Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Оғози наслгирӣ аз чорвои майда

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварии вазорат имсол дурнамои наслгирӣ аз чорвои майда 316221 сарро ташкил медиҳад То санаи 10.03.2016 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ 131680 сар насл гирифта шудааст, ки баробари 41, 6 фоизи дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5063 сар зиёд мебошад. Инчунин, ба 100 сар чорвои майда 39 сарӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 сарӣ зиёд мебошад.

Айни замон, чорводорони вилояти Хатлон 101085 сар (63, 7%), вилояти Суғд 14222 сар (17,9 фоиз), ВМКБ 863 сар (9,9 фоиз) ва ноҳияҳои тобеи марказ 15510 сар, (22,4 фоиз) аз чорвои майда насл гирифтаанд. Наслгирии чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад.

Шудгори замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 605520 гектар шудгор гузаронида мешавад. То таърихи 11.03.2016 дар ҷумҳурӣ, майдони 553867 гектар шудгори заминҳо гузаронида шудааст, ки баробари 91,5 фоизи дурнамо буда, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14088 гектар зиёд мебошад.

Дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон майдони 297945 гектар, вилояти Суғд 208259 гектар, ВМКБ 7904 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91412 гектарро ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилояти Хатлон дар ин самт фаъолияти пурсамар нишон дода, аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода мебаранд, ки дар натиҷа то санаи мазкур майдони 292621 гектар (98,2%)-ро шудгор намудаанд. Деҳқонони вилояти Суғд низ меҳнати зарбдор намуда, то санаи 11.03.2016 дар майдони 181139 гектар (87,0%) шудгор гузарониданд. Инчунин, то ба имрӯз дар вилояти ВМКБ дар майдони 4883 гектар (61,8%) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 75224 гектар (82,3%) шудгори заминҳо гузаронида шудааст.

 

Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 11.03.2016 дар ҷумҳурӣ майдони 190198 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 4583 гектар зиёд мебошад. То санаи зикргардида, деҳқонони ҷумҳурӣ дар майдони 57731 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузоронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30745 гектар зиёд аст.

Дар ҷумҳурӣ то таърихи 11.03.2015 майдони 162627 гектар ғизодиҳии ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 112006 гектар, дар вилояти Суғд 37208 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 13413 гектар ғизодиҳии ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.

То ба имрӯз, дар ҷумҳурӣ дар майдони 4818 гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта майдони 665 гектар зиёд мебошад. Дар маъракаи кишти картошка деҳқонони вилояти Хатлон пешсаф буда, дар майдони 3166 гектар кишт гузаронидаанд. Кишти картошка дар вилояти Суғд 440 гектар ва ноҳияҳои тобеи марказ 1192 гектарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 11.03.2016 дар ҷумҳурӣ дар майдони 15331 гектар сабзавот кишт карда шудааст, ки аз он майдони 13105 гектарро кишти сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Ин нишондод баробари 53 фоизи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2475 гектар зиёд аст. Аз майдони умумии кишти сабзавот 458 гектар карам, 1945 гектар сабзӣ, 11869 гектар пиёз ва майдони 1027 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад.

 

Ҷамъоварии сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 11.03.2016 дар гармхонаҳои доимӣ аз ҳисоби кишти умумӣ 139,1 тонна помидор, 92,7 тонна бодиринг ва 134,4 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудаст.

Деҳқонони вилояти Хатлон то санаи мазкур аз гармхонаҳои доимии дар вилоят фаъолияткунанда, ба миқдори 154,7 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки аз он 53,3 тонна помидор, 35,2 тонна бодиринг ва 66,2 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти мазкур деҳқонони ноҳияи Ёвон пешсаф буда, то ба имрӯз 35, 0 тонна помидор, 10,0 тонна бодиринг ва 22,0 тонна дигар сабзавотҳоро истеҳсол намудаанд.

Дар вилояти Суғд кишоварзон аз гармхонаҳои доимии дар вилоят амалкунанда, ба миқдори 152,4 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, аз ҷумла 38,3 тонна помидор, 56,0 тонна бодиринг ва 58,1 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар вилояти мазкур деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ пешсаф буда, то ба имрӯз 16,1 тонна помидор ва 1,4 тонна бодиринг истеҳсол намудаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳияҳои тобеи марказ аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ноҳия деҳқонон то санаи 11.03.2015 ҳамагӣ ба миқдори 59,7 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд, ки аз он 48,1 тонна помидор, 1,5 тонна бодиринг ва 10,1 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ин маърака деҳқонони ноҳияи Рӯдакӣ пешсаф буда, то ба имрӯз 30,0 тонна помидор ва 3,5 тонна дигар сабзавотҳоро ҷамъоварӣ намудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки имсол дар гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ дар майдони 63,24 гектар кишти сабзавотҳо гузаронида шудааст.

Читайте также: