Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Оғози ҷамъоварии ҳосили пахта

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аграрӣ, дар миқёси Осиёи миёна ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати истеҳсоли пахта ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Шурӯъ аз охирҳои моҳи августи соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахтаро оғоз намуда, азм доранд, ки аз боду ҳавои мусоиди фасли тирамоҳро самаранок истифода бурда, майдони 185817 гектар пахтазорро пеш аз мӯҳлат саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то санаи 18.09.2018 59413 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 16,2 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Яке аз аввалинҳо шуда ҷамъоварии ҳосили пахтаро вилояти Хатлон оғоз намуда, аз аввали мавсим то имрӯз 45759 (18,3%) тонна, вилояти Суғд 12404 (12,5 %) тонна ва НТҶ 1250 (1,8%) тонна тиллои сафед ба хирмани давлат супориданд.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дошта, кишоварзон иҷроиши нақшаро ба 94% расониданд. Соли ҷорӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 282489 гектарро ташкил дода, то санаи 14.09.2018 майдони 264780 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъовардашуда 677202 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳо мавҷуд буда, қисме аз онҳо айни замон мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Ҳосилнокии сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилникии зироатҳои кишоварзӣ фаровон гардад. То санаи 14.09.2018 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 32554 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5316 тонна зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 846764 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 177307 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар га 265,3 сентнер буда, нисбати ҳосилнокии соли гузашта 21,7 с/га зиёд мебошад.

Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот, ки 846764 тоннаро ташкил медиҳад: 435142 тонна пиёз, 33560 тонна карам, 151351 тонна помидор, 85600 тонна сабзӣ, 68887 тонна бодиринг ва 72224 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ намуда, пешкаши  харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 14.09.2018 ба миқдори 148986 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16906 тонна зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар ВМКБ 1025 тонна, вилояти Суғд 71784 тонна, вилояти Хатлон 59774 тонна ва НТҶ 16403 тоннаро ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 14.09.2018 дар ҷумҳурӣ 38624 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4266 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 14.09.2018 дар ҷумҳурӣ майдони 15195 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 291545 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91844 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 14.09.2018 дар вилояти Хатлон аз майдони 6459 га 122981 тонна, вилояти Суғд аз майдони 5592 га 105349 тонна ва НТҶ бошад аз майдони 3000 га 60259 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосилнокии полизиҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 16600,1 га кишти полизиҳо гузаронида шуд, ки то санаи 14.09.2018 майдони 15286 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 364342 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он ба 238,4 сентнер мерасад

Читайте также: