Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Мо метавонем танҳо тавассути мунтазам амалӣ кардани як силсила тадбирҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову боир, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши замин, ба амалияи доимӣ табдил додани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, рушди соҳаи тухмипарварӣ ва дигар тадбирҳои агротехникӣ афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда, сатҳи вобастагии бозори дохилиро аз маводи ғизоии воридотӣ сол ба сол паст гардонем.

                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили ғалла бо суръат идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо оғоз гардида, он бо суръат идома дорад. Соли ҷорӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 271594 гектарро ташкил дода, то санаи 08.06.2018 майдони 23057 гектари он даравида шудааст, ки ҳосили умумии ҷамъоварии ғалладонагиҳо 70354 тоннаро ташкил

медиҳад.

Дар рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 230 адади он айни замон мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили якуми зироатҳои кишоварзӣ ба кишти дуюми такрорӣ оғоз намуданд.

Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 77322 гектарро ташкил дода, то санаи 08.06.2018 дар майдони 13596 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8928 га зиёд буда, 17,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 6948 га-ро ташкил медиҳад аз он 4777 га ҷуворимакка барои дон, 537 га кишти шолӣ, 1634 га кишти дигар ғалладонагиҳо ва инчунин, дар майдони 575 га сабзавот, 656 га полезиҳо, 538 га кишти зироатҳои техникӣ ва 4879 га кишти хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст, ки кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 08.06.2018 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 185826 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11848 га зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор пурра сабзида баромада, дар он чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрӯзҳо майдони 17893 га дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 48989 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 80261 га дар ҳолати 5-6 барга ва майдони 38500 дар ҳолати шонабандӣ қарор дорад. Инчунин, дар майдони 275283 га яъне 1,4 маротиба коркарди байни қаторҳо, дар майдони 178587 га ягонакунӣ ва дар майдони 158349 га озуқадиҳӣ гузаронида шуда, майдони 134827 га бо оби нашъунамо (вегетатсионӣ) таъмин карда шудааст.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Соли ҷорӣ кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,60 га, бодиринг 14,04 га, ва дигар сабзавотҳо 15,56 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 08.06.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 827,9 тонна помидор, 443,5 тонна бодиринг ва 455,8 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 1727,2 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 08.06.2018 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 104037 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 95168 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 449 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 20 техника ва таҷҳизотҳои дорупошӣ, дастгоҳи аэрозолӣ ва 368 дорупошаки дастию моторӣ истифода гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо техникаву мошинолотҳои муосир кори мутахассисони соҳаро бениҳоят осон намуда, ба онҳо имкон фароҳам овард, то мавзеҳои муайянгаштаи малахро саривақт муайян намуда, коркарди онро ба роҳ монанд. Ҳамин боис гаштааст, зироатҳои кишоварзӣ саривақт аз малах эъмин нигоҳдошташуда, ҳосилнокиашон хуб мебошад.

Айни замон мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Чун ҳамасола шурӯъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 01.06.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 329620 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 98,8%-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1431 сар зиёд мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда дар вилояти Хатлон 175439 сар ё 103,9%, дар вилояти Суғд 80785 сар ё 100,9%, дар ВМКБ 4625 сар ё 50,4% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68771 сар ё 58,4%-ро ташкил дод.

Читайте также: