Дастоварди соҳа дар тӯли ҳафта

Тоҷикистони мо асосан кишвари аграрист ва зиндагиву рӯзгори мардуми он аз бисёр ҷаҳат ба соҳаи кишоварзӣ вобаста аст.

                                                                                        Эмомалӣ Раҳмон

Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 98,0% иҷро шуд.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида, ҳосилнокии он меафзояд.

Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 187500 га дар назар дошта шудааст. Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро то санаи 30.04.2018 ба 183797 га расониданд, ки 98,0%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17880 га зиёд мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз кишт барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода буд. Имрӯзҳо маъракаи кишти пахта дар сар то сари кишвар бо суръат идома дошта дар арафаи анҷомёби аст.

Яке аз аввалинҳо шуда, вилояти Хатлон иҷроиши дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ 100% иҷро намуд, ки аз малакаи кордонӣ ва меҳнати софдилонаи онҳо дарак медиҳад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки имсол низ агратехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳ монда, чун соли қаблӣ аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

 Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

 Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони умумии гармхонаҳо ба 76,9 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,44 га, бодиринг 16,50 га ва дигар сабзавотҳо 15,68 га кишт намоянду аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 27.04.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 649,7 тонна помидор, 372,4 тонна бодиринг ва 419,1 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 1441,2 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.

 

Маъракаи кишти баҳории зироатҳо идома дорад

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 27.04.2018 дар майдони 93524 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 89,0%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2250 га зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 27.04.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10972 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102%-и иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15377 га зиёд мебошад.

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 27.04.2018 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 68882 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 45776 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 663 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардида, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 29 трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 505 дорупошаки дастию моторӣ исифода гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки майдони паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 24265 га, вилояти Суғд 579 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3925 гектарро ташкил медиҳад, ки мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

 

 

Читайте также: