Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Кишти такрорӣ ба 93,7 фоиз расид

Имрӯз кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ мувофиқи нақша ба роҳ монда шуда, кишоварзони мамлакат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда истодаанд. Барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва иловагӣ, кишоварзонро лозим буд, ки тибқи нақша дар майдони 74 029 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монанд. Дар асоси маълумоти фаврӣ, то санаи 18.07.2016, дар ҷумҳурӣ дар майдони 69 363 га кишти такрории зоратҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ба 93,7 %-и нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5626 га зиёд мебошад. Айни замон, имконияти иқлимии минтақаҳои водигии ҷумҳуриамон барои боз ҳам зиёд намудани масоҳати майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд, ки аз ин кишоварзони ҷумҳурӣ самаранок истифода карда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки имсол аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор (то имрӯз 128 %), Н. Хисрав (117 %), Панҷ (113 %), Данғара (106 %), Спитамен (103 %), Ҷ. Расулов (102 %), Дӯстӣ (102 %), Шаҳринав (101 %), Норак (100 %), Шаҳритуз (100 %) маълумот доданд. Дар маҷмӯъ то имрӯз кишоварзони вилояти Хатлон 97,7 %, НТМ 88, % ва вилояти Суғд 86,7 % нақшаи кишти зироатҳои такрориро иҷро намуданд.

Ҳамин тавр, кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 30241 га кишти такрории ғалладонагиҳо, аз ҷумла 13824 га ҷуворимакка барои дон, 5749 га шолӣ ва 10668 га дигар ғалладонагиҳо, инчунин дар майдони 118 га картошка, 6726 га сабзавот, 2973 га полизӣ, 2558 га зироатҳои техникӣ ва 26747 га кишти зироатҳои хӯроки чорворо гузарониданд.

Рафти ҷамъоварии ҳосили ғалла

Имрӯзҳо, дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва лӯбиёгиҳо муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 307 509 га кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст, ки то санаи 18.07.2016 майдони 213 342 га даравида шудааст, ки баробари 69,4 фоизи майдони кишт мебошад. Ҳосили майдони 203 461 га тоза ва ба анборҳо ворид карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015 28707 га зиёд буда, ҳосили умумӣ он 609 299 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосили ба анбор воридшуда, нисбат ба ҳам ин давраи соли гузашта 46972 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 29,9 сентнериро ташкил медиҳад. Дар мавсими ҷамъоварии ғалладонагиҳо 320 адад комбайнҳо ба кор ҷалб карда шудааст.

Давраи афзоиш ва куракбандии ниҳолҳои пахта

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 18.07.2016 дар майдони 162492 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  2873 гектар зиёд мебошад. Дар натиҷаи риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ айни замон, майдони 13700 га дар ҳолати гулкунӣ, майдони 50561 га дар ҳолати аз 1 то 2 курак, майдони 55913 га аз 3 то 4 курак, майдони 31709 га аз 5 то 6 ва майдони 10609 га пахтазор дар ҳолати аз 7 то 8 курак бастан қарор дорад.

Инчунин, пахтакорони ҷумҳурӣ баҳри ба дастовардани ҳосили фаровони пахта корҳои агротехникиро муташаккилона гузаронида истодаанд. То имрӯз, дар майдони 532 017 га (3,2 маротиба) коркарди байни қаторҳо, майдони 334 334 га (3,2 маротиба) озуқадиҳӣ ва майдони 363 544 га (2,2 маротиба) оби нашъунамоӣ майдони кишти пахтазор 2,6 маротиба коркарди байни қаторҳо, 1,5 маротиба озуқадиҳӣ ва 1,6 маротиба бо оби нашъунамо таъмин карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили мева ва ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷамҳурӣ то санаи 18.07.2016 ба миқдори 65780 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 46434 тонна зиёд мебошад

Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дорад. То санаи зикршуда дар ҷумҳурӣ 1144 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 444 тонна зиёд мебошад.

То имрӯз, ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 20430 тонна, вилояти Суғд 43250 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2100 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосили ҷамъоваришудаи мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар вилояти Хатлон 4055 тонна ва дар вилояти Суғд 42360 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии картошка ва сабзавот

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 22340 га кишти картошка гузарониданд. То санаи 18.07.2016 майдони 5382 га ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 662 га зиёд мебошад. То санаи мазкур дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии ҷамъоваришудаи картошка 113 157 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15777 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 210,3 сентнериро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 сентнерӣ зиёд аст.

Ҳамзамон, то санаи 18.07.2016 майдони 16255 га ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9345 га зироатҳои сабзавотӣ зиёд мебошад.

То имрӯз, дар ҷумҳурӣ ҳосили умумии ҷамъовардашудаи сабзавот 418 440 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 284 126 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 257,5 сентнериро ташкил дода, нисбати соли гузашта 62,2 сентнерӣ зиёд аст.

Ҳосили зироатҳои полизӣ фаровон аст

Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 16793 гектар кишти полизиҳо гузаронидаанд, ки айни замон, ҷамъоварии ҳосили он муташаккилона идома дорад.

То санаи 18.07.2016 майдони 7623 га полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 823 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъовардашудаи полизиҳо ба 170389 тонна баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24437 тонна зиёд буда ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 223,5 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии полизиҳо аз ҳар гектар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,1 сентнерӣ зиёд мебошад.

Читайте также: