Моҳипарварӣ

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар соли 2017

Дар соли ҷорӣ барои ба роҳ мондани парвариши моҳии хушзот бо гузаронидани маъракаи наслгирӣ дар ҶСК “Моҳии тоҷик”-и ноҳияи Б. Ғафуров ва ҶСК “Парваришгоҳи моҳии хушзот”-и ноҳияи А. Ҷомӣ 3 намуди кирминамоҳичаҳои хушзот ба миқдори 15 млн истеҳсол гардида, аз Федератсияи Россия 4 намуд кирминамоҳичаҳои хушзот ба миқдори 7,5 млн ворид карда шуда, парвариши он дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба роҳ монда шуд. Чораҳои андешида дар соҳа имкон дод, ки истеҳсоли моҳии молӣ нисбат ба соли гузашта 17 тонна зиёд гардад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.07.2008 №306 «Дар бораи Барномаи  рушди соҳаи  моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2015»

Бояд зикр кард, ки то қабули Барнома дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати  1500 гектар  фаъолият намуда, дар онҳо 225 тонна моҳии молӣ истеҳсол  карда мешуд. Амалишавии Барнома барои зиёд гардидани шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли моҳии молӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар натиҷаи амалишавии Барнома шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 150 адад расид, ки масоҳати умумии онҳо 6918 гектар ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 2903 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла  соли 2012 20 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 19 гектар ташкил гардида фаъолият доранд.

4Мутобиқи маълумотҳои оморӣ соли 2012 хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 1113 тонна моҳии молӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2011 270 тонна зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори зикргардида барои амалишавии  Барнома ҳамасола аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо намудани маблағи муайян пешбини гардидааст. Соли 2012 бо ин мақсад 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки тавассути Озмуни харид ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ ба миқдори 250 адад турҳои моҳидорӣ харидори ва ворид карда шуд.

Аз рӯи дархост ва имкониятҳои мавҷуда аз ин миқдор 190 адад ба ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум, 25 адад ба хоҷагии давлатии «Норак-Бойғозӣ»-и шаҳри Норак ва 35 адад ба Ассотсиатсияи моҳипарварони ВМКБ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон тариқи Озмуни харид ба маблағи 205 ҳазор сомонӣ аз ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 372700 дона моҳичаҳои хушзот харидори карда шуд. Аз ин миқдор 148 ҳазор дона ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ тақсим карда шуда, боқимонда 224700 дона бо сабаби фарорасии фасли зимистон то моҳҳои апрел-май ҳамчун фонди захиравӣ нигоҳ дошта мешаванд.

5Қобили зикр аст, ки муташаккилона гузаронидани маъракаи инкубатсия ва истеҳсоли кирминамоҳиҳо асоси такрористеҳсолкунӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ 22 миллион, аз ҷумла дар ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 9 миллион ва ҶСК «Парваришгоҳи моҳиҳои хушзот»-и ноҳияи А.Ҷомӣ 13 миллион кирминамоҳиҳо истеҳсол карда шудааст.

Дар доираи амалишавии Барнома дар хоҷагии давлатии моҳипарварии «Норак-Бойғозӣ»-и шаҳри Норак усули нави парвариши моҳӣ бо технологияи ҳозиразамон барои парвариши гулмоҳӣ дар қафас ташкил карда шуд.

Мутобиқи нақша-чорабиниҳои амалишавии Барнома барои ташкили парваришгоҳи моҳии хушзот дар ноҳияи Зафаробод супориш дода шудааст. Вале бо сабаби ҷудо нагардидани замин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин масъала то ҳол ҳаллу фасл нагардидааст.

6Дар ноҳияи Рудакӣ соҳибкорони маҳаллӣ бо инвесторони Ҷумҳурии исломии Эрон хоҷагии гулмоҳипарварӣ таъсис доданд. Хоҷагии мазкур бо технологияи нави моҳичатавлидкунӣ ва парвариши гулмоҳӣ таҷҳизонида шудааст. Чунин хоҷагӣ дар дараи Ромит бо иқтидори 150 тонна моҳии молӣ дар як сол таъсис дода шуд. Хоҷагии мазкур дар ш. Душанбе рӯзҳои пеш аз иди Қурбон намоиш-фурӯши гулмоҳиро ташкил намуда барои кам намудани нархи ин намуди пурқиммати моҳӣ саҳмгузор гардид. Ҳоло нархи гулмоҳӣ дар борзорҳои шаҳр аз 70 сомонӣ ба 35 сомонӣ паст гардидааст.

Дар маҷмӯъ айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 5 адад хоҷагиҳои гулмоҳипарварӣ бо технологияи замонавии парвариши гулмоҳӣ фаъолият менамояд.

Соли 2012 бо мақсади ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ барои амалишавии Барнома лоиҳаи бизнес — нақша ба маблағи 30 миллион доллари амрикои таҳия гардида ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Барои тоза намудани хуни моҳиҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда дар давраи солҳои охир берун аз марзи ҷумҳурӣ 5 намуди моҳиҳо, аз ҷумла гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ, пешонипаҳми сафеду ало ва амури сафеду сиёҳ ворид карда шуда, парвариш ёфта истодаанд.

Умуман ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 – технология замонавии парвариши гулмоҳӣ амал менамояд. Технологияҳои мазкур бо ҷалби мутахасисони Эронӣ аз Амрико, Олмон ва Эрон ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ба истеъмолкунандагон дастрас намудани маҳсулоти моҳӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки дар соли 2012 дар бозору мағозаҳои шаҳри Душанбе шумораи нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти моҳӣ зиёд гардид. Дар бозорҳои «Фаровон», «Сарҳадчиён», «Маҳаллаи 33», «Қарияи Боло», назди ИАҶ ва маҳаллаи 82 аз тарафи КВД «Моҳии Тоҷикистон» мағозаҳои сайёри (аквариум) фурӯши моҳии зинда ташкил карда шудааст. Чунин мағоза аз тарафи ҶДММ «Гулмоҳӣ»-и ноҳияи Рудакӣ дар маҳаллаи «Комбинати гушт» амал мекунад. Аз тарафи соҳибкорон бо мувофиқа бо КВД «Моҳии Тоҷикистон» дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Сафариён» ва «Сомониён» нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти моҳӣ ташкил карда шудаанд.

7Соли 2012 дар ҶСК «Суғд Моҳӣ» сехи тайёр намудани моҳиҳои дудкардашуда пурра ба кор даромад ва инчунин дар хоҷагии моҳипарварии «ҲАҚ»-и н. Б.Ғафуров сохтмони чунин сех  оғоз гардида,  соли 2013 ба истифода дода мешавад.

Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли хурокаи омехта  аз тарафи ҶДММ «Гулмоҳӣ»-и н.Рудакӣ ва ҶДММ «Форел»-и ш. Ваҳдат масъалаи  харидории сехҳои истеҳсоли хурока аз Ҷумҳурии  Голландия баррасӣ гардида истодааст.

Барои ба танзим даровардани соҳа соли 2012 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ» таҳия ва пешниҳод карда шуд, ки он санаи 15.11.2012, таҳти №656 қабул гардид.