Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Соҳаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз рушди он вобаста аст.

                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 

Давраи сабзиши ниҳолҳои пахта

 Мувофиқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 11.05.2018 дар майдони 185209 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11231 га зиёд мебошад.

Дар натиҷаи риояи дурусти корҳои агротехникӣ ва мусоид омадани обу ҳавои фасли баҳор давраҳои афзоиш ва нашъунамои ниҳолҳои пахта оғоз гардида, то ба 3-4 барга расидааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ғизодиҳии давраи аввал оғоз гардида, он бо сурат идома дорад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки имсол низ агратехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳ монда, чун соли қаблӣ аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Маъракаи кишти зироатҳои баҳорӣ идома дорад

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 11.05.2018 дар майдони 104950 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 100%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 11.05.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13060 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8048 га зиёд мебошад.

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 11.05.2018 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 88195 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 41758 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 1011 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 73 трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 628 дорупошаки дастию моторӣ исифода гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо техникаву мошинолотҳои муосир  кори мутахассисони соҳаро бениҳоят осон намуда, ба онҳо имкон фароҳам овард, то мавзеҳои муайянгаштаи малахро саривақт муайян намуда, коркарди онро ба роҳ монанд.

Имрӯзҳо майдони паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 61420 га буда, майдони коркарди кимиёвӣ гузаронидашуда бошад 46868 га, дар вилояти Суғд 18274 га майдони коркарди кимиёвӣ гузаронидашуда 13517 га, ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8381 га майдони коркарди кимиёвӣ гузаронидашуда бошад 5765 гектарро ташкил медиҳад.

Айни замон мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.

Мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 11.05.2018 дар майдони 2509 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 77,1%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 2350 га (83,7%) буда, майдонҳои токзор бошад 164 га (36,6%)- ро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 1144 га 97,7%, Суғд 645 га 256% ВМКБ 53 га 81,5% ва НТҶ 664 га 37,8%-ро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.

Читайте также: