Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Бо шарофати сулҳу суббот ва иродаи матин мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву ичтимоӣ ва фарҳагиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аграрӣ, дар миқёси Осиёи миёна ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати истеҳсоли пахта ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истодаанд.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим то санаи 22.10.2018 2376798 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 56,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Аз аввали мавсим то имрӯз яке аз пешсафҳо шуда, дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро кишоварзони ноҳияҳои Бохтар 97,9%, Леваканд 92,2%, Данғара 82,2%, Ашт 83,7%, Конибодом 77,3%, Б.Ғафуров 70,2%, Ҷ.Расулов 66,0%, Зафаробот 64,3%, Н.Хусрав 65,5%, Кушониён 64,8% ва Хуросон 61,1% расонидаанд, ки барои ба ҳадаф расидан як иқдоми нек аст.

Ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ бомаром идома дошта, кишоварзони вилояти Хатлон аз аввали мавсим то имрӯз 143858 (52,3%) тонна, вилояти Суғд 86089 (66,9%) тонна ва НТҶ 7751 (47%) тонна тиллои сафед ба хирмани давлат супориданд.

 Кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ

 Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дошта, то санаи 19.10.2018 майдони 28200 га кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд.

Аз ҳисоби кишти умумии зироатҳо дар ҷумҳурӣ майдони 21038 га кишти ғалладонагиҳо аз ҷумла майдони 20574 га гандум ва 464 гектарро ҷав ташкил медиҳад.

Инчунин дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 951 га кишти сабзавоти барвақтӣ, 306 га карами барвақтӣ 367 га дигар намуди сабзавотҳои барвақтӣ гузаронида шуд.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисону олимони соҳа дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Ҳосилнокии сабзавот сол аз сол меафзояд

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрӯзҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулоти он фаровон гардад. То санаи 19.10.2018 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 37422 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7080 тонна зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 993596 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 234508 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар га 265,5 сентнер буда, нисбати ҳосилнокии соли гузашта 15,3 с/га зиёд мебошад.

Имрӯзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавот, ки 993596 тоннаро ташкил медиҳад: 500037 тонна пиёз, 35004 тонна карам, 175801 тонна помидор, 111575 тонна сабзӣ, 74860 тонна бодиринг ва 96319 тонна дигар намуди сабзавот ҷамъоварӣ намуда, пешкаши харидорон гардониданд.

 

Истеҳсоли меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 19.10.2018 ба миқдори 190211 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36035 тонна зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварданд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар ВМКБ 4250 тонна, вилояти Суғд 89430 тонна, вилояти Хатлон 71471 тонна ва НТҶ 25060 тоннаро ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 19.10.2018 дар ҷумҳурӣ 78636 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он вилояти Суғд 37330 тонна, вилояти Хатлон 25374, ва НТҶ 15932 тонна ташкил дод.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32226 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 19.10.2018 дар ҷумҳурӣ майдони 26895 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 6795 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 525135 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122417 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 19.10.2018 дар вилояти Хатлон аз майдони 6623 га 116083 тонна, вилояти Суғд аз майдони 11198 га 217344 тонна ва НТҶ бошад аз майдони 7669 га 164343 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

 

Читайте также: