Ахбори хафтаинаи кишоварзӣ

Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Оғози  ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, баҳри оқилона истифода намудани замин ва аз як замин рӯёнидани ду ҳосил, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи фармоиши мазкур ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ Сатторӣ И. таъсис дода шуд. Инчунин Сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки барои сари вақт ҷамъовари намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва дар муҳлати муайяншуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ситодҳо таъсис дода, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва кишти такрорӣ баҳри кумак ба кишоварзон аз истифодаи техникаҳои ғалладарав, мошинҳои ғаллатозакунӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, анборҳои ғалланигоҳдорӣ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Айни ҳол дарави зироатҳои ғалладонагиҳо дар вилояти Хатлон оғоз гардида, муташаккилона идома дорад.

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 01.06.2018 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 185826 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11848 га зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор пурра сабзида баромадааст ва чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрӯзҳо майдони 46766 гектари он дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 83770 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 50634 га дар ҳолати 5-6 барга ва майдони 3154 дар ҳолати шонабандӣ қарор дорад. Инчунин, дар майдони 190728 га коркарди байни қаторҳо, дар майдони 155693 га ягонакунӣ ва дар майдони 102487 га озуқадиҳӣ гузаронида шуда, майдони 72936 га бо оби нашъунамо (вегетатсионӣ) таъмин карда шудааст.

Кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад

Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 01.06.2018 дар майдони 115048 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 110%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 01.06.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони 16995 га кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуд, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар майдони 18391 га кишти зироатҳои полизӣ ба нақша гирифта шуда, то санаи 01.06.2018 дар майдони 15637 га кишт гузарониданд, ки 85%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145 га зиёд мебошад.

Инчунин дурнамои кишти зироатҳои хӯроки чорво 20760 га дар назар дошта шуда, бинобар сабаби камбориш омадани фасли тирамоҳу зимистон кишоварзон тавонистан то санаи 01.06.2018 дар майдони 26009 га кишти ин гуна зироатҳоро ба роҳ мондаанд, ки 125%-и дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1705 га зиёд мебошад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Соли ҷорӣ кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,60 га, бодиринг 14,04 га, ва дигар сабзавотҳо 15,56 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 01.06.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 767,1 тонна помидор, 412,7 тонна бодиринг ва 449,6 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 1629,4 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.

 

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 01.06.2018 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 104037 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 90825 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 1103 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 67 техника ва таҷҳизотҳои дорупошӣ, дастгоҳи аэрозолӣ ва 623 дорупошаки дастию моторӣ исифода гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо техникаву мошинолотҳои муосир кори мутахассисони соҳаро бениҳоят осон намуда, ба онҳо имкон фароҳам овард, то мавзеҳои муайянгаштаи малахро саривақт муайян намуда, коркарди онро ба роҳ монанд. Ҳамин боис гаштааст, зироатҳои кишоварзӣ саривақт аз малах эъмин нигоҳдошташуда, ҳосилнокиашон хуб мебошад.

Айни замон мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

Рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати коршоямӣ ва дастрасии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 01.05.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 26590 таракторҳои гуногунтамға мавҷуд мебошад, ки барои саривақт ба анҷом расонии корҳои саҳроӣ мусоидат менамоянд.

Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 900 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 301 трактор, 146 ядаки тракторӣ, 46 тойбанд-тагрезчин, 193 испорҳои тракторӣ, 24 картошкашинонак, 18 картошкаканак, 16 тухмипошаки пахта, 63 дорупошаки тракторӣ, 10 коҳҷамкунак, 14 коҳмайдакунак, 6 пиёзчинак, 10 заминҳамворкунак, 4 нурипошак, 1 дости тракторӣ, 3 култиватори пахта, 3 кулухмайдакунак ва инчунин 42 адад техникаҳои ёрирасони кишоварзӣ аз он 23 экскаватор ва 19 адад техникаи борбардор ворид карда шудааст. Барои таъмин намудани кишоварзон бо мошинолотҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 81 Маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор дар вилояти Хатлон 35, вилояти Суғд 25, ВМКБ 8 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 то фаъолият доранд.

Ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти бозорҳо бо маҳсулоти ғизоӣ ва нигоҳ доштани нарху навои маҳсулоти аввалияи рузмараи мардум дар моҳи шарифи рамазон ҷиҳати иҷрои қарори маҷлиси Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, аз 06.02.2018, №945 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20.02.2018, №113 «Дар бораи ташкили намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018», дар бозорҳо ва маконҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бозори «Меҳргон», бозори «Саховат», майдончаи назди бозори «Карияи боло»-КВД «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», ва бозори «Ховарон» аз 10 то 15.05.2018 ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки дар он зиёда аз 370 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатани 25-30% арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд. Вазорат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ ин иқдоми некро идома дода, барои таъмини амнияти озуқавори ва нигоҳ доштани нарху наво дар Чумҳурӣ саҳми худро гузорад.

Корҳои тозаву ободгардонӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Санаи 02.06.2018 дар қатори дигар корхонаҳову мақомотҳои дахлдор Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ корҳои тозагиву ободгардониро дар ҳудуд ва дохили бино вусъат бахшид.

Дар ин чорабинии оммавӣ кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштироки фаъолона дошта, дар ободу зебо гардонидани атрофи бинои он ва инчунин утоқҳои корӣ саҳм гузоштанд. Кормандон гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳои бегона тоза намуда, зери дарахтон ва гулҳои гуногуни ороиширо нарм карданд. Инчунин каналу роҳравҳоро аз партов тоза намуда, ҷойҳои фарсударо таъмир намуданд.

Ин иқдом дар кулли корхонаҳои зертобеи вазорат амалӣ гардида, аз натиҷааш ба дастгоҳи марказӣ маълумот пешниҳод гардид.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин шанбегиҳо ин боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизу маҳбубамон мебошад.

Читайте также: