Ҳафт манораи зироатҳои полизӣ

Санаи 1.09.2016 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Наврӯзгоҳи пойхахт» баҳри болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт манора иборат аз зироатҳои полизӣ; харбуза тарбуз ва каду омода карда шуд.

DSC01442Манораи калонтарин асосан аз 6 метр баландӣ дошта дар он навъҳои гуногун ва беҳтарини харбуза бо тартиби муайян гузошта шудааст. Инчунин манораҳои тарбуз ва каду низ аз навъҳои гуногун омода гардидааст. Тамошои манораҳо муддати 15 рӯз идома ёфта, меҳмонону сокинони ҷумҳурӣ метавонанд аз он баҳрабардорӣ намоянд.

Читайте также: