Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани, самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад.
                                                                                                                                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

Давраи сабзиши ниҳолҳои пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 18.05.2018 дар майдони 185257 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11279 га зиёд мебошад.
Дар натиҷаи риояи дурусти корҳои агротехникӣ ва мусоид омадани обу ҳавои фасли баҳор давраҳои афзоиш ва нашъунамои ниҳолҳои пахта оғоз гардида, то ба 5-6 барга расидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ғизодиҳии давраи аввал оғоз гардида, он бо сурат идома дорад.
Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки имсол низ агратехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳ монда, чун соли қаблӣ аз он ҳосили баланд ба даст биёранд.
Маъракаи кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад
Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 18.05.2018 дар майдони 109767 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 105%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 18.05.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8205 га зиёд мебошад.
Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар майдони 18391 га кишти зироатҳои полизӣ ба нақша гирифта шуда, то санаи 18.05.2018 дар майдони 15114 га кишт гузарониданд, ки 82%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 391 га зиёд мебошад.
Инчунин дурнамои кишти зироатҳои хӯроки чорво 20760 га дар назар дошта шуда, бинобар сабаби камбориш омадани фасли тирамоҳу зимистон кишоварзон тавонистан то санаи 18.05.2018 дар майдони 24237 га кишти ин гуна зироатҳоро ба роҳ мондаанд, ки 1,2м%-и дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1969 га зиёд мебошад.
Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо
Соли ҷорӣ кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,60 га, бодиринг 14,04 га, ва дигар сабзавотҳо 15,56 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 18.05.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 751,7 тонна помидор, 397,0 тонна бодиринг ва 442,4 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 1591,1 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.
Бунёди боғу токзор

bogh, hisorБаҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.
Мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 18.05.2018 дар майдони 2533 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 77,8%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 2374 га (84,6%) буда, майдонҳои токзор бошад 164 га (36,6%)- ро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 1144 га 97,7%, Суғд 645 га 256%, ВМКБ 53 га 81,5% ва НТҶ 691 га 39,1%-ро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.
Рушди соҳаи чорводорӣ
Чун ҳамасола шурӯъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад. Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 18.05.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 323466 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 96,9%-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5983 сар зиёд мебошад.
Имрӯзҳо наслгирӣ аз чорвои майда дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, яке аз аввалинҳо шуда, чорводорони вилояти Хатлон тавонистанд 175090 сар яъне 103,7%-и иҷроиши дурнаморо таъмин намоянд. Айни ҳол наслгирӣ аз чорвои майда дар вилояти Суғд 75471 сар 94,2%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 67675 сар 89,6% ва ВМКБ бошад 5230 сар 57,0%-ро ташкил медиҳад.

 

Читайте также: