Аҳбор ҳафтаинаи кишоварзӣ

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида ҳосилнокии он меафзояд.

Имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истоданд.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то санаи 19.11.2018 306469 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 85,4%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Аз аввали мавсим то имрӯз яке аз пешсафҳо шуда, дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро кишоварзони ноҳияҳои Ашт 133,9  Зафаробод 119,1%   Данғара 117,7%, Конибодом 109,4%, Б.Ғафуров 108,9%,  Бохтар 108,7%, Ҷ Расулов105,9% Леваканд 105,2 Кушониён 100,9% Хуросон 95,1% Н.Хусрав 86,0%, ва расонидаанд, ки барои ба ҳадаф расидан як иқдоми нек аст.

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, кишоварзони вилояти Хатлон аз аввали мавсим то имрӯз 189408 (75,7%) тонна, вилояти Суғд 106340 (85,4%) тонна ва НТҶ 10721 (123,3%) тонна тиллои сафед ба хирмани давлат супориданд.

 Кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ

 Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзӣ бо суръат идома дошта, то санаи 19.11.2018 майдони 99775 га кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Аз ҳисоби кишти умумии зироатҳо дар ҷумҳурӣ майдони 89835 га кишти ғалладонагиҳо аз ҷумла майдони 80534 га гандум ва 9301 гектарро ҷав ташкил медиҳад.

Инчунин дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 9930га кишти сабзавоти барвақтӣ, аз он 7468га пиёзи барвақтӣ 1321 га сабзии барвақтӣ, 498 га карами барвақтӣ 643 га дигар намуди сабзавотҳои барвақтӣ гузаронида шуд.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ситоди корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Ҳосилнокии сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилникии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулоти он фаровон гардад. То санаи 19.11.2018 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 38900 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7891 тонна зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 1045692 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 246157 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар га 268,8 сентнер буда, нисбати ҳосилнокии соли гузашта 12,2 с/га зиёд мебошад.

Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот, ки 1045692 тоннаро ташкил медиҳад: 512644 тонна пиёз, 37506 тонна карам, 184725 тонна помидор, 115053 тонна сабзӣ, 75310 тонна бодиринг ва 120454тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ намуда, пешкаши харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 19.11.2018 ба миқдори 219949 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашт

а 52436 тонна зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар ВМКБ 5204 тонна, вилояти Суғд 91979 тонна, вилояти Хатлон 75967 тонна ва НТҶ 46452 тоннаро ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 19.11.2018 дар ҷумҳурӣ 112553 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он вилояти Суғд 37354 тонна, вилояти Хатлон 27167, ва НТҶ 48032 тонна ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 19.11.2018 дар ҷумҳурӣ майдони 31009 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат соли гузашта 8784 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 634748 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 178969 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 19.11.2018 дар вилояти Хатлон аз майдони 6623 га 116083 тонна, вилояти Суғд аз майдони 13530 га 277200 тонна ва НТҶ бошад аз майдони 9080 га 208695 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

 

 

Читайте также: