Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ майдони кишти ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 282489 гектарро ташкил дода, то санаи 24.08.2018 майдони 247540 гектари он ҷамоварӣ карда шудааст, ки ҳосили умумии ҷамовардашуда 638422 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 473 адади он айни замон мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Нақшаи кишти такрории зироатҳои

кишоварзӣ 103,8% иҷро гардид

Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани фасли тобистон самаранок истифода бурда, иҷроиши дурнамои кишти такрориро ба 103,8% расониданд, ки барои фаровон гардидани маҳсулотҳои кишоварзӣ як заминаи хуб мебошад. Дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, ки 77322 гектарро ташкил медиҳад, кишоварзон тавонистанд то санаи 24.08.2018 кишти такрории зироатҳои кишоварзиро дар майдони 80264 га гузаронанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2128 га зиёд мебошад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 30069 гектарро ташкил медиҳад, аз он 14212 га кишти ҷуворимакка барои дон, 5647 га кишти шолӣ ва 10210 га дигар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Инчунин, дар майдони 93 га кишти картошка, 8847 га кишти сабзавот, 3462 га кишти полизиҳо, 2676 га кишти зироатҳои техникӣ ва 35117 га кишти зироатҳои хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст.

Ҳосилнокии сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилникии зироатҳои кишоварзӣ фаровон гардад. То санаи 24.08.2018 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 28134 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4748 тонна зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 746281 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 176626 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар га 265,3 сентнер буда, нисбати ҳосилнокии соли гузашта 21,7 с/га зиёд мебошад.

Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот, ки 746281 тоннаро ташкил медиҳад: 390825 тонна пиёз, 29771 тонна карам, 130745 тонна помидор, 75908 тонна сабзӣ, 62578 тонна бодиринг ва 56454 тонна дигар сабзавот ҷамъоварӣ намуда, пешкаши  харидорон гардониданд.

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 24.08.2018 ба миқдори 130550 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26643 тонна зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар ВМКБ 615 тонна, вилояти Суғд 65905 тонна, вилояти Хатлон 50378 тонна ва НТҶ 13652 тоннаро ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 24.08.2018 дар ҷумҳурӣ 12834 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3855 тонна зиёд мебошад.

Ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.02.2018, №945 ва қарори Раиси ш.Душанбе аз 20.02.2018 №113 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2018» Инчунин бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе ҷиҳати нигоҳ доштани болоравии нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалияи мардум дар арафаи Иди Қурбон бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бозори «Меҳргон», бозори «Саховат», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозори «Ховарон» аз 15 то 20.08.2018 ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 170 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, тарбуз, харбуза, орд, равған, биринҷ, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд.

Читайте также: