Тайёр кардани ниҳоли сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳо

Коркарди хок  пеш аз кишт

Барои ба вуҷуд овардани тартиби мусоиди об ҳаво ва ғизогирии зироат ба усулҳои коркарди хок, аз алафҳои бегона тоза кардани майдонҳо диққати махсус дода, барои дар хок захира шудану нигоҳ доштани намнокӣ шароит фароҳам овардан зарур аст. Ба коркарди хок барои сабзавоткорӣ аз тирамоҳ, дарҳол баъди ҷамъоварии ҳосили зироати пешина сар кардан лозим.

Моҳи ноябр-аввали декабр заминро бо плуги (сипор) пешплугдор ба чуқурии 28-30см шудгори тирамоҳӣ гузаронидан лозим аст. Агар чуқурии шудгор боз ҳам чуқуртар бошад, самарааш зиёд мегардад.

Дар вақти пайдо гаштани зарурат ба сохтани гармхона, он вақт хоки даруни он вобаста аз намию хушкӣ ва ҳолати ҳамонрӯзаи гармхона коркард мешавад.

Хуб мешуд, агар тирамоҳ ё аввали зимистон баъд аз боридани 1 ё 2 борон ва ё барф гармхона бо плёнкаи полителенӣ пӯшонида шавад.

 

Ба майдони кишти сабзавот андохтани нуриҳо ва пору

Аз сабаби ба моддаҳои ғизоии хок серталаб будани сабзавот ба майдонҳои сабзавоткорӣ андохтани нурӣ яке аз шартҳои фаровонҳосилӣ мебошад.

Сабзавот аз хок, дар давраҳои сабзиш ва инкишоф нобаробар, моддаҳои ғизоӣ мегирад. Чунончи, карам муддати дароз аз хок моддаи ғизоӣ – хусусан азотро мегирад. Ба помидор ва бодаринг, назар ба карам дар мӯҳлати дертар моддаҳои ғизоӣ лозим аст. Сабзавоти барвақтӣ нисбат ба зироати миёнапаз барвақтар ва нисбатан ба муддати  кӯтоҳ ба нуриҳо серталаб аст.

Муносибати сабзавот ба таносуби моддаҳои ғизоии хок мухталиф аст. Масалан: карам – азотро, бехмеваҳо – калийро ва помидор – фосфорро бештар талаб мекунад

Пору ,моддаҳои пӯсида, ахлоти мурғ ва компост ба сифати нурии органикӣ истифода карда мешавад. Пору бештар самарабахш буда,тадриҷан пӯсида,сохти хоку об, гардиши ҳаворо беҳтар ва микдори гази ангидриди карбонро зиёд мегардонад. Сабзавоти мухталиф ба поруи нав ҳар хел талаб дорад: бодаринг ва карами барвақтӣ, нағз месабзанд. Хуб мебуд, агар сабзӣ, пиёз, помидор, шалғам ва карами барвақтӣ баъди як соли андохтани поруи нав дар замин парвариш карда шаванд.Зеро дар ҳолати поруи нав андохтан, меваи ин сабзавот, сершох, пук, дермепазад ва ҳосил кам мешавад.

Ба ҳар як гектар вобаста ба ҳосилхезии хок ва захираи он 20-50 тонна пору меандозанд. Поруи пӯсидаро ба ҳар як гектари ҳар намуд сабзавот 15-20 тонна истифода намудан лозим аст.

Ба таври содда: яъне дар заминҳои наздиҳавлигӣ, ки масоҳати он баробар ба 0,10 га (10 сотиқ) аст, аз 2 то 5 тонна поруи нав ва аз 1,5 то 2 тонна поруи пӯсида андохтан лозим аст.

Меъёри ба кишти сабзавот андохтани нуриҳои минералӣ, дар хокҳои хокистарранг кг/га, аз рӯи маълумоти тавсияшуда   

Зироат Ҳосилс/га Р2 О2  кг К2 Окг
Помидор 280 – 300 180 – 200 140 – 150 90 – 100
Бодаринг 150 – 200 150 – 200  150 – 200 50 – 75
Карам 250 – 300 150 – 200 100 – 150 75 – 100
Сабзӣ 150 – 200 120 – 150 80 – 100 40 – 50
Пиёз 220 200 150 60

 

Дар хоки марғзори, меъёри истифодаи азотро  30-40 кг/га кам кардан мумкин аст.

 

Интихоби  навъҳо ва дурагаҳои наве, ки дар гармхона истифода бурда мешаванд

Имрӯз бозор бо навъҳои гуногуни помидор ва бодиринг фаровон аст, аммо ҳар як навъи он хусусияти худро дорад. Агар баъзе навъҳо ҳосилнокии баланддошта бошанд, навъи дигарашон барои аз ҷое ба ҷое интиқол додан, хеле хубанд. Агар баъзе навъҳо ба бемориҳо муқовимати сахтдошта бошанд, навъи дигарашон дороихусусияти хубӣ таъмианд.

Ҳосилнокии баланд аз интихоби хушсифати тухмӣ, донистани усулҳои пешқадами парвариши кучат, ҳосилнокии замин, истифодабарии чораҳои зарурии ҳифзи зироат аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон вобастааст.

Дар шароити имрӯза тухмиҳое, ки дар минтақаи Хатлон истифода мешаванд инҳоянд:

Помидор: навъи Факел, Валверин, Ҷина, Содиқ, Шарлотта, Новичок, Белла, Элпида ва ғайра.

Бодиринг: Орзу, Суперина, Сафа, Беназир, Экспоза, Ҳамада, Супеосупирина, Ҳамада.

 

Тайёр намудани тухмӣ барои кишт

Барои рӯёнидани ҳосили фаровони сабзавот,  коштани тухмиҳои навъҳои хушсифат аҳамияти калон дорад, ки дараҷаи тозагии навъҳо, неш зада баромадан, энергияи сабзиш ва бакороии онҳоро муайян мекунад.Тухмӣ бояд аз ифлосиҳо, тухмии дигар зироатҳо, тухмиҳои шикастагӣ тоза бошад.

Нешзании тухмӣ ба тозагии навъ, калонӣ, пухтагӣ ва соли он вобаста аст. Тухмӣ, энергияи сабзишаш баланд,барвақт саросар неш зада мебарояд.

Сифати нешзании тухмӣ ба усули нигоҳ доштан ва ба коштан тайёр кардани он вобаста аст.Барои таъмини сифати тухмии кошташаванда, онро дар бино, дар ҳарорати 15-18 Со ва 60-70% намӣ нигоҳ доштан лозим аст.

Барои таъмини баланди нешзании тухмӣ ва сифатнок гардонидани он, роҳи таркунӣ, нешзанонӣ, гармкунӣ, дорупошӣ, рӯйкашкунӣ ва дигар воситаҳо истифода бурда мешавад.  Барои тезонидани саросар нешзада баромадан, тухмиро тар кардан лозим аст.

Муддати таркунӣ мухталифаст:

  1. Барои тухмии сабзӣ, пиёз, помидор, лаблабу 48-соат;
  2. Барои тухмии бодиринг, карам, шалам, 12-соат ва дар як шабонарӯз обро 2-3 маротиба иваз мекунанд.

Барои тухмиҳои ин зироатҳо ҳарорати об набояд аз 12-15° кам бошад.

Барои аз касалиҳо эмин доштан ва натиҷаи хуби нашъунамои ниҳолҳоро ба даст овардан, тухмиро бо микриэлементҳо кор карда баромадан ба мақсад мувофиқ аст.

Нуриҳоеро,ки микроэлемент доранд, дар об дар ҳарорати 18-200С ҳал мекунанд ва  тухмиро дар маҳлул 12-24 соат нигоҳ медоранд ва баъдан тухмиро аз об гирифта дар матои пахтагин дар муддати 4-5 шабонарӯз печонида дар ҳарорати аз 20 — 25 0С то нешзадан нигоҳдошта баъдан тухмиро ба замини тайёркардашуда дар гармхонаҳо мекоранд.

 

Усулҳои кишти тухмӣ

Мавсими кишт дар гармхонаҳо хелебарвақт оғоз мегардад: тухмиҳои помидори барвақтиро аз 15-январто 15-феврал, помидори бевақтиро бошад, аз 1 то 15 март мекоранд. Намнокӣ дар гармхонаҳо бояд ба қадри зарурӣ бошад, чунки то нешзадании тухмиҳо ба онҳо об додан мумкин нест. Ҳарорати об барои обёрӣ, ки пеш аз кишти тухмӣ гузаронида мешавад, бояд 20-250С бошад. Ҳарорати аз ин баландтари об метавонад ба тухмиҳо зарар расонад.

Усулҳои гуногуни кишти тухмӣ мавҷуданд. Масалан, баъзеи деҳқонон тухмиҳои хушсифат ва қимматро як донагӣ мекоранд. Барои ин аз рекаи махсус истифода бурда мешавад (бо нишона дар ҳар 2,0-2,5 см, 3,0-3,5 см). Дар баробари ҳар якнишона дар чуқурии 1-2 см-и тухмиро мешинонанд. Дар гармхонаҳои масоҳаташон калон тухмиҳоро бо қум омехта карда, ба воситаи ғалбер мекоранд.

Баъди анҷоми кишт ба рӯи он як қабат поруро бо ғафсии 1-2 см мепӯшонанд. Бо полиэтилен пӯшонидани гармхона имкони нигоҳдории гармӣ ва намнокиро медиҳад.

Вақте тухмиҳо неш зада баромаданд, он гоҳ полиэтиненро  аз рӯи тухмиҳо мегиранд. То ин вақт гармхонаро набояд шамол дод.

Дар 1 грамм тухмӣаз 250 то 300 дона тухмии помидор вобаста ба навъи он мавҷуд аст. Дар 1 м2 8-10 г тухмӣ, яъне 2500-3000 дона тухмӣ кишт карда мешавад.

 

Озуқадиҳӣ ва нигоҳубини кучатҳо дар гармхона

Тухминавъҳои помидори барвақтиро дар даҳаи якуми моҳи январ, дар парвардахонаҳои гармкардашаванда кишт намуда, то зоҳир гаштани майсаҳо ҳарорати наздик ба 24-26 0С-ронигоҳ медоранд.

Кучаткунии ниҳолҳоро пас аз 25-30 рӯзи баъди кишт, вақте дар растаниҳо барги якуми ҳақиқӣ намудор мегардад, оғоз мекунанд.  Рӯзона дар ҳавои офтобӣ ҳароратро 23-25 0С, шабона 15-18 0С нигоҳ медоранд.

Пас аз он, ки растаниҳо хуб реша мебароранд, ғизои якум ва баъди 12-15 рӯз ғизодиҳии дуюмро мегузаронанд. Дар як сатил об 30-гр селитра, 50-гр суперфосфат ва 20-гр хлориди калийи  меандозанд. Кучатҳоро то пайдо гаштани гул дар гунчаи якум парвариш мекунанд. Кучат бояд боқуват, на он кадар баланд, бо ранги сабзи баланд  буда, танхо сохиби пояи гафс ва бандинахои кутох бошад.

 

Роҳҳои гарм кардани гармхона

Асосан гармхонаҳои  кучатпарварии мардуми вилояти Хатлон гармхонаҳои рӯизаминӣ мебошанд. Барои гарм намудан ва гармиро нигоҳ доштани гармхона, дар дохили он гармхонаи иловагӣ сохта мешавад, печкаҳо (бухориҳо) дар даруни гармхонаҳои иловагӣ ҷойгир карда мешавад. Барои гарм намудани гармхона  ҳезум ва кумур (ангишт) истифода мебаранд.