш зада баромадани онҳо ҳарорати 12-14°С мувофиқтар мебошад.

Хунукиҳои баҳории 0-5°С ба нешзадаҳои лӯбиё ва мош зарар мерасонанд. Ҳарорати 2-3°С дар тирамоҳ барои растаниҳо марговар мебошад.

Давраи гулкунии лӯбиё 40-45 рӯз идома меёбад. Лӯбиё зироати худгардолудкунанда буда, то кушодашавии гулҳо гардолуд мешавад, лекин ба воситаи ҳашаротҳо ҳам гардолуд шуданаш мумкин аст. Дар Тоҷикстон сабаби асосии партофтани гулҳо дар лубиё ин хушк омадани ҳаво, норасогии намӣ дар таркиби хок ва вазидани гармселҳо ба ҳисоб меравад.  Лӯбиё ба намии хок талаботи зиёд дорад ва аз ҳама давраи серталабтарин ба намӣ ин давраи гулкунии он ба ҳисоб меравад. Лӯбиё ва мош дар хокҳои вазнин, заминҳои оби зеризаминиашон баланд ва шӯр хуб нашъунамо намекунанд ва ин сабаби камҳосилии он мегардад.

Вобаста ба навъ ва шароити парвариш, давраи нашъунамои лӯбиёи пешпазак 80-90 рӯз ва миёнапазак бошад, 100-110 рӯзро ташкил медиҳад.

Давраи нашъунамои мош кӯтоҳмуддат буда, ба 70-100 рӯз баробар аст. Аз сабаби кӯтоҳмуддат будани нашъунамо, ба гармӣ ва хушкӣ тобовар будани мош онро асосан  дар кишти такрорӣ баъди дарави ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ истифода бурдан мумкин аст.

Дар Тоҷикистон асосан навъҳои маҳалии лӯбиёро кишт мекунанд, ки лӯбиёи печанда буда, қадаш то ба 2-3 м мерасад. Ин навъи лӯбиё дар кишти якҷоя бо ҷуворимакка бисёр мувофиқ ба ҳисоб меравад.

Навъҳои лубиёи Олтин, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон ноҳиябандӣ шудааст ва навъҳои “Белосеменная” ва “Фрунзенская”, ки дар Ҷумҳурии Кирғизистон ноҳиябандӣ шудаанд дар шароити Тоҷикистон ҳам бисёр хуб нашъунамо ёфта, аҳамияти хуби истеҳсолӣ доранд.

Навъҳои маъмултарини мош дар ҷумҳурӣ ин навъҳои “Тоҷикӣ I” ва “Тоҷикӣ II”, ки соли 1975 ноҳиябандӣ карда шудаанд, мебошанд.

Ниҳоли мош ин растании бутааш ҷамъ буда, қадаш ба 50-70 см мерасад. Вазни 1000 донааш 40-43 граммро ташкил медиҳад. Навъҳои маъмултарини мош ин навъҳои миёнапазак буда, давраи нашъунамояшон 92-105 рӯзро ташкил медиҳад. Яке аз хусусиятҳои хуби ниҳоли мош ин ба хобравӣ устувор буда, ғилофакаш намекафад ва донаш намерезад.

Аҳамияти истеҳсолии зироатҳои лӯбиёгӣ

Зироатҳои донагии лубиёгӣ ба оилаи лубиёгиҳо таалуқ доранд, ки онҳо дорои аҳамияти зиёди хӯрокӣ, техникӣ ва хӯроки чорво мебошанд. Зироатҳои лӯбиёгӣ дар таркиби донашон миқдори зиёди сафеда ва аминокислотаҳои барои организми одам ва чорво зарур доранд. Инчунин, таркиби донашон аз чарбҳо ва витаминҳои А1, В1, В2, С, Д, Е бой аст.

Нақшаи 1. Таркиби кимёвии дони лӮбиё ва нахӮд

Зироат Сафеда % Крахмал % Чарбҳо %
Лӯбиё 17-32 50-60 0,7-3,6
Нахӯд 18,5-29,7 47-60 4-7,2

Дони зироатҳои лӯбиёгӣ манбаи пурқиммати маҳсулоти хоми саноати хӯрокворӣ буда, аз вай маҳсулотҳои консервакардашуда, орд, маҳсулоти қаннодӣ, маҳлулҳои хӯрокӣ ва хӯроки чорво тайёр мекунанд. Зироатҳои лӯбиёгӣ хусусияти табобатӣ низ доранд. Онҳоро барои табобати касалии қанд, касалиҳои ҷигар ва гурда истифода бурдан мумкин аст. Зироатҳои лӯбиёгиро инчунин барои хӯроки чорво парвариш мекунанд, ки ин барои чорво хӯроки серғизои аз сафеда бой ҳисоб шуда, маҳсулнокии чорворо зиёд мекунанд.

Яке аз хусусиятҳои хуби зироатҳои лӯбиёгӣ ин бой намудани таркиби хок аз нитроген ба ҳисоб меравад. Бинобар ин зироатҳои лӯбиёгӣ дар киштгардони бисёр зироатҳои саҳроии пешинакишти беҳтарин ба ҳисоб мераванд.

 

Усулҳои асосии парвариши лӯбиё ва мош

Барои он, ки лӯбиё ба касалиҳои махсуси фузариоз ва антракноз гирифтор нашавад, онро такроран дар ҳамон як майдон фақат баъди 4- 5 сол шинондан мумкин аст.

Барои лӯбиё ҷуворимакка, ҷугорӣ ва гандуми тирамоҳи пешинакишти хуб мебошанд, ки баъди ин зироатҳо лӯбиё ҳосили хуб медиҳад. Дар шароити Тоҷикистон мошро асосан дар кишти такрорӣ баъди зироатҳои ҷав, гандум, картошка ва дигар зироатҳое, ки ҳосилашон барвақт пухта мерасад кишт мекунанд.

Лӯбиё ба истифодаи нуриҳо бисёр ҳасос аст. Бо андохтани 10-15 тонн пору ва 50 кг фосфор ба 1 га замин пеш аз шудгори асосӣ ҳосилнокиашро хело зиёд мекунад.

Гарчанде лӯбиё зироати нитрогенҷамъкунанда ҳам бошад, лекин дар давраи аввали нашъунамо то пайдо шудани бактерияҳои нитрогенҷаъмкунанда ниҳолҳои нешзада ба истифодаи нурии азотӣ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми кишт ё гузаронидани  култиватсияи якум, ки дар шароити заминҳои хурди наздиҳавлигӣ пеш каланду мулоим кардани замин аз ҳисоби 25-30 кг ба як гетар нуриҳои азотиро истифода бурдан мумкин аст, инчунин истифодбарии 300-400 кг хокистар дар як гектар барои баландбардории ҳосилнокӣ кӯмак мерасонад.

Ҳангоми  ба майдони кишт андохтани 50-60 кг\га суперфосфат ҳосилнокии лӯбиёро баланд кунад.

Коркарди заминро барои кишти лӯбиё дар тирамоҳ дар чуқурии 25-30 см бо испорҳои пешпочадор (плуг с предплужником) бо пурра чаппа кардани қабати хок гузаронидан лозим аст.

Баҳорон баъди расиши хок заминро бо ду қатор сихмола  ду маротиба нарм кардан лозим аст. Сихмолакунии пеш аз кишт намиро дар хок нигоҳ дошта, алафҳои бегонаро нест мекунад. Дар водии Вахш ва Суғд аз сабаби боришоти кам яхобмонӣ ва оби намиҷамъкунанда тавсия карда мешавад.

Дар заминҳое, ки мош ҳамчун зироати такрорӣ кишт карда мешавад, баъди ҷамъоварии ҳосили якум заминро об монда, баъди расидани хок онро дар чуқурии 28-30 см шудгор мекунанд. Шудгорро якҷоя бо сихмолакунӣ мегузаронанд. Ҳангоми кишт тухмиҳоеро истифода бурдан лозим аст, ки тозагиашон на камтар аз 98% ва қобилияти нешзаниашон на камтар аз 90% бошад.

Ба кишти лӯбиё вақте шурӯъ мекунанд, ки ҳарорати гармии қабати зерихоккунии тухмӣ ба 12-14°С расад. Кишти такрории мош бояд то 30-юми июн ба анҷом расонида шавад.

Методи асосии кишти лубиё — паҳнбар, масофаи байни қаторҳо 45-60 см мебошад. Навъҳои тухммайдаи лӯбиё дар як гектар 70-80 кг корида шуда, навъҳои тухмкалонаш бошад 100-120 кг дар як гектар корида мешавад.

Мошро бошад ба таври байни қаторҳо 45 см ё ба тарзи лентагӣ дуқатора бо нақшаи 15-45-15 см мекоранд. Меъёри кишти моши тухммайда 16-18 кг/га.

Бо сабаби он, ки лӯбиё тухмпалаашро ҳангоми баромадан ба берун мебарорад тухмӣ бояд дар чуқурии на зиёдтар аз 4-5 см зери хок карда шавад. Кишти тухмиро бо тухмипошакҳои СПЧ-6, СПЧ-6М ва СУПН-8 мегузаронанд. Инчунин барои кишт тухмипошакҳои пахта ва сабзавотиро истифода бурдан мумкин аст.

Дар ҳолати кишт кардани он дар заминҳои наздихавлигӣ, ҷӯякҳоро тайёр намуда, киштро дастӣ мегузаронанд.

Нигоҳубини лӯбиё баъди баромадан асосан аз тоза кардани алафҳои бегона, нигоҳдории намии хок, бо озуқа таъмин кардани зироатҳо, дар ҳолати нарму ковок нигоҳ доштани хок ва муҳофизати растаниҳо аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон иборат мебошад.

Дар давраи нашъунамо байни қаторҳои лӯбиё 2-3 маротиба бо култиваторҳои КРН-2,8 ё КРН 4,2 нарм карда мешавад.

Нармкунии якум дар чуқурии 10-12 см гузаронида шуда, нармкуниҳои (култиватсияи) навбати бошад, дар чуқурии 7-8 см гузаронида мешавад.

Ҳангоми кишт дар заминҳои наздиҳавлигӣ коркарди байни қаторҳои (нармкунӣ, нест кардани алафҳои бегона) зироатҳои лӯбиёгӣ дастӣ гузаронида мешавад.

Обмонии босифати саривақтӣ ҳосилнокии лӯбиёро баланд бардошта, сифати донро хуб мекунад. Аз давраи гулкунӣ сар карда, то пухтани ҳосил лӯбиё ба об талаботи зиёд дорад. Дар ин давра намии хок бояд аз 70-75 % кам нашавад.

Вобаста ба шароити иқлим, хок ва талаботи растаниҳо дар давраи нашъунамо ба кишти  лӯбиё аз 4 то 6 маротиба бо меъёри 600-650 м³/га об медиҳанд. Вобаста ба талабот оби якумро баъди 10-15 рӯзи баромадан, оби дуюмро пеш аз муғчабарории гул, оби сеюмро ҳангоми саршавии гулкунӣ ва обмонии боқимондаро ҳангоми гулкунӣ ва ҳосилбандӣ медиҳанд.

Аз ҳашарот ба кишти лӯбиё асосан канаҳо, ширинчаҳо, гамбӯсакҳо ва бинидарозакҳо зарар мерасонанд.

Бар зидди ин ҳашарот заҳрдоруи БИ 58-и НАВ-ро ба миқдори 0,5-0,9 л/га истифода бурдан мумкин аст.

Аз касалиҳо бошад, ба кишти лӯбиё касалии антракноз ва фузариоз зарари ҷиддӣ мерасонанд.

Зангазанӣ бошад, асосан ба баргу пояи лӯбиё зарар мерасонад.Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди касалиҳо – ин истифодабарии тухмиҳои хушсифат ва навъҳои ба касалиҳо тобовар мебошад.

Вақти ғунучинии ҳосили лӯбиё аз рӯи зардшавии ғилофакҳо муайян карда мешавад. Мош бошад, ранги ғилофакҳояш тағир меёбад ва донаҳояш дар ғилфакҳо сахт мешаванд. Агар мо давраи ғунучинии ҳосилро андаке дер кунем, ғилофакҳо кафида, дон мерезад, ки ин боиси кам шудани ҳосил мегардад.

Баъди ғунучин, ҳосил тоза карда шуда хушконда мешавад. Намии донҳо бояд аз 14-15% зиёд набошанд.

Кишти омехта ва якҷояи лӯбиё ва ҷуворимакка

Кишти омехта ва якҷояи лӯбиё дар бисёр мамлакатҳо ва аз ҷумла Осиёи Марказӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Кишти омехтаи навъҳои буттагии лӯбиёро ба таври қаторӣ, паи ҳам як қатор ҷуворимакка ва як қатор лӯбиё мешинонанд.

Кишти якҷояи навъҳои печандаи лӯбиё ва чуворимаккаро ба тарзи чоркунҷаи лонагӣ (дар як лона тухмиҳои ҷуворимакка ва лубиёро якҷоя) мекоранд.

Барои кишти якҷоя 30-40 кг тухмии лубиё лозим аст. Аз ин хел киштҳои якҷоя илова ба ҳосили дони ҷуворимакка то 8-10 сентнер аз як гектар ҳосили лӯбиёро ҳам чамъоварӣ намудан мумкин аст.

Читайте также: