Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Дарави майдони ғалла аз нисф гузашт

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ соли ҷорӣ то санаи 11.07.2016 майдони 180416 гектар зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёдонагиҳо даравида шудааст, ки 58,7 фоизи майдони умумии киштро ташкил медиҳад.

То санаи номбаршуда ҳосили умумии ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда дар ҷумҳурӣ 529803 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93245 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии миёнаи ғалладонагиҳои ҷамъоваришуда ба 31,4 с\га баробар гардидааст.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 260 адад комбайнҳои ғалладарав мавриди истифода қарор гирифтанд.

            Кишти такрорӣ тақвиятбахши амнияти озуқаворӣ

Тибқи нақша бояд соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 74029 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад. Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 11.07.2016 дар ҷумҳурӣ дар майдони 63048 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки баробари 85,2 фоизи нақша буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4176 гектар зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти такрорӣ 28481 гектар кишти ғалладонагиҳо  гузаронида шудааст, ки аз он 13449 гектар ҷуворимакка барои дон, 5644 гектар шолӣ, 9388 гектар дигар ғалладонагиҳо, 89 гектар картошка, 5087 гектар сабзавот, 2790 гектар полизӣ, 2463 гектар зироатҳои техникӣ ва 24138 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Истеҳсоли мева заминаи ташаккули содирот

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили мева муташаккилона идома дорад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 11.07.2016 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ 62837 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 46963 тонна зиёд мебошад.

Инчунин дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур низ имдома дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 891 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 232 тонна зиёд мебошад.

То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 18479 тонна, ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2058 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бинобар сабаби номусоид омадани обу ҳаво дар вилояти Суғд ба истеҳсоли мева дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонида, дар ҳамин давра, ҳамагӣ 890 тонна мева ҷамъоварӣ гардида буд. Имсол бошад дар натиҷаи хуб омадани нишондодҳои иқлимӣ, меҳнати самараноки кишоварзони вилоят ва мусоид омадани обу ҳаво, истеҳсоли мева афзун гардид. То санаи 11.07.2016 дар вилоят 42300 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашт 41410 тонна зиёд мебошад.

Ин боис гардид, ки иқтидори содирот ба хориҷи кишвар дар 6-моҳи соли 2016 аз ҷумла меваи тару тоза ба  6538 тонна ва меваи хушк ба 15223 тонна баробар гардид.

Техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.07.2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 25637 адад тракторҳо, аз он ҷумла 2347 адад тракторҳои шудгоркунанда, 8288 испорҳои тракторӣ, 8885 ядакҳо, 3244 нармкунанкҳо, 2480 тухмипошакҳо мавҷуданд. Инчунин 996 адад комбайнҳои ғалладарав, 33 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 191 адад комбайнҳои хӯроки човоғундор ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад.

Аз миқдори тракторҳои мавҷуда 3310 адад дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 5495 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 16832 ададаш ба секторҳои хусусӣ мансуб мебошад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 732 адад техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид гардидааст, ки аз он 91 ададашро тракторҳои гуногунтамға ташкил менамоянд.

Инчунин 28 адад комбайнҳои ғалладарав, 17 адад гандумкубакҳо, 1 адад ядакҳои тракторӣ, 31 адад испорҳои тракторӣ, 2 адад тойбан-тагрезчинҳо, 13 адад култиваторҳо, 2 адад картошкашинонакҳо ва дигар техника ва мошинолотҳо ворид карда шудааст.

Рафти ҷамъоварии картошка ва сабзавот

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 22340  гектар кишти картошка гузарониданд. То санаи 11.07.2016 майдони 5020 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 гектар зиёд мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии ҷамъоваришудаи картошка ба 103729 тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14521 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 206,6 сентнериро ташкил додааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 сентнерӣ зиёд аст.

Инчунин дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (феремерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили сабзавотҳо идома дорад. Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 11.07.2016 дар ҷумҳурӣ 402744 тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 27546 тонна зиёд мебошад. Аз ҳисоби ҳосили умумӣ 248003 тонна пиёз, 4011 тонна карам, 4678 тонна помидор, 21643 тонна сабзӣ ва 124409 тоннаро дигар сабзавотҳо ташкил медиҳад.

Ҷамъоварии зироатҳои полизӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 16793 гектар кишти полизиҳо гузаронидаанд, ки айни замон ҷамъоварии ҳосили полизиҳо муташаккилона идома дорад.

То санаи 11.07.2016 майдони 6925 гектар полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1101 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъоваришудаи полизиҳо 151805 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 28129 тонна зиёд аст. Ҳосилнокии он ба 219,2 с/га баробар гардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,6 с/га зиёд аст.

Майдони паҳнгаштаи малах кам гардид

Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 11 .07.2016 майдони умумии паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ 89534 гектарро ташкил дод, ки хати паҳншавии он  дар соли истеҳсолии 2016   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13570 гектар кам мебошад. Аз масоҳати умумии паҳншавии малах дар майдони 56937 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар мубориза зидди малах 586 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардида, 30 адад трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 409 адад дорупошаки дастию моторӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Майдони паҳншавии малах дар вилоятҳои Хатлон 52487 гектар, Суғд 28497 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8550 гектарро ташкил дод. Айни замон, кишоварзони ҷумҳурӣ барои мубориза бар зидди малах аз тамоми воситаю имкониятҳои зарури истифода намуда истодаанд.

 

 

 

Читайте также: