Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Ҷамъоварии ҳосили пахта

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани обу ҳавои имсола самаранок истифода намуда, баҳри саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 242423 (69,3%) тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13103 тонна зиёд мебошад. Дар як рӯз бошад ҷамъоварии ҳосили пахта 2568 тоннаро ташкил медиҳад.

Кишоварзони   ноҳияи Сарбанд 109,8 ва шаҳри Қурғонтеппа 106,4 % иҷрои дурнамои пахтаро пурраю барзиёд таъмин намуданд.

Шудгори тирамоҳӣ

2Айни замон, дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ шудгори заминҳо бо суръат идома дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то санаи 24.10.2016 майдони 70895 гектар шудгор карда шудааст, ки 11,8 %-и дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10780 гектар зиёд мебошад. Дар мавсими шудгор 1831 адад тракторҳои шудгоркунанда ба кор ҷалб карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили ғалла

Тибқи маълумотҳои фаврӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 325091 гектар кишти ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо гузаронида шудааст. Майдони 319795 (98%) гектар майдони ғаллазор ва лубиёгиҳо даравида шудааст.

 То санаи 24.10.2016 ҳосили умумии ғалладонагиҳо 852550 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 19631 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии картошка ва сабзавот

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили картошка бо суръат идома дошта, то санаи 24.10.2016 дар ҷумҳурӣ майдони 19820 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1805 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъовардашудаи картошка ба 457737 тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49383 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии миёнаи картошка дар майдонҳои ҷамъоварикардашуда ба 230,9 с/га баробар гардидааст.

Бинобар самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, то санаи 24.10.2016 ҳосили умумии ҷамъоваришудаи сабзавот дар ҷумҳурӣ 703566 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 57679 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар га 246 с/га буда, нисбати ҳосилнокии соли гузашта 5 сентнери дар як гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби ҳосили умумӣ: пиёз 378047 тонна, карам 19800 тонна, помидор  114133 тонна, сабзӣ 69064 тонна ва дигар сабзавотҳо 165309 тоннаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли меваю ангур

Имсол нисбат ба соли гузашта ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ба хусус ангур беҳтар шуд. Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 24.10.2016 кишоварзони ҷумҳурӣ 155332 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосили ҷамъоваригардидаи мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78318 тонна зиёд мебошад. То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 51977 тонна, вилояти Суғд 86200 тонна, НТҶ  13343 тонна ва ВМКБ 3812 тоннаро ташкил дод.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта, айни замон кишоварзон 74880 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки соли 2015 дар ҳамин давра 67416 тонна ҷамъоварӣ гардида буд. Ҳосили имсола нисбати соли гузашта 7464 тонна зиёд мебошад.

Техникаи кишоварзӣ

Бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21.10.2016 дар хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мутахассисони вазорат, намояндагони мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, семинари омӯзишӣ оид ба техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар раванди семинар иштирокчиён оид ба фаъолияти мошинаи пахтачинии 4 қатораи тамғаи ХНП-2,4 истеҳcоли Ҷумҳурии Белорус, ки аз ҷониби КВД “Мадад” ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, дидан намуданд.

Мошинаи пахтачинии ХНП-2,4 аввалин техникае мебошад, ки бо дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ сохта шуда, ба хоҷагии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт.

Соли ҷорӣ аз ҷониби ҶСП “Ҷунтай-Хатлон-Сен Селю” 10 адад мошинаҳои пахтачинии тамғаи “Ҷон-Дир СР-90” истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст ва айни замон мавриди истифода қарор доранд.

Читайте также: