Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

2Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 12.2015, № 793 “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” имрўзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 4063 га боғу токзор бунёд карда мешавад. То санаи 22.05.2017 дар ҷумҳурӣ дар майдони 4159 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки баробари 102,4 фоизи иҷрои дурнамо мебошад.

Кишоварзон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд. То имрўз кишоварзони вилоятҳои Хатлон 1579 ва Суғд 1550 га боғу токзори нав бунёд карданд, ки 135,0 %-и иҷрои дурнамо мебошад. Боғу токзорҳо пурра дар талу теппаҳои бо намӣ таъминбуда бунёд карда шудааст.

Tasviri zamini koridashudaДавраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 22.05.2017 дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 174495 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11938 га зиёд мебошад. Айни замон майдони 163844,5 га пурра сабзида баромадааст ва чорабиниҳои агротехникӣ мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрўзҳо майдони 77477 гектари он дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 38095 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга ва майдони 14270 га дар ҳолати 5-6 барга қарор дорад. Инчунин дар майдони 147820 га коркарди байни қаторҳо, майдони 82050 га ягонакунӣ, майдони 313117 га озуқадиҳӣ гузаронида шуда, дар майдони 111273 га бо оби сабзиш (вегетатсионӣ) таъмин карда шудааст.

55Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавати тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки майдони умумии гармхонаҳои доимамалкунанда тибқи нақша сол аз сол зиёд гардида, ҳосилнокии он дучанд гардад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони умумии гармхонаҳо ба 66 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода бурда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 36 га, бодиринг 12 га ва дигар сабзавотҳо 19 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 22.05.2017 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 643,2 тонна помидор, 293,4 тонна бодиринг ва 308,3 тонна дигар сабзавотҳо, ҷамъ 1245 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.

KishtМаъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 22.05.2017 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 218948 га кишти зиратҳои баҳорӣ гузаронидаанд, ки 86 % иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, то имрўз дар ҷумҳурӣ майдони 113931 га кишти баҳории ғалладонагиҳо гузоронидаанд, ки 89 %-и иҷроиши нақшаро ташкил дод. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар майдони 28824 га сабзавот кишт карда шудааст, ки майдони 12158 гектари онро кишти сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот 851 га карам, 3339 га сабзӣ, 13750 га пиёз ва майдони 4427 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад. Кишти картошка дар майдони 18081 га гузаронида шуд, ки 80 % дурнаморо ташкил медиҳад.

МалахМубориза бар зидди малах

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 19.05.2017 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 80730 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34296 га зиёд мебошад. Аз ин нишондод, дар майдони 55006 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 923 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд ва баҳри мубориза бар зидди малах 30 адад трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 584 дорупошаки дастию моторӣ ва 11 автомашинаи тамғаи Тайота AU8115М мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Барои пешгирии саривақтии паҳншавӣ ва зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби мутахассисони вазорат семинарҳои машваратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи баргузор карда мешавад.

Айни замон, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри мубориза бар зидди малах аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд.

Читайте также: