Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои дар шароити истиқлолоият баамаломада ба хубӣ сарфаҳм рафта, ба вазъияти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ баҳои дуруст медиҳад ва дар баробари ин эҳсоси гарми фатандўстӣ ва масъулият дорад, қодир аст, ки дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад.

                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҷамъоварии ҳосили ғалла бо суръат идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрўзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо бо суръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 271594 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 14.06.2018 майдони 39271 гектарро даравида, 135812 тонна ҳосили умумии онро ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35342 га зиёд мебошад.

Айни ҳол дар рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 269 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба кишти такрорӣ оғоз намуданд.

Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 77322 гектарро ташкил дода, то санаи 14.06.2018 дар майдони 17866 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13198 га зиёд буда, 23,1%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 9363 га-ро ташкил медиҳад аз он 6118 га ҷуворимакка барои дон, 948 га кишти шолӣ, 2297 га кишти дигар ғалладонагиҳо ва инчунин, дар майдони 868 га сабзавот, 830 га полезиҳо, 773 га кишти зироатҳои техникӣ ва 6035 га кишти хўроки чорво ба роҳ монда шудааст, ки кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 14.06.2018 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 186906 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12928 га зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор пурра сабзида баромада, дар он корҳои агротехникӣ мувофиқи талабот хуб ба роҳ монда шудааст.

Имрўзҳо майдони 4245 га дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 37329 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 83510 га дар ҳолати 5-6 барга, майдони 58614 дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 3000 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад. Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 360788 га яъне 2 маротиба коркарди байни қаторҳо, ягонакунӣ ва дар майдони 186619 га озуқадиҳӣ гузаронида, майдони 164221 гектарро бо оби нашъунамо (вегетатсионӣ) таъмин намуданд.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 31689 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 14.06.2018 дар ҷумҳурӣ майдони 3462 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 77429 тоннаро ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1635 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як га 223,7 сентнериро ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 14.06.2018 дар вилояти Хатлон аз майдони 3244 га 73579 тонна, Суғд аз майдони 50 га 850 тонна ва дар НТҶ бошад аз майдони 168 га 3000 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Читайте также: